Конвенсияи байналмилали дар бораи ҳифзи манфиатҳои ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилоти радио ва телевизион
Давлатҳои аҳду паймонкунанда бо саъю кӯшиши ҳифзи ҳуқуқи ҳунармандон-иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилоти радио ва телевизион дар масъалаҳои зайл ба мувофиқа расиданд:
Моддаи 1
Ҳифзе, ки тибқи ҳамин Конвенсия дода мешавад, ба ҳифзи ҳуқуқи муаллифии асарҳои адаби ва бадеи дахл надорад ва ба он зарар намерасонад. Аз ин рӯ, ҳеҷ як аз муқаррароти ҳамин Конвенсия наметавонад ҳамчун поймолкунандаи чунин ҳифз маънидод шавад.
Моддаи 2
1. Барои ҳадафҳои ҳамин Конвенсия режими миллии ҳифз маънои режимеро дорад, ки тибқи қонунгузории дохилии давлати аҳдкунанда, ки ҳифз талаб карда мешавад, дода мешавад:
(а) ба ҳунармандон-иҷрогароне, ки шаҳрвандони он мебошанд,барои дар қаламрави он кишвар амали сохтани иҷроҳо, ба эфир додани барномаҳои онҳо ё сабти аввалин;
(b) ба истеҳсолкунандагони фонограммаҳо, ки шаҳрвандони он мебошанд, - барои фонограммаҳое, ки бори аввал дар қаламрави он кишвар сабт ё интишор ёфтаанд;
(с) ба ташкилоти радио ва телевизион, ки қароргоҳи онҳо дар қаламрави он кишвар ҷойгиранд, нисбати барномаҳо дар эфир, ки тавассути дастгоҳҳои интиқоли, ки дар қаламрави он ҷой гирифтаанд, амали мегарданд.
2. Режими миллии ҳифз мутобиқи талаботи ҳифз ва шартҳои маҳдудкунии он, ки мустақим дар ҳамин Конвенсия қайд шудаанд, дода мешавад.
Моддаи 3
Дар ҳамин Конвенсия мафҳумҳо ба маънои зайл истифода шудаанд:
(а) "Ҳунармандон-иҷрогарон" - ҳунармандон, навозандагон, раққосон ва шахсони дигар, ки нақш бози мекунанд, месароянд, мехонанд, суханвари мекунанд, асарҳои адаби ва бадеиро иҷро мекунанд ва ё ба ин ё он тарз дар иҷрои онҳо ширкат меварзанд;
(b) "фонограмма" - ҳама гуна сабти сирф овозии ягон иҷро ё дигар овозҳо;
(с) "истеҳсолкунандаи фонограммаҳо" - шахси воқеи ё ҳуқуқи, ки бори аввал сабти овозии иҷро ё дигар овозҳоро амали месозад;
...