ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади такмили сохтори мақомоти идораи давлати ва баланд бардоштани самаранокии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
2. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки маблағгузории таъмини Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2006 аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад барои Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда анҷом дода, дар солҳои минбаъда таъминоти онро бо тартиби умуми ба роҳ монад.
3. Ба системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 № 853 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 4 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- сархати ҳаштуми банди 5 хориҷ карда шавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ:
- Низомнома, сохтор ва нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намояд;
- доир ба такмили санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин Фармон бармеоянд, таклиф пешниҳод намояд;
- қарорҳои худро ба ин Фармон мутобиқ созад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 13 январи соли 2006 № 1668
ш. Душанбе