Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 174 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.2000, №11, мод. 510) қабул гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Дар моддаи 2:

қисми бистум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Иҷозат барои истифодаи махсуси об - иҷозате, ки барои истифодабарии объекти об аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об дода шудааст";

қисмҳои сиюм ва сиву якум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Ассотсиатсияи истифодабарандагони об - ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии дорои ҳуқуқи истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешавад.

Ташкилоти (идораи) ҳавзавии хоҷагии об - ташкилоти ҳавзавии хоҷагии об ва ё раёсат, ки ба истифодабарандагони об дар ҳавзаи дарёҳо хизмат мерасонад.".

Дар моддаи 3 ва тамоми матни Кодекс калимаҳои "санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

Ба Кодекс моддаи 5(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 5(1). Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд

Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, моликияти давлат буда, ба иҷора ва идоракунии шахси додани онҳо қатъиян манъ аст.

Рӯйхати иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".

Дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

Сархати ҳабдаҳуми моддаи 6 хориҷ карда шавад.

Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 17 калимаҳои "барои истифодаи махсуси об иҷозатнома" ба калимаҳои "иҷозат барои истифодаи махсуси об" иваз карда шаванд.

Дар қисми дуюми моддаи 26 калимаҳои "иҷозатномаро (литсензия) барои ҳуқуқи истифодаи об" ба калимаҳои "иҷозатро барои истифодаи махсуси об" иваз карда шаванд.

Дар номи моддаҳои 32, 33 калимаи "Иҷозатномаи" ба калимаҳои "Иҷозат барои", дар матни моддаҳои 32, 33, 34, 40, 41, 42, 43, 44, 45, 50, 74, 98, 110, 116, 127, 136 калимаҳои "иҷозатномаҳои", "иҷозатномаҳое", "иҷозатнома", "иҷозатномаи", "иҷозатномаҳо" мутаносибан ба калимаҳои "иҷозати", "иҷозате", "иҷозат" иваз карда шаванд.

Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 49 калимаҳои "дар иҷозатномаи" ба калимаи "иҷозати" ва дар сархати чорум калимаҳои "баргардонида гирифтани иҷозатномаи" ба калимаҳои "бекор кардани иҷозати" иваз карда шаванд.

Дар қисми якуми моддаи 54 калимаи "гирифтаанд" ба калимаи "гирифтааст" ва калимаҳои "иҷозатномаи барои истифодаи махсуси об додашуда, онро" ба калимаҳои "иҷозат барои истифодаи махсуси об" иваз карда шаванд.

Ба моддаи 57 қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шахсони воқеи ва ҳуқуқи метавонанд дар моликияти худ шабакаҳои таъминоти об дошта бошанд, ки мутобиқи талаботи меъёрҳои амалкунанда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона сохта шудаанд.".

Ба моддаи 60 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси ихтиёрӣ оид ба таъминоти якҷояи об ташкилотҳои ғайридавлатӣ таъсис дода метавонанд.

Ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи об ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии бо об таъмин намудани як маҳалла ё гурӯҳи маҳалҳои аҳолинишин бо иштироки тамоми аҳоли ва ё як қисми аҳоли бо мақсади сохтмони шабакаи нав, барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, бо обтаъминкунӣ, дар ҳолати кори нигоҳ доштан, маблағгузорӣ ва баҳрабардорӣ аз шабакаҳои истифодаи умум ташкил карда мешаванд.

Давлат ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи обро дастгирӣ намуда, ҷиҳати ташаккули онҳо мусоидат менамояд.".

Дар қисми сеюми моддаи 65 калимаҳои "иҷозатномаҳои аз ҷониби ин ҷамъиятҳо додашаванда" ба калимаҳои "иҷозати ин ҷамъиятҳо" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

3 марти соли 2006 № 174