ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 1992 "Дар бораи ислоҳоти замин" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1992, №10, мод. 139; с.1994, №15-16, мод. 252; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №22, мод. 276; с. 1997, №9, мод. 117) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Дар моддаи 1 калимаи "сарфакорона" ба калимаи "оқилона" иваз карда шавад.
Ба Қонун моддаи 1 (1) дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1 (1) Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.".
Аз моддаи 2 қисми 3 хориҷ карда шавад.
Дар моддаи 3:
- дар сархати якум калимаҳои "ба ҳисоб гирифтани", "категория" ба калимаҳои "рӯйхатгирии", "гурӯҳҳо" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои "ба манфиати" ба калимаи "баҳри" иваз карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"додани замин ба истифодаи якумраи меросӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин қитъаи замини назди ҳавлигӣ;";
- сархати чорум хориҷ карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"аз нав тақсимкунии замин дар ҳолатҳои таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ;";
- дар сархати шашум баъд аз калимаи "сарҳади" калимаи "воҳидҳои" илова карда, калимаи "ҳудудии" ба калимаи "ҳудудӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "таҷдиди ба расмиятдарории" ба калимаҳои "аз нав ба қайд гирифтан" ва калимаҳои "замин ва заминдориро" ба калимаи "заминро" иваз карда шаванд;
Дар моддаи 4:
қисмҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Дар марҳалаи аввал ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи ихтиёрдории замин, аниқ намудани сарҳадҳои маъмурӣ, муайян намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба замин, ташкил кардани фонди махсуси замин барои аз нав тақсим намудани он дода мешавад.
Дар марҳалаи дуюм мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодабари додани заминро амали менамоянд.".
Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукумати ноҳия)", "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии (ҳукуматҳо)" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд.
Дар моддаи 5:
- қисми 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"1. Гузаронидани ислоҳоти замин ба ӯҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.";
- дар қисми 2 сархати якум калимаҳои "Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, аз сархати дуюм калимаҳои "заминдорӣ", "соҳибии замин" хориҷ ва калимаҳои "заминистифодабарӣ", "истифодаи замин" аз қавс бароварда шаванд.
- дар сархати сеюми қисми 2 калимаи "генералии" ба калимаи "кулли" иваз карда, баъд аз калимаҳои "ба харита даровардани" калимаи "гурӯҳи" илова карда шавад;
- сархати панҷуми қисми 2 хориҷ карда шавад.
Моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Таъмини молиявии ислоҳоти замин
Ислоҳоти замин аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, заминистифодабарандагон ва дигар манбаъҳо гузаронида мешавад.".
Дар сархати дуюми моддаи 7 калимаи "категория" ба калимаи "гурӯҳ" иваз карда шавад.
Дар моддаи 8:
- дар сархати якуми қисми 1 рақами "17" ба рақами "37" иваз карда шавад;
- дар сархати панҷуми ҳамин қисм калимаи "оқилона" ба калимаи "ғайриоқилона" ва калимаи "намешаванд" ба калимаи "мешаванд" иваз карда шаванд.
- дар сархати шашуми ҳамин қисм калимаҳои "колхозу савхозҳо" ба калимаҳои "ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ" иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Заминҳои фонди махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар соли ҷори пурра тақсим нашудаанд, ба фонди захираи давлатӣ дохил карда мешаванд.".
Матни моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Фонди махсуси заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақсади истифодаи кишоварзӣ ва дигар мақсадҳо медиҳанд.".
Дар моддаи 10:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашавандаро мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи баҳисобгирӣ, инчунин мувофиқи тартиби назорат ва риояи қонунҳои замин, тартибдиҳии нақшаю лоиҳаҳои танзими замин, бурдани кадастри замин ва мониторинги замин муайян менамояд.";
- дар қисми 2 калимаҳои "заминҳои муайяннамудаи" ба калимаҳои "муайян намудани заминҳои" ва калимаи "истифода" ба калимаи "пешниҳод карда" иваз карда шаванд.
Дар моддаи 11:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Гирифтан ва ба фонди махсус дохил намудани замин";

"Қитъаҳои заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз заминистифодабарандагон ба фонди махсус дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад.".
- дар қисмҳои дуюм ва чорум калимаҳои "заминдорон", "заминдорони" хориҷ карда, калимаҳои "заминистифодабарандагон" "заминистифодабарандагони" аз қавс бардошта шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои "истифодабарандаи замин" ба калимаи "заминистифодабаранда" иваз карда шаванд.
Дар моддаи 12:

"2. Қитъаҳои замин аз фонди махсус дар навбати аввал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи кишоварзӣ дода мешаванд.";
- дар қисми 3 калимаҳои "аз ҷумла дар асоси озмун" хориҷ карда шаванд.
Номи фасли IV дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва ислоҳоти замин".
Моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 13. Шаклҳои хоҷагидорӣ
Таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ новобаста аз тобеияташон бо роҳи ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативи истеҳсоли ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ бо розигии коллективҳои меҳнатӣ гузаронида мешавад.".
Дар моддаи 14:

"Моддаи 14. Ба расмият даровардани қитъаҳои замин ҳангоми таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ";

"1. Ба хоҷагии деҳқонӣ, ширкати хоҷагидори, кооперативи, истеҳсолӣ, дигар намуди хоҷагидори, ки дар ҷараёни таҷдид ташкил меёбанд, қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои таҷдидгардида дода мешаванд.";
- дар қисми 2 баъд аз калимаҳои "хоҷаги муайян мегардад" калимаҳои ", ки он ба фонди тақсимшаванда ҷудо карда мешавад" илова карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси лоиҳаи заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ба заминистифодабарандагони нав қарор қабул мекунад.
Баъди қабули қарор лоиҳаи заминсозӣ амалИ мегардад ва ҳуқуқи истифодаи замин барои заминистифодабаранда ба расмият дароварда мешавад.".
Моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 15. Ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии хоҷагиҳои муассисаҳои илмӣ
Ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии пойгоҳҳои кишоварзӣ, нуқтаҳои ёрирасони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва хоҷагиҳои ба онҳо баробар эътирофшуда, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, растанипарварӣ ва зотпарварӣ танҳо бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.".
Номи фасли V дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Фасли V. Муқаррар намудани сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин"
Дар моддаи 16:
- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Сарҳади маҳалҳои аҳолинишини деҳотро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд.";
- дар қисми чорум калимаҳои "воқеи гардида," ба калимаҳои "дар асл" иваз карда шаванд.
Моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
",Моддаи 17. Додани замин дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот
Додани замин ва дигар муносибат дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини деҳот мутобиқи моддаи 8 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.".
Дар номи фасли VI калимаи "соҳибии" хориҷ карда шуда, калимаи "истифодабарии" аз қавс бароварда шавад.
Моддаи 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 18. Тартиби азнавбақайдгирии ҳуҷҷатҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодаашон қитъаи замин доранд, дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархост муроҷиат менамоянд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархости воридшударо ба қайд гирифта, барои тайёр намудани пешниҳодот ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ мефиристад.
3. Мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд дар муддати як моҳ дархости аз нав барасмиятдарории ҳуҷҷатҳоро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намоянд.
4. Мақомоти маҳаллии заминсозӣ оид ба муайян намудани ҳудудҳои заминистифодабарӣ бо дарназардошти гирифтани қитъаи замин ба фонди махсус, инчунин тағйир додани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин корҳои заруриро иҷро менамояд ва ҳуҷҷатҳоро (лоиҳаи заминсозиро) барои тасдиқ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд. Баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳо (лоиҳаи заминсози) ва дар маҳал нишон додани сарҳадҳо ба заминистифодабаранда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин дода мешавад.
5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин доранд, дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи ҳуқуқи истифодаи замин, барои бақайдгирӣ ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ бо дархост муроҷиат менамоянд.
6. Мақоми маҳаллии заминсозӣ дархостро баррасӣ намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи заминро ба қайд мегирад ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин медиҳад.".
Моддаи 19 хориҷ карда шавад.
Моддаи 20:
- дар номи модда калимаҳои "соҳибии якумрии" ба калимаҳои "истифодаи якумраи" иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 рақами "48" ба рақами "12" ва калимаҳои "санадҳои давлатии ҳуқуқи соҳибии якумрии меросии қитъаҳои замин" ба калимаҳои "асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин" иваз карда шаванд.
Моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 21. Нигоҳ доштани ҳуқуқи истифодабарии замин то ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо
То барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои истифодаи замин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қаблан муайяншуда ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои заминро нигоҳ медоранд.".
Ба Қонун моддаи нави дорои мазмуни зайл илова шавад:
"Моддаи 22. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
3 марти соли 2006 № 175