ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 23-24, моддаи 348; соли 2003, № 8, моддаи 450) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 3:
- ба банди 5 баъд аз калимаи "садоҳо" калимаҳои "ё инъикоси онҳо, ба ғайр аз сабти овоз, ки ба асари аудиовизуалӣ дохил карда шудааст;" илова карда шаванд;
- ба банди 6 баъд аз калимаи "моддӣ" калимаҳои ",ҳамчунин нигаҳдории доими ё муваққати дар хотираи МЭҲ ва дигар дастгоҳҳои компютерӣ;" илова карда шаванд;
- банди 7 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"7) сабт-нигориши овозҳо ва (ё) тасвирҳо ё инъикоси онҳо тавассути васоити техникӣ дар ягон шакли моддӣ, ки имконияти бисёркаратаи амали сохтани дарк, таҷдид ё дастрас кардани онҳоро фароҳам меорад;";
- банди 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"9) истеҳсолкунандаи фонограмма-шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташаббус ва масъулияти аввалини сабти овозии ягон иҷро ё дигар овозҳо, ё ин ки инъикоси овозҳоро ба ӯҳда гирифтааст; дар сурати мавҷуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони ӯ дар ин фонограмма ва ё дар ғилофи (ҷилди) он ба таври маъмули сабт ёфтааст, таҳиягари фонограмма ба ҳисоб меравад;";
- дар банди 12 калимаҳои "ё санъат (аз ҷумла барномаҳои эстрадӣ, сирк ё лӯхтаки)-ро" ба калимаҳои "ва санъат (аз ҷумла барномаҳои эстрадӣ, сирк ё лӯхтакӣ) ва ё ифодаи фолклорро" иваз карда шаванд;
- бандҳои 25 - 28 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"25) ба маълумоти умум расонидан барои истифодаи интерактивӣ ба маълумоти умум расонидани асарҳо ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он тарзе, ки намояндагони омма метавонанд онҳоро аз ҳар ҷой ва ҳар вақт мутобиқи интихобашон дастрас кунанд;
26) иттилоъ дар бораи идора кардани ҳуқуқҳо - ҳар гуна иттилои аз ҷониби дорандагони ҳуқуқ пешниҳодшаванда, ки асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда, муаллиф, ё дигар дорандаи ҳуқуқро муайян (идентификатсия) менамояд, ё иттилоъ дар бораи шароити истифодаи асар ё дигар объект ва ҳар гуна рақам ва рамзҳое, ки дар онҳо чунин иттилоъ гузошта шудааст, бо вуҷуди он, ки ҳаргуна чунин ҷузъиёти иттилоъ дар нусхаи асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда нишон дода шудаанд, ё вобаста бо хабар додан ё расонидани чунин асар ё дигар объект барои маълумоти умум пайдо мешаванд;
27) воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он - ҳар гуна дастгоҳҳои босамари техники ва қисмҳои онҳо, ки дастрасиро ба асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он назорат менамоянд ва амалҳоеро, ки нисбати асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки аз ҷониби дорандагони ягон ҳуқуқи аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда иҷозат дода шудаанд, пешгирӣ ва маҳдуд мекунанд;
28) инъикоси овоз ё тасвир - шакли рақамии пешниҳоди овоз ё тасвир бо ёрии воситаҳои техникии дахлдор.".
2. Банди 3 моддаи 4 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"3) асарҳое, ки онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. Дар ин ҳолат асарҳои соҳибҳуқуқони давлатҳои хориҷии иштирокчиёни санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон аз ҳифзе бархӯрдоранд, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад (реҷаи миллӣ).".
3. Банди 2 қисми якуми моддаи 6 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"2) асарҳои адабиёт (адабию бадеӣ, илмӣ, таълимӣ, публитсистӣ ва ғайра, ҳамчунин тамоми намуди барномаҳо барои МЭҲ, аз ҷумла барномаҳои амали ва системаҳои амалиётие, ки метавонанд дар ҳар забон ва дар ҳар шакл, инчунин дар матни ибтидоӣ ва рамзи объекти таҷассум гарданд);".
4. Дар моддаи 16:
- ба қисми якум банди 10 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"10) ба маълумоти умум расонидани асар барои истифодаи интерактивӣ (ҳуқуқи ба маълумоти умум расонидан).";
- ба қисми чорум ҷумлаи якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи асараш ҳуқуқ дорад (ҳуқуқ ба ҳаққи қалам).".
5. Ба моддаи 17 қисми нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳангоми таъмини ҳифзи асар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз мӯҳлати муқаррарнамудаи мамлакате, ки дар он асар офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.".
6. Дар моддаи 18 калимаҳои "моликияти давлатӣ" ба калимаҳои "сарвати ҷамъиятӣ" иваз карда шаванд.
7. Ба қисми дуюми моддаи 19 банди 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"5) ҳар як таҷдиди беиҷозати асар, ки ба маълумоти умум барои истифодаи интерактивӣ расонида шудааст.".
8. Ба қисми дуюми моддаи 34 бандҳои 6-8 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"6) тавассути фурӯш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият паҳн кардани нусхаи асл ё нусхаи иҷрое, ки дар фонограмма сабт шудааст. Агар нусхаи асл ё нусхаҳои қонунан нашршудаи фонограмма тавассути фурӯш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шуда бошанд, паҳнкунии ояндаи онҳо бе иҷозати иҷрогар ва бе пардохти ҳаққӣ қалам мумкин аст;
7) барои истифодаи интерактивӣ ба маълумоти умум расонидани иҷро ё намоише, ки дар фонограмма сабт шудааст;
8) ҷой додани иҷрои сабтшуда дар фазои рақами ба тарзе, ки он дар реҷаи вақти воқеӣ ба ҳар як истифодабаранда мутобиқи интихоби ӯ дастрас шавад.".
9. Ба қисми дуюми моддаи 35 бандҳои 5 ва 6 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"5) расонидани фонограмма ба маълумоти умум барои истифодаи интерактивӣ;
6) ҷой додани фонограммаҳо дар фазои рақами ба тарзе, ки он дар реҷаи вақти воқеӣ ба ҳар як истифодабаранда мутобиқи интихоби ӯ дастрас шавад.".
10. Ба қисми дуюми моддаи 36 банди 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"6) тавассути фурӯш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият дар байни омма паҳн кардани сабти барнома ё нусхаҳои сабти барнома. Ин ҳуқуқҳо ба истиснои ҳуқуқи ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо иҷозати ташкилоти пахши эфири тавассути фурӯш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шудаанд, қатъ мегарданд. Ҳуқуқи ба кироя додан сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба сабти барнома ё нусхаи он, ба ташкилоти пахши эфирӣ боқи мемонад.".
11. Ба қисми дуюми моддаи 37 банди 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"6) тавассути фурӯш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият дар байни омма паҳн кардани сабти барнома ё нусхаҳои сабти барнома. Ин ҳуқуқҳо ба истиснои ҳуқуқи ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо иҷозати ташкилоти пахши кабели тавассути фурӯш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шудаанд, қатъ мегарданд. Ҳуқуқи ба кироя додан сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба сабти барнома ё нусхаҳои он, ба ташкилоти пахши кабелӣ боқи мемонад.".
12. Дар моддаи 47:
- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он инҳо мебошанд:
1) бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
2) паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як васоити техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбини гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад;
3) бе иҷозати соҳибҳуқуқ барҳам ё тағйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо.";
- қисмҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
13. Моддаи 48 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 48. Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо тарзе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, хамчунин бо роҳҳои зерин амалӣ мешавад:
1) ба ҷои ҷуброни зиён ситонидани даромад, ки вайронкунанда дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст овардааст;
2) пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷме, ки аз тарафи суд ба ҷои ҷуброни зарар ва ё ситонидани даромад муайян шудааст.
Нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограмма бо талаби соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба ӯ дода мешаванд.
Нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммае, ки аз тарафи соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он талаб карда нашудаанд, бояд нобуд карда шаванд.
Мавод ва таҷҳизоте, ки барои тайёр кардан ва таҷдиди нусхаҳои ғайриқонунии асарҳо ё фонограммаҳо истифода шудааст, нобуд карда ва ё ба фоидаи давлат дода мешаванд.
Соҳибони ҳуқуқи муаллифи ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намоянд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
3 марти соли 2006 № 162