Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 160 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 490; с. 2003, № 12, мод. 685; с. 2004, № 5, мод. 347) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 19:

қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ба судяҳо ҳангоми ба истеъфо рафтан дар ҳаҷми музди меҳнати даҳмоҳа кӯмакпулии якдафъина дода мешавад.";

қисми панҷум хориҷ карда шавад;

қисмҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳум мутаносибан қисмҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, даҳум ва ёздаҳум ҳисоб карда шаванд.

2. Қисми панҷуми моддаи 71 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ба ҳайати шаҳрвандии дастгоҳҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ ва инчунин бахши судҳои ҳарбии дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳо, иловапулиҳо барои рутбаҳо ва собиқаи корӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 130 Қонуни конститутсионии мазкур сурат мегирад.".

3. Моддаи 109 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 109. Дараҷаи тахассусии судяҳо

Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусӣ дода мешаванд.

Дараҷаҳои тахассусии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Ба судяи ба истеъфо ё ба нафақа баромада дараҷаи тахассусиаш нигоҳ дошта мешавад.".

4. Моддаҳои 110 ва 111 хориҷ карда шаванд.

5. Дар моддаи 125:

қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Музди меҳнати судя аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи корӣ иборат аст.";

"Андоза ва тартиби додани иловапулӣ барои дараҷаи тахассусӣ ва собиқаи кории судя аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".

6. Дар қисми якуми моддаи 126 калимаҳои "бо пардохти ёрдампулии табобати ба маблағи ду музди меҳнат" хориҷ карда шаванд.

7. Ба моддаи 127 қисми ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад.

"Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан бо сабаби маъюбӣ дар ҳаҷми музди меҳнати даҳмоҳа кӯмакпулии якдафъина дода мешавад.".

8. Қисми панҷуми моддаи 130 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳо дода мешаванд. Рутбаҳои кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомномаи тартиби додани рутбаҳои кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Андоза ва тартиби додани иловапулиҳоро барои рутбаҳо ва собиқаи хизмат ба кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.".

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

3 марти соли 2006 № 160