Конвенсияи байналмилали дар бораи ҳифзи манфиатҳои ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилоти радио ва телевизион аз 26 октябри соли 1961

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Конвенсияи байналмилали дар бораи ҳифзи манфиатҳои ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилоти радио ва телевизион

Давлатҳои аҳду паймонкунанда бо саъю кӯшиши ҳифзи ҳуқуқи ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилоти радио ва телевизион дар масъалаҳои зайл ба мувофиқа расиданд:

Моддаи 1

Ҳифзе, ки тибқи ҳамин Конвенсия дода мешавад, ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифии асарҳои адаби ва бадеи дахл надорад ва ба он зарар намерасонад. Аз ин рӯ, ҳеҷ як аз муқаррароти ҳамин Конвенсия наметавонад ҳамчун поймолкунандаи чунин ҳифз маънидод шавад.

Моддаи 2

1. Барои ҳадафҳои ҳамин Конвенсия режими миллии ҳифз маънои режимеро дорад, ки тибқи қонунгузории дохилии давлати аҳдкунанда, ки ҳифз талаб карда мешавад, дода мешавад:

(а) ба ҳунармандон-иҷрогароне, ки шаҳрвандони он мебошанд,барои дар қаламрави он кишвар амали сохтани иҷроҳо, ба эфир додани барномаҳои онҳо ё сабти аввалин;

(b) ба истеҳсолкунандагони фонограммаҳо, ки шаҳрвандони он мебошанд, - барои фонограммаҳое, ки бори аввал дар қаламрави он кишвар сабт ё интишор ёфтаанд;

(с) ба ташкилоти радио ва телевизион, ки қароргоҳи онҳо дар қаламрави он кишвар ҷойгиранд, нисбати барномаҳо дар эфир, ки тавассути дастгоҳҳои интиқоли, ки дар қаламрави он ҷой гирифтаанд, амали мегарданд.

2. Режими миллии ҳифз мутобиқи талаботи ҳифз ва шартҳои маҳдудкунии он, ки мустақим дар ҳамин Конвенсия қайд шудаанд, дода мешавад.

Моддаи 3

Дар ҳамин Конвенсия мафҳумҳо ба маънои зайл истифода шудаанд:

(а) "Ҳунармандон-иҷрогарон" - ҳунармандон, навозандагон, раққосон ва шахсони дигар, ки нақш бози мекунанд, месароянд, мехонанд, суханвари мекунанд, асарҳои адаби ва бадеиро иҷро мекунанд ва ё ба ин ё он тарз дар иҷрои онҳо ширкат меварзанд;

(b) "фонограмма" - ҳама гуна сабти сирф овозии ягон иҷро ё дигар овозҳо;

(с) "истеҳсолкунандаи фонограммаҳо" - шахси воқеи ё ҳуқуқи, ки бори аввал сабти овозии иҷро ё дигар овозҳоро амали месозад;

(а) "интишор" - ба омма дастрас намудани нусхаҳои фонограммаҳо ба миқдори кофи;

(е) "таҷдид" - таҳияи як ё якчанд нусхаҳои сабт;

(f) "ба эфир додан" - интиқоли овозҳо ё тасвиру овозҳо тавассути васоили бесим барои қабули он аз тарафи омма;

(g) "ретрансляция" - дар айни вақт аз тарафи як ташкилоти радио ва телевизион ба эфир додани барномаҳое, ки аз тарафи ташкилоти дигари радио ва телевизион ба эфир дода мешавад.

Моддаи 4

Ҳар як давлати аҳдкунанда ба ҳунармандон-иҷрогарон режими миллии ҳифзро дар сурати риоя кардани яке аз шартҳои зерин вогузор менамояд:

(а) иҷро дар дигар давлати аҳдкунанда чой дорад;

(b) иҷро ба фонограммае дохил шудааст, ки он мутобиқи моддаи 5 ҳамин Конвенсия ҳифз мешавад;

(с) иҷро, ки ҳанӯз ба фонограмма сабт нашудааст, тавассути ба эфир додан пахш мегардад, ки он мутобиқи моддаи 6 ҳамин Конвенсия ҳифз мешавад.

Моддаи 5

1. Ҳар як давлати аҳдкунанда режими миллии ҳифзро ба истеҳсолкунандагони фонограммаҳо дар сурати риоя намудани яке аз шартҳои зерин вогузор менамояд:

(а) Истеҳсолкунандаи фонограмма шаҳрванди дигар давлати аҳдкунанда мебошад (меъёри шаҳрвандии истеҳсолкунанда);

(b) сабти аввалини овоз дар дигар давлати аҳдкунанда амали шудааст (меъёри ҷойи аввали сабт);

(с) фонограмма бори аввал дар дигар давлати аҳдкунанда интишор ёфтааст (меъёри ҷойи интишор).

2. Агар фонограмма дар кишвари узви Конвенсия набуда интишор ёфта, вале дар муддати си рӯзи пас аз интишори аввалинаш дар давлати аҳдкунанда низ интишор ёбад (интишори ҳамзамони), он аввалин бор дар давлати аҳдкунанда интишорёфта, ҳисоб мешавад.

3. Ҳар як давлати аҳдкунанда тавассути огоҳинома ба унвони Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид метавонад изҳор кунад, ки ӯ меъёри ҷойи интишор ё ба таври алтернативи, меъёри ҷойи аввали сабтро истифода намекунад. Чунин огоҳинома дар як вақт зимни супурдани шаҳодатномаи тасдиқ дар бораи қабул ё ҳамроҳшави ва ё дар ҳама гуна вақти дигари минбаъда аз иҷрои ин изҳорот, карда мешавад: дар мавриди охир чунин огоҳинома пас аз шаш моҳи баъди санаи гирифтани он, эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 6

1. Ҳар як давлати аҳдкунанда ба ташкилоти радио ва телевизион режими миллии ҳифзро дар сурати риоя намудани яке аз шартҳои зерин вогузор менамояд:

(а) қарогоҳи ташкилоти радио ва телевизион дар дигар давлати аҳдкунанда ҷойгир аст;

(b) ба эфир додан ё тавассути дастгоҳи интиқолие анҷом ёфтааст, ки дар дигар давлати аҳдкунанда ҷойгир аст.

2. Ҳар як давлати аҳдкунанда тавассути равон намудани огоҳинома ба унвони Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид метавонад изҳор намояд, ки ӯ ҳифзи ба эфир доданро танҳо дар сурате амали месозад, ки агар қароргоҳи ташкилоти радио ва телевизион дар дигар давлати аҳдкунанда ҷойгир буда, он барнома тавассути дастгоҳи интиқолии дар ҳамон давлати аҳдкунанда ҷойгир буда, амали гардад. Чунин огоҳинома баробари супурдани шаҳодатномаи тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшави ва ё дар ҳама гуна вақти дигари минбаъда баъд аз иҷрои ин изҳорот, карда мешавад: дар мавриди охир чунин огоҳинома пас аз шаш моҳи баъди санаи гирифтани он эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 7

1. Ҳифзе, ки ҳунармандон-иҷрогарон мутобиқи ҳамин Конвенсия дода мешавад, имконияти роҳ надодан ба амалҳои зеринро дар бар мегирад:

(а) бе ризоияти онҳо ба эфир додан ё ба маълумоти умум расондани иҷроҳои онҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки барои ба эфир додан ё ба маълумоти умум расондани иҷрои истифодашаванда, аллакай ба эфир дода шудааст ё истифодаи он ба воситаи сабт сурат гирифтааст;

(b) бе ризоияти онҳо анҷом додани сабти иҷро, ки каблан сабт ншудааст;

(с) бе ризоияти онҳо таҷдиди сабти иҷрои онҳо;

(i) агар сабти аввал бе ризоияти онҳо анҷом дода шуда бошад;

(ii) агар таҷдид на бо он ҳадафҳое анҷом гирад, ки ба онҳо ҳунармандон-иҷрогарон розиги додаанд;

(iii) агар сабти аввал тибқи муқаррароти моддаи 15 анҷом гирифта бошад, вале таҷдид на ба он ҳадафҳое анҷом гирад, ки дар ин муқаррарот муайян шудаанд.

2. (1) Агар ба эфир додан бо ризоияти ҳунармандон-иҷрогарон анҷом гирад, он гоҳ ҳифз нисбати ретранслятсия, анҷом додани сабт бо мақсади ба эфир додан ё таҷдиди чунин сабт бо мақсади ба эфир додан тибқи қонунгузории дохилии давлати аҳдкунанда танзим мегардад, ки дар он чунин ҳифз талаб карда мешавад.

(2) Қоидаву шартҳое, ки истифодаи сабтҳоро аз тарафи ташкилоти радио ва телевизион бо мақсади ба эфир додан муайян менамоянд, мутобиқи қонунгузории дохилии давлати аҳдкунанда муайян мегарданд, ки дар он ҳифз талаб карда мешавад.

(3) Вале қонунгузории дохили, ки дар зербандҳои (1) ва (2) банди мазкур зикр ёфтааст, ҳунармандон-иҷрогаронро аз имконияти тибқи созишномаҳо назорат кардани муносибатҳояшонро бо ташкилоти радио ва телевизион, набояд маҳрум созад.

Моддаи 8

Агар дар ҳамон як иҷро якчанд ҳунармандон-иҷрогарон ширкат кунанд, ҳар як давлати аҳдкунанда метавонад дар қонунгузори ва санадҳои зерқонунии дохилии худ мавқеи ҳар як ҳунарманд-иҷрогарро дар мавриди амали сохтани ҳуқуқхояшон муайян намояд.

Моддаи 9

Бо роҳи қабули қонунгузори ва санадҳои зерқонуни дохили ҳар як давлати аҳдкунанда метавонад ҳифзи мутобиқи ҳамин Конвенсия вогузоршударо ба ҳунармандоне, ки асарҳои адаби ва бадеиро иҷро намекунанд, паҳн намояд.

Моддаи 10

Истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ҳуқуқи иҷозат додан ё манъ кардани таҷдиди бевосита ё бавоситаи фонограммаҳои худро доранд.

Моддаи 11

Дар мавридҳое, ки давлати аҳдкунанда нисбати фонограммаҳо мутобиқи қонунгузории дохили расмиятгароиро ҳамчун риояи яке аз шартҳо барои ҳифз намудани ҳуқуқи истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ё ҳунармандон-иҷрогарон, ё ба ҳардуи ин гурӯҳ талаб менамояд, чунин расмиятгарои дар сурате иҷрошуда ҳисоб мешавад, ки агар ҳамаи нусхаҳои дар фурӯш мавҷудбудаи фонограммаҳои интишорёфта ё ҷилдҳои онҳо дорои навиштаҷоте бошанд, ки аз аломати (Р) ва соли интишори аввалин иборат буда, тавре ҷойгир шуда бошанд ва возеҳ нишон дода шаванд, ки фонограмма таҳти ҳифз қарор дорад: агар дар нусхаҳо ё ҷилдҳои фонограммаҳо истеҳсолкунандаи фонограмма ё соҳиби иҷозатнома, ки (бо роҳи зикри ном, аломати мол ё дигар нишонаҳои лозими) аз ҷониби истеҳсолкунанда дода шудааст, зикр нашуда бошад, он гоҳ навиштаҷот бояд номи соҳиби ҳуқуқҳои истеҳсолкунандаи фонограммаро низ дар бар гирад; ҳамчунин, агар дар нусхаҳо ё ҷилди онҳо ҳунармандон-иҷрогарони асоси зикр нагардида бошанд, он гоҳ дар навиштаҷот бояд номи шахсе низ зикр гардад, ки соҳиби ҳуқуқҳои чунин ҳунармандон-иҷрогарон дар кишваре мебошад, ки дар он ҷо сабт анҷом гирифтааст.

Моддаи 12

Агар фонограммаи бо мақсадҳои тиҷорати интишорёфта ё таҷдиди чунин фонограмма бевосита барои ба эфир додан ё бо ҳар гуна тарз дастраси омма гардондан истифода шавад, ҳаққи қалами ҳаққонии якдафъаинаро истифодабаранда ба ҳунармандон-иҷрогарон ё истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ё ба ҳарду мепардозад. Дар сурати мавҷуд набудани шартномаи байни тарафҳо шартҳои тақсими ин ҳаққи қалам метавонанд тибқи қонунҳои дохили, муайян гардад.

Моддаи 13

Ташкилоти радио ва телевизион ҳуқуқи иҷозат додан ё манъ кардани амалҳои зеринро доранд:

(а) ретранслятсияи барномаҳои худ дар эфир;

(b) сабти барномаҳои худ;

(с) таҷдид;

(i) бе ризоияти онҳо таҳия намудани сабтҳои барномаҳои эфирии худ;

(ii) сабтҳои барномаҳои эфирии худ, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 15 таҳия шудаанд, агар таҷдид бо мақсадҳои ғайр назар ба оне, ки дар муқаррароти мазкур таъйин шудааст, анҷом гирифта бошад.

(d) ба маълумоти умум расонидани барномаҳои телевизиони, агар он дар ҷойҳое амали шавад, ки даромади пулаки аст; шартҳои амали шудани он аз рӯи қонунгузории дохилии давлате, ки дар он ҳифзи чунин ҳуқуқ талаб карда мешавад, танзим мегардад.

Моддаи 14

Мӯҳлати ҳифз, ки мутобиқи ҳамин Конвенсия вогузор мегардад, на камтар аз 20 солро ташкил медиҳад, ки оғози он аз охири соле шурӯъ мешавад, ки:

(а) сабти фонограмма ва иҷроҳои дарбаргирифтаи он анҷом ёфта буд;

(b) иҷроҳои ба фонограмма дохилнашуда ҷой доштанд;

(с) пахши барнома дар эфир ҷой дошт.

Моддаи 15

1. Ҳар як давлати аҳдкунанда дар қонунгузори ва санадҳои зерқонунии дохилии худ метавонад истисноҳое, ки Конвенсияи мазкур нисбати ҳифз кафолат медиҳад, ба назар гирад:

(а) истифода бо мақсадҳои шахси;

(b) истифодаи порчаҳои кӯтоҳ бо мақсади иттилои ҳодисаҳои ҷори;

(с) сабти кӯтоҳмуддати овози, ки аз тарафи ташкилоти радио ва телевизион дар дастгоҳҳои худ барои барномаҳои хусусии худ сурат мегирад;

(d) истифода ба мақсадҳои сирф таълими ва илми-тадқиқоти.

2. Қатъи назар аз муқаррароти банди 1 ҳамин модда, ҳар як давлати аҳдкунанда метавонад дар қонунгузори ва санадҳои зерқонуни дохилии худ дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои радио ва телевизион чунин маҳдудиятҳоеро низ ба назар гирад, ки онҳо тибқи қонунгузори ва санадҳои зерқонунии дохили дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои адаби ва бадеӣ муқаррар карда шудаанд. Вале иҷозатномаҳои маҷбури метавонанд танҳо дар ҳаҷме пешбини шаванд, ки ҳамин Конвенсия имкон медиҳад.

Моддаи 16

1. Ҳар як давлати узви ҳамин Конвенсия ҳамаи ӯҳдадориҳои аз он барояндаро ба дӯши худ мегирад ва аз тамоми бартариятҳои он истифода мекунад. Вале, он метавонад ҳар вақт тавассути огоҳинома ба унвони Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳор кунад, ки:

(а) дар мавриди моддаи 12;

(i) муқаррароти ин моддаро татбиқ намекунад;

(ii) муқаррароти ин моддаро дар мавриди навъҳои муайяни истифода татбиқ намекунад;

(iii) муқаррароти ин моддаро дар мавриди фонограммаҳое, ки истеҳсолкунандаи он шаҳрванди дигар давлати аҳднома намебошанд, татбиқ намекунанд;

(iv) ҳифзе, ки мутобиқи ин модда пешниҳод кардааст дар мавриди фонограммаҳое, ки истеҳсолкунандаи онҳо шаҳрванди дигар давлати аҳдкунанда мебошад, ба ҳамон сатҳ ва шарте маҳдуд карда шавад, ки давлат ҳифзи ба фонограммаҳои бори аввал аз тарафи шаҳрванди давлати изҳоротдиҳанда сабтшударо маҳдуд намудааст: вале он чиз, ки ҳам давлати аҳдкунанда, ки истеҳсолкунандаи фонограмма шаҳрванди он мебошад ва ҳам давлати изҳоротдиҳанда ба ҳамон як шахс ва шахсҳо ҳифзро вогузор намекунад, наметавонад ба сифати омиле хизмат кунад, ки ба ҳаҷми ҳифз таъсир расонад.

(b) банди (а) моддаи 13-ро татбиқ намекунад; агар давлати аҳдкунанда чунин изҳор намояд, пас дигар давлатҳои аҳдкунанда низ ӯҳдадор нестанд, ки мутобиқи банди (а), моддаи 13 ба ташкилоти радио ва телевизион, ки қароргоҳашон дар ин давлат аст, чунин ҳуқуқро вогузор намоянд.

2. Агар огоҳиномаи дар банди 1 ҳамин модда зикршуда, пас аз санаи барои нигаҳдори супурдани шаҳодатномаи тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшави супурда шавад, он гоҳ пас аз 6 моҳи баъди гирифтани изҳорот, эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 17

Ҳар як давлат, ки аз таърихи 26 октябри с. 1961 ҳифзро барои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо фақат дар асоси меъёри ҷойи аввали сабт татбиқ менамояд, метавонад бо роҳи огоҳ намудани Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳангоми тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшави изҳор намояд, ки барои ҳадафҳои моддаи 5 вай танҳо меъёри ҷойи аввали сабт ва барои ҳадафҳои банди 1 (а) (iii) ва (iv) моддаи 16 меъёри ҷойи аввали сабтро ба ҷойи меъёри шаҳвандии истеҳсолкунанда, татбиқ менамояд.

Моддаи 18

Ҳар як давлат, ки мутобиқи банди 3 моддаи 5, банди 2 модаи 6, банди 1 моддаи 16 ва моддаи 17 огоҳинома фиристодааст, бо роҳи ба унвони Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид супурдани огоҳиномаи баъдина метавонад амали онро маҳдуд намояд ё онро пас гирад.

Моддаи 19

Агар ҳунарманд-иҷрогар барои дохил кардани иҷрои худ ба сабти овози ё сабти овоз ва навор розиги дода бошад, бе назардоштн муқаррароти ҳамин Конвенсия, татбиқи моддаи 7 қатъ мегардад.

Моддаи 20

1. Ҳамин Конвенсия ҳуқуқҳоеро, ки дар ҳар кадом давлати аҳдкунанда то санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия дар он давлат вуҷуд доштанд, маҳдуд намекунад.

2. Ҳеҷ як аз давлатҳои аҳдкунанда ӯҳдадор нест, ки муқаррароти ҳамин Конвенсияро нисбати иҷроҳо, барномаҳои эфири ё фонограммаҳое, ки сабти аввалини онҳо то санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия дар он давлат анҷом ёфтааст, татбиқ намояд.

Моддаи 21

Ҳифзе, ки тибқи ҳамин Конвенсия вогузор мегардад, ҳама гуна ҳифзи дигари ба ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ё ташкилоти радио ва телевизион вогузоршударо маҳдуд намекунад.

Моддаи 22

Давлатҳои узви Конвенсия ҳуқуқи байни худ бастани шартномаҳои махсусро ба андозае нигоҳ медоранд, ки агар чунин шартномаҳо ба ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ё ташкилоти радио ва телевизион ҳуқуқҳои васеътареро нисбат ба ҳуқуқҳои вогузоштаи ҳамин Конвенсия вогузор намоянд ё дорои муқаррароти дигаре бошанд, ки ба ҳамин Конвенсия муқобил нестанд.

Моддаи 23

Ҳамин Конвенсия барои нигахдори ба Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид супурда мешавад. Ҳар як давлати ба Конфронси дипломати оид ба ҳифзи байналмилалии ҳуқуқҳои ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои радио ва телевизион даъват шуда, ки иштирокчии Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ё узви Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи мебошанд, метавонанд то 30 июни с. 1962 ба ҳамин Конвенсия имзо гузоранд.

Моддаи 24

1. Ҳамин Конвенсия аз ҷониби давлатҳои онро имзонамуда, тасдиқ ё қабул карда мешавад.

2. Ҳамин Конвенсия барои ҳамроҳшавии ҳар кадом давлати ба Конфронс даъватшуда, ки дар моддаи 23 зикр гардидааст ва ҳар кадом давлати узви Созмони Милали Муттаҳид, ба шарте, ки дар ҳарду ҳолат чунин давлат иштирокчии Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ё узви Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи бошанд, кушода аст.

3. Санади тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшави барои нигаҳдори ба Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид супурда мешаванд.

Моддаи 25

1. Ҳамин Конвенсия пас аз се моҳи баъди санаи барои нигаҳдори супурдани санади шашуми тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшави эътибор пайдо мекунад.

2. Минбаъд ҳамин Конвенсия дар мавриди ҳар давлат пас аз се моҳи баъди санаи барои нигаҳдори супурдани санади тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшави эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 26

1. Ҳар як давлати узви Конвенсия ӯҳдадор аст, ки мутобиқи конститутсияи худ барои таъмини татбиқи ҳамин Конвенсия чораҳои зарури андешад.

2. Ҳар як давлат аз лаҳзаи барои нигаҳдори супурдани санади тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшави бояд мутобиқи қонунгузории дохилии худ қобилияти иҷрои шартҳои ҳамин Конвенсияро дошта бошад.

Моддаи 27

1. Ҳар як давлат ҳангоми тасдиқ кардан, қабул шудан ё ҳамроҳшави ва ё дар ягон вақти дигар тавассути огоҳиномаи ба унвони Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид фиристодааш, метавонад изҳор намояд, ки ҳамин Конвенсия дар тамом ё яке аз ҳудудҳое, ки барои корҳои байналхалқии он масъул аст, татбиқ мешавад, ба шарте, ки дар чунин ҳудудҳо муқаррароти Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ё Конвенсияи байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи амал кунанд. Чунин огоҳинома пас аз се моҳи баъди санаи қабули он эътибор пайдо мекунад.

2. Огоҳиномаҳое, ки дар банди 3 моддаи 5, банди 2 моддаи 6, банди 2 моддаи 16 ва дар моддаҳои 17 ва 18 зикр ёфтаанд, метавонанд барои тамом ё яке аз ҳудудҳое, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр шудааст, татбиқ гарданд.

Моддаи 28

1. Ҳар як давлати аҳдкунанда метавонад аз номи худ ё аз номи яке аз тамоми минтақаҳои дар моддаи 27 зикршуда, ҳамин Конвенсияро лағв намояд.

2. Лағви Конвенсия бо роҳи ба унвони Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид фиристодани огоҳинома сурат мегирад ва пас аз 12 моҳи баъди санаи қабули огоҳинома эътибор пайдо мекунад.

3. Давлати аҳдкунанда дар муддати панҷ соли баъди санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия дар ин давлат, аз ҳуқуқи лағви Конвенсия истифода бурда наметавонад.

4. Давлати аҳдкунанда ҳамзамон бо қатъ шудани ширкати ӯ дар Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ё узвияташ дар Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи узвияти худро дар ҳамин Конвенсия аз даст медиҳад.

5. Ҳамин Конвенсия аз лаҳзаи қатъ шудани татбиқи Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллиф ё Конвенсияи байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи дар ҳар як ҳудуде, ки дар моддаи 27 зикр шудааст, татбиқ намешавад.

Моддаи 29

1. Пас аз 5 соли эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия ҳар кадом давлати аҳдкунанда тавассути огоҳинома, ки ба унвони Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид фиристода мешавад, метавонад даъват кардани конфронсро барои аз нав дида баромадани Конвенсия пешниҳод намояд. Дабири Кулл дар бораи чунин пешниҳод ҳамаи давлатҳои узви Конвенсияро огоҳ менамояд. Агар дар муддати шаш моҳ пас аз санаи огоҳии Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид на камтар аз нисфи давлатҳои узви Конвенсия ба ӯ дар бораи ҷонибдории худ аз ин пешниҳод хабар диҳанд, Дабири Кулл дар ин бора ба Директори генералии Бюрои байналмилалии меҳнат, Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Директори Бюрои Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи хабар медиҳад, ки онҳо дар ҳамкори бо кумитаи байниҳукуматии дар моддаи 32 зикршуда, конфронсро дар бораи аз нав дида баромадани Конвенсия даъват менамоянд.

2. Қабули ҳама гуна тағйироти ҳамин Конвенсия аксарияти овозро ба андозаи аз се ду ҳиссаи давлатҳои дар конфронс ширкаткунанда талаб менамояд, ба шарте, ки аксарияти зикршуда, аз се ду ҳиссаи давлатҳоеро ташкил диҳад, ки дар лаҳзаи гузаронидани чунин конфронс узви ҳамин Конвенсия мебошанд.

3. Дар сурати қабули Конвенсия, ки ҳамин Конвенсияро пурра ё қисман тағйир медиҳад ва агар дар Конвенсияи таҷдиди назаршуда чизи дигаре қайд нашуда бошад, он гоҳ:

(а) ҳамин Конвенсия кушода будани худро барои тасдиқ, қабул ва ҳамроҳшави аз санаи эътибор пайдо кардани Конвенсия таҷдиди назаршуда қатъ менамояд;

(b) ҳамин Конвенсия эътибори худро нисбати муносибатҳои давлатҳои аҳдкунанда ва ё байни чунин давлатҳое, ки иштирокчии конвенсияи таҷдиди назар гардида набуданд, нигоҳ медорад.

Моддаи 30

Ҳама гуна муноқишаи байни ду ё зиёда давлатҳои аҳдкунанда, ки ба маънидод кардан ё татбиқи ҳамин Конвенсия тааллуқ дорад ва бо роҳи гуфтушунид ҳалли худро наёфтааст, бо талаби ҳар кадом аз тарафҳои муноқишакунанда ба Суди байналмилали дода мешавад, ба шарте, ки худи давлатҳои манфиатдор роҷеъ ба тарзи дигари бартараф кардани муноқиша розиги надиҳанд.

Моддаи 31

Бе халалдор намудани муқаррароти банди 3 моддаи 5, банди 2 моддаи 6, банди 1 моддаи 16 ва моддаи 17 ба ҳеҷ гуна қайду шартҳо ба ҳамин Конвенсия роҳ дода намешавад.

Моддаи 32

1. Кумитаи байниҳукумати таъсис дода мешавад, ки ӯҳдадориҳои зеринро дорад:

(а) омӯзиши масъалаҳо роҷеъ ба татбиқ ва амали ҳамин Конвенсия;

(b) ҷамъоварии пешниҳодот ва омода сохтани ҳуҷҷатҳо барои эҳтимолияти аз нав дида баромадани ҳамин Конвенсия.

2. Кумита аз намояндагони давлатҳои аҳдкунанда иборат буда, интихоби онҳо дар асоси ба назар гирифтани тақсимоти одилонаи ҷуғрофи сурат мегирад. Кумита аз 6 нафар аъзо иборат мешавад, агар миқдори давлатҳои аҳдкунанда 12 ё камтар аз он бошад, аз 9 нафар иборат мешавад, агар миқдори давлатҳои аҳдкунанда аз 13 то 18 бошад ва аз 12 аъзо иборат мешавад, агар миқдори давлатҳои узви Конвенсия бештар аз 18 бошад.

3. Кумита пас аз дувоздаҳ моҳи баъди эътибор пайдо кардани Конвенсия таъсис дода мешавад ва он бо роҳи интихоб аз ҳисоби давлатҳои аҳдкунанда, ки ҳар яке як овоз доранд, таъсис меёбад, интихоботро Директори генералии Бюрои байналмилалии меҳнат, Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Директори Бюрои Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи мутобиқи қоидаҳое, ки қаблан аз тарафи аксарияти мутлақи давлатҳои аҳдкунанда ба тасвиб мерасанд, мегузаронанд.

4. Кумита раис ва шахсони вазифадорро интихоб мекунад. Он қоидаҳои расмиро, ки аз ҷумла, фаъолияти ояндаи Кумита ва тартиби нав кардани ҳайати онро муайян ва қабул мекунад, ки он аз рӯи навбат ба аъзогии Кумита пазируфта шудани давлатҳои гуногуни узви Конвенсияро таъмин намояд.

5. Котиботи Кумита аз кормандони Бюрои байналмилалии меҳнат, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Бюрои Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи ташкил мешавад, ки мувофиқан аз тарафи Директори генерали ва директорони ин се созмонҳо, таъйин мегарданд.

6. Маҷлисҳои Кумита, ки ҳар бор дар мавриди ба мақсад мувофиқ донистани он аз тарафи аксарияти аъзои он даъват мешаванд, бо навбат дар қароргоҳи Бюрои байналмилалии меҳнат, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Бюрои Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи гузаронида мешавад.

7. Хароҷоти аъзоёни кумита ба ӯҳдаи ҳукуматҳои дахлдор вогузор мегардад.

Моддаи 33

1. Ҳамин Конвенсия ба забонҳои англиси, фаронсави ва испани тартиб дода шудааст ва ҳамаи се матн комилан баробарҳуқуқанд.

2. Матнҳои расмии ҳамин Конвенсия бо забонҳои немиси, итолиёви ва португали низ тартиб дода мешаванд.

Моддаи 34

1. Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои даъватшударо барои иштирок дар Конфронси дар моддаи 23 зикршуда, ҳамчунин ҳар як давлати узви Созмони Милали Муттаҳид, Директори генералии Бюрои байналмилалии меҳнат, Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Директори Бюрои Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеиро огоҳ менамояд:

(а) дар бораи ба нигаҳдори супурдани санадҳои тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшави;

(b) дар бораи санаи эътибор пайдо кардани ҳамин Конвенсия;

(с) дар бораи ҳама гуна огоҳиномаҳо, аризаҳо ва хабарҳо, ки тибқи ҳамин Конвенсия дар назар дошта шудаанд;

(d) дар бораи ба амал омадани ҳолатҳое, ки дар бандҳои 4 ва 5 моддаи 28 зикр ёфтаанд.

2. Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, Директори генералии Бюрои байналмилалии меҳнат, Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Директори Бюрои Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеиро дар бораи пешниҳодҳое, ки мутобиқи моддаи 29 ба ӯ хабар медиҳанд, ҳамчунин дар бораи ҳама гуна хабарҳое, ки вобаста ба таҷдиди назари Конвенсия аз давлатҳои аҳдкунанда ба ӯ мерасанд, огоҳ менамояд.

Барои тасдиқи гуфтаҳои боло намояндагони дорои салоҳияти лозими, ба ҳамин Конвенсия имзо гузоштанд.

Бисту шашуми октябри соли 1961 дар Рим дар як нусха ба забонҳои англиси, фаронсави ва испани мураттаб гардидааст. Нусхаҳои ба таври лозими тасдиқшуда аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ба ҳамаи давлатҳое, ки ба Конфронси дар моддаи 23 зикршуда даъват шудаанд ва ба ҳар як давлати узви Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин ба Директори генералии Бюрои байналмилалии меҳнат, Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Директори Бюрои Иттиҳоди байналмилали оид ба ҳифзи асарҳои адаби ва бадеи супурда мешаванд.