Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 163 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД  НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001, №7, моддаи 517; соли 2003, №12, моддаи 689; соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 698; соли 2005, №7, моддаи 397) тағйироти зерин ворид карда шавад.

1. Аз моддаи 26 калимаҳои "бо пардохти кӯмакпулӣ барои табобат ба андозаи музди меҳнати думоҳа" хориҷ карда шаванд.

2. Дар моддаи 28:

Қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Музди меҳнати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.";

қисми сеюм хориҷ карда шавад;

қисмҳои чорум, панҷум, шашум мутаносибан қисмҳои сеюм, чорум, панҷум ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

3 марти соли 2006 № 163