ҚОНУНИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, № 12, м. 312; с.2002, №4 қ.1, мод. 266) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- сархатҳои якум ва дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо - намуди фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридоту содирот ва нобуд кардан буда, дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад;
- муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо фаъолияти вобаста ба киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, фиристонидан, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот, содирот ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.";
- баъд аз сархати понздаҳум сархатҳои нави 16, 17, 18, 19 ва 20 дорои мазмуни зайл илова карда, сархатҳои оянда мутаносибан сархатҳои 21, 22, 23 ҳисобида шаванд;
- сӯистеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ- ба таври мунтазам қасдан истеъмол намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бе таъиноти духтур;
- соҳиб шудан ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо - харидан, ёфта аз они худ кардан, гирифтан ба ивази дигар ашё ва мол, қарз ё ҳадя ва ба ивази карз додани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин ҷамъ намудани растаниҳои нашъадори худрӯй ё қисмҳои онҳо, ё ин ки боқимондаҳои ҳифзнашавандаи кишти растаниҳои нашъадор баъди ҷамъоварии онҳо ва бо дигар роҳҳо соҳиб шудан;
- фиристонидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо - интиқол додани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ба воситаи почта ва шӯъбаҳои бағоҷ ва ё бо дигар тарз бе иштроки интиқолдиҳанда;
- нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо - ҳама гуна амалиёте, ки бо қасдона ихтиёрдорӣ намудани (бо худ, дар бино, дар пинҳонгоҳ ва дигар ҷойҳо) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманданд;
- ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо -ҳама гуна тарзҳои паҳн намудани (фурӯш, ҳадя, иваз, ба ивази қарз додан, додани қарз ва бо дигар тарз) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо.".
2. Дар номи Боби II баъд аз калимаҳои "доир ба" калимаҳои "намудҳои асосии" илова карда шаванд.
3. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Монополияи давлатӣ доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор. Назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Дар Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилот воситаҳои нашъадор: киштукори растаниҳои нашъадор, таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, тақсимот, воридот ба ҷумҳурӣ ва содирот аз он, инчунин ба нобуд кардан монополияи давлатӣ амал мекунад.
Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ дар асоси иҷозатнома ва дар доираи квотаи давлатӣ сурат мегирад.
Фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор вобаста ба нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, соҳиб шудан ва истифодаи он дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.
Фаъолият дар соҳаи муомилоти моддаҳои психотропӣ дар доираи квотаи давлатӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.
Фаъолият дар соҳаи муомилоти прекурсорҳо дар асоси иҷозатнома сурат мегирад.".
4. Ба қисми дуюми моддаи 5 баъди калимаи "прекурсорҳо" калимаҳои "мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии онҳо" илова карда шавад.
5. Дар қисми сеюми моддаи 7 калимаҳо ва рақамҳои "моддаҳои 25-30, қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 33, моддаи 34" ба калимаҳо ва рақамҳои "моддаи 21, моддаҳои 24-34" иваз карда шаванд.
6. Моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ гардонида мешавад.".
7. Моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 21. Муқаррароти давраи гузариш
Муқаррар карда шавад, ки то ба таъмини пурраи Буҷети давлатӣ гузаштани Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи нафақаи кормандони он мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
29 апрели соли 2006 № 179