Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 161 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи адвокатура" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод. 249; соли 2001, № 7, мод. 487) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Аз номи Қонуни конститутсиони калимаи "конститутсионии" хориҷ карда шавад.

2. Дар матни Қонуни конститутсиони калимаҳои "Қонуни конститутсионӣ", "Қонуни конститутсионии", "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо)", "юридикие" ва "юридикӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Қонун", "Қонуни", "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", "ҳуқуқие" ва "ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 2:

дар сархати якум калимаи "салоҳиятдор" ба калимаи "ваколатдор" иваз карда шавад;

аз сархати сеюм калимаҳои "дар асоси иҷозатнома (литсензия)" хориҷ карда шаванд.

4. Номи фасли V дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"ФАСЛИ V. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ ПУЛАКИИ АДВОКАТИ ВАКОЛАТДОР".

5. Моддаи 29 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 29. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти ёрии ҳуқуқии пулакии адвокати ваколатдор

Расонидани ёрии ҳуқуқии пулакӣ аз тарафи адвокати ваколатдор дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешавад.

Иҷозатнома барои фаъолияти ёрии ҳуқуқии пулакии адвокати ваколатдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.

Мақоме, ки иҷозатнома барои фаъолияти ёрии ҳуқуқии пулакӣ ба адвокати ваколатдор медиҳад, бояд коллегиалӣ бошад.".

6. Моддаҳои 30, 31 ва 32 хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

3 марти соли 2006 № 161