Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 164 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, моддаи 297; соли 2002, №4, қисми 1, моддаи 203; соли 2005, № 7, моддаи 407) тағйироти зайл ворид карда шаванд:

1. Моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 27. Музди меҳнати хизматчии давлатӣ Музди меҳнати хизматчии давлатӣ бояд барои мустақилона иҷро кардани ӯҳдадориҳои мансабии ӯ шароити кофии моддиро фароҳам созад, барои бо кадрҳои салоҳиятноку таҷрибанок таъмин намудани мақомоти давлатӣ мусоидат намояд, омили меҳнати поквиҷдонона ва ташаббускоронаи онҳо бошад.

Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз маоши мансабӣ, иловапулиҳо ба маоши мансаби барои рутбаи тахассуси ва собиқаи хизмат иборат мебошад.

Иловапулӣ ба маоши мансаби барои рутбаи тахассуси ҳар моҳ дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад (ба ҳисоби фоизи маоши мансабӣ):

Мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25

Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23

Мушовири давлатии дараҷаи 1 22

Мушовири давлатии дараҷаи 2 21

Мушовири давлатии дараҷаи 3 20

Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 18

Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 2 17

Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 3 15

Референти хизмати давлатии дараҷаи 1 14

Референти хизмати давлатии дараҷаи 2 12

Референти хизмати давлатии дараҷаи 3 10

Ба хизматчии давлатӣ, ки дигар намудҳои рутбаҳои тахассусӣ ва унвонҳои махсус (рутбаи дараҷавӣ, дараҷаи тахассусӣ, унвони ҳарбӣ, рутбаи дипломатӣ) дорад, мувофиқи интихоби ӯ танҳо як иловапулӣ дода мешавад.

Иловапулӣ ба маоши мансаби барои собиқаи хизмат бо назардошти иловапулӣ барои рутбаи тахассуси ҳар моҳ дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад (ба ҳисоби фоизи маоши мансабӣ):

аз 1 то 3 сол 5

аз 3 то 5 сол 10

аз 5 то 10 сол 15

аз 10 то 20 сол 20

аз 20 сол ва зиёда аз он 25

Иловапулӣ барои иҷрои корҳои махсусан муҳим ва комёбиҳои калони хизматӣ ба хизматчии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".

2. Аз моддаи 30 калимаҳои "бо додани кӯмакпулии табобатӣ дар ҳаҷми маоши думоҳа" хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 3 марти соли 2006 № 164