Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 171 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи омори давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №10, мод. 127; соли 2003, №4, мод. 136) тағйироти зерин ворид карда шавад:

Дар матни Қонун калимаҳои "худидораи", "ашхоси", "юридикӣ", "юридикии", "байналхалқии", "байналхалқӣ", "бепул" ва "васоити ахбори умум" мувофиқан ба калимаҳои "худидоракунии", "шахсони", "ҳуқуқӣ", "ҳуқуқии", "байналмилалии", "байналмилалӣ", "ройгон" ва "воситаҳои ахбори омма" иваз карда шаванд.

Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".

Аз қисми сеюми моддаи 7 калимаҳои "истифода баранд" хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

3 марти соли 2006 № 171