Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 № 187 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1997., № 23-24, мод. 350; с. 2003., №8, мод. 458) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти мехнатӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкориро (бе ташкили шахси ҳуқуқӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, мутобиқи Қонуни мазкур бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ қарор гиранд. Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоиро нисбати шахсони зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".

2. Дар моддаи 7:

қисми якуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи суғурта Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Фонд) мебошад.";

- аз қисми якум сархатҳои дуюм, чорум ва шашум хориҷ карда шаванд;

- пас аз калимаҳои "дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун анҷом диҳад".

сархатҳои дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

- "аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи пардохти саҳмҳои суғурта ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кӯмакпулӣ ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд;

- бо тартиби муқарраршуда бақияпулиҳоро аз рӯи саҳми ҳисобкардашудаи муҷозотҳои молиявӣ, пеня ва гирифтани ҷарима аз шахсони мансабдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба суғуртаи иҷтимоӣ вайрон кардаанд, тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рӯёнад:

- фонди захиравӣ ва фонди рушд созмон диҳад;

- маблағи муваққатан озодро ба қоғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкҳо гузорад;

- захираҳои нафақавии шахсоии суғурташударо дар асоси шартномаҳои бо ширкатҳои идоракунанда басташуда тибқи шартҳои диверсификатсия нигоҳ дорад;

- даъво пешниҳод намояд ва ё дигар амалҳои ҳуқуқии барои ҳимояи манфиатҳои Фонд заруриро пешбинӣ намояд;

- дар ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ширкат варзад, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар соҳаи таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоии аҳолӣ омӯзад ва истифода намонд;

- коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз ҷумла хориҷиёнро ба кор ҷалб намояд;

- дар таъсис додани муассисаҳои махсуси молиявие, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоии суғуртавӣ мерасонанд, иштирок кунад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳо дар бораи ҷуброни зиёни (дар шакли пулӣ ва ғайрипулӣ) буҷети Фонд ба тарзи маҷбураи ситонидани маблағи пардохтнашудаи саҳмҳои суғурта ва муҷозотҳои молиявӣ даъвои амволӣ пешниҳод кунад;

- аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо (васоят ва парасторӣ, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ҳуҷҷат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онҳо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафақа ё кӯмакпулӣ тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст (анҷом дода мешавад).";

- қисмҳои якум ва дуюм мутаносибан қисмҳои дуюм ва сеюм ҳисобида шаванд.

3. Ба қисми якуми моддаи 8 сархати дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

- "дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати суғуртакунанда баромад кунад.".

4. Ба моддаи 9 сархати ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

- "иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблағи андӯхти нафақаи ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ,".

5. Моддаи 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 10. Тартиби пардохтҳо аз маблағи ҳисобномаҳои андӯхти инфиродии шаҳрвандон

Муассисаи суғурта пардохтҳоро аз маблағи андӯхти нафака ба шахсони суғурташудае, ки ба синни муқарраргардидаи нафақа расидаанд ва тавассути корфармо ё мустақилона бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун саҳмҳои нафақа (суғурта)-ро ба ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ саривақт пардохт кардаанд, таъин ва таъмин менамояд.

Пардохт дар шаклҳои зайл анҷом дода мешавад:

- муқаррар намудани иловапулии мунтазам (ҳармоҳа) ба нафақаи меҳнатӣ;

- пардохти яквақтаи маблағи андӯхташуда;

- гузаронидани маблағи андӯхташуда ба фонди ғайридавлатии нафақаи интихобкардаи нафақахӯр.

Аз маблағи андӯхти нафақа, ки дар ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда мавҷуд аст, ҳангоми расидан ба синни нафақа иловапулӣ ба нафақа таъин карда мешавад.

Тартиби пардохт ва андозаи иловапулии нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Пардохти яквақтаи маблағи андӯхти инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суғурта ҳангоме амалӣ карда мешавад, ки маблағи умумии андӯхташуда аз меъёре, ки барои таъини иловапулии ҳармоҳаи нафақа баробар ба ҳаҷми 36 - каратаи ҳадди ақалли музди меҳнат. ки аз лаҳзаи бавуҷудоии ҳуқуқ ба иловапулӣ (аз лаҳзаи муроҷиат ба таъини иловапулӣ) муқаррар гардидааст, камтар бошад.

Пардохти яквақта аз ҷониби муассисаи суғурта дар асоси аризаи хаттии шахси суғурташуда ҳангоми расидан ба синни муқарраргардидаи нафақа ва пайдо гардидани ҳуқуқ ба гприфтани иловапулӣ дода мешавад. Пардохт бо роҳи гузаронидани маблағ ба ҳисобномае (пасандозе), ки шахси суғурташуда пешниҳод менамояд, анҷом дода мешавад.

Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағе, ки дар ҳисобномаи захиравии инфиродии шахси суғурташуда мавҷуд аст, дар асоси аризаи хаттии ӯ метавонад ба фонди ғайридавлатии нафақа, ки реквизитҳои онҳоро аризадиҳанда зикр менамояд, гузаронида шавад.

Фонди ғайридавлатии нафақаро (ба истиснои фондхои ғайридавлатии нафакае. ки ба шахсони барои зисти доимӣ ба хориҷа сафаркунанда хизмат мерасонанд ва ҳуқуқ доранд фондн ғайридавлатии нафақаро вобаста ба маҳалли (кишвари) нави зист зикр намоянд) шахси суғурташуда аз ҳисоби фондҳое метавонад интихоб намояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Тартиб ва шарти гузаронидани маблағи андӯхти нафақаро ба фондҳои ғайридавлатии нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар сурати пардохти маблағи андӯхти нафақавӣ мутобики қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи мазкур шахси суғурташуда ҳуқуқи худро барои муқаррар намудани иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ аз маблағе, ки дар ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ мавчуданд, аз даст медиҳад.".

6. Ба Қонун моддаҳои 10 (1) , 10 (2) дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 10 (1). ӯҳдадориҳои суғуртакунанда ва муассисаи суғурта ҷихати ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродӣ

Бо мақсади таъмини ҷамъоварӣ ва нигаҳдошти маълумот оид ба ҳуқуқи нафақавии шахсони суғурташуда, пешбурди ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ муассисаи суғурта ӯҳдадор аст баҳисобгирии инфиродиро дар системаи суғуртаи иҷтимоӣ анҷом диҳад.

Тартиби пешбурди баҳисобгирии инфиродиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Суғуртакунандагон ӯҳдадоранд дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи баъди гузаштани моҳи ҳисоботӣ ба муассисаи суғурта дар хусуси баҳисобгирии инфиродӣ маълумот пешниҳод намоянд, аз ҷумла оид ба:

- андозаи музди меҳнати ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобкардашуда ва маблағи саҳмҳои суғуртаи ҳисобкардашуда (ва пардохтшуда);

- маълумот дар бораи кормандони кирояи нав ба кор қабулгардида ва аз кор озодшуда;

- маълумот дар бораи собиқаи меҳнатӣ, ки ба таъминоти имтиёзноки нафақа ҳуқуқ медиҳад;

- маълумот дар хусуси бақайдгирии инфиродӣ мутобиқи шакли тасдиқнамудаи муассисаи суғурта.

Суғуртакунанда барои сари вақт пешниҳод накардани маълумот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

Моддаи 10 (2). Рақами инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ

Дар системаи суғуртаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахси суғурташуда рақами инфиродии суғурта гузошта мешавад, ки он ҳамзамон рақами ҳисобномаи андӯхти инфиродӣ мебошад.

Зикри рақамҳои инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии суғуртакунанда, муассисаи суғурта ва шахси суғурташуда ҳатмӣ мебошад.

Тартиби гузоштани рақами инфиродии суғуртавӣ ва доираи истифодаи онро ҷиҳати баҳисобгирии инфиродӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.".

7. Дар моддаи 12:

- дар қисми дуюм калимаҳои "музди меҳнат" ба калимаҳои "музди миёнаи меҳнат" иваз карда шаванд;

- қисмҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор ба хона рафтан, аз ҷумла рӯзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳақ дорад.

Кӯмакпулӣ барои корношоямии мувақкатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ мефиристанд.";

- қисмҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум мутаносибан қисмҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум ҳисобида шаванд;

- қисми нӯҳуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад;

"Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба кӯмаклулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблағи кӯмакпулии ба онҳо тааллуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи суғурта пардохта мешавад;".

8. Моддаи 16 (1). дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 16 (1). Таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташуда

Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ ба кӯмакпулие, ки мутобиқи моддаҳои 12, 13, 14 ва 16 Қонуни мазкур дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулии таъингардидаро мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад.

Шахсоне, ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки саҳмҳои суғуртаро корфармоён (суғуртакунандагони онҳо) мутобиқи Қонуни мазкур ва ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандони кишварҳое, ки ин созишномаҳоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи ҳамин шахсон тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андози иҷтимоӣ мустақилона пардохт шуда бошад.".

9. Аз сархати якуми қисми дуюми моддаи 17 калимаҳои "ҳифзи меҳнат" ва аз сархати сеюм калимаҳои "таъминоти хадамоти давлатии шуғл ва рушди заминаҳои моддию техникии он" хориҷ карда шаванд.

10. Дар моддаи 22:

- қисми дуюми моддаи 22 хориҷ карда, қисмҳои сеюм ва чорум мутаносибан қисмҳои дуюм ва сеюм ҳисобида шаванд;

- ба модда қисмҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Маблағи дар буҷети Фонд ҷамъгардида ба ду гурӯҳ тақсим мешавад:

- саҳмҳои суғуртавӣ, маблағи муҷозоти молиявии воридшуда, субвенсияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, даромад ва фоизҳо аз ҷойгиркунии маблағи муваққатан озод ба таркиби буҷети давлатӣ дохилгардида дар буҷети тасдиқгардидаи соли навбатӣ тақсим ва харҷ карда мешаванд;

- маблағе, ки ҳамчун саҳмҳои нафақавӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади шаҳрвандон ворид мегардад ва ба қисми захиравии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дохил мегардад, инчунин фоизҳо ва даромадҳо аз қойгиркунии мувақкатии онҳо дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ намешаванд ва дар шакли захираи нафақавии давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Дар буҷети Фонд барои соли навбатии молиявӣ маблағи дар ҳамин сол ворид ва харҷшаванда, инчунин маблағе, ки барои пардохти иловапулиҳо ба нафақа аз андӯхти (аз захираи нафақавии давлатӣ) нафақа дар ҳамин сол равона мегарданд, пешбинӣ мешаванд.".

11. Моддаи 23 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 23. Сохтор ва ҳаҷми тарифҳои саҳмҳои суғурта

Суғуртакунандагон ӯҳдадоранд андози иҷтимоиро тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намоянд. Ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешаванд:

- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ;

- саҳмҳои нафақавӣ;

- саҳмҳои суғурта барои бекорӣ.

Андозаи (таносуби) ҳар як навъи саҳм ва самти хароҷотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Саҳмҳои суғуртае, ки шахсони суғурташуда пардохтаанд, дар ҳисобномаҳои андӯхти инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Маблағи андози иҷтимоӣ ва саҳмҳои нафақа аз ҳисоби маблағи андозбандишаванда бароварда мешаванд.".

12. Ба моддаи 23 (1):

- қисмҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Бо мақсади таъмини даромад маблағи андӯхти нафақавиро муассисап суғурта метавонад ба активҳои нафақаи фондхои ғайридавлатии нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд.

Муассисаи суғурта ӯҳдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андӯхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи ставкаи азнавмаблағгузории Бонки миллли Тоҷикистон таъмин намояд.";

- қисми чорум қисми шашум ҳисобида шавад.

13. Моддаи 25 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 25. Ҳисоби саҳмҳои суғурта

Ҳисоби саҳмҳои суғуртаро андозсупоранда мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо ҳисобии музди меҳнат (пардохти музди меҳнат) ба кормандон ё муайян намудани даромади суғурташавандаи соҳибкорон ё шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд, анҷом медиҳанд.

Суғуртакунанда ӯҳдадор аст ҳисоб ва пардохти ҳармоҳаи саҳмҳои суғуртаро таъмин намояд, Ҳангоми риоя накардани мӯҳлатҳои ҳисоби андози суғурта муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад нисбати суғуртакунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти молиявӣ истифода намояд.".

14. Дар моддаи 29 баъд аз калимаҳои "Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ" ва баъд аз калимаҳои "ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд" калимаҳои "ва инчунин ҳангоми иҷрои амале, ки аз он ба буҷети Фонд зиёни моддӣ расидааст, суғуртакунанда ӯҳдадор аст зиёнро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд. Ҷуброни зиён метавомад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон с бо қарори суд ситонида шавад" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 29 апрели соли 2006 № 187