ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 223; с.1997, № 9, мод. 110; с. 1998, № 10, мод. 111 ва 115; с. 2000, № 6, мод. 349; с. 2001, № 4, мод. 200; с. 2004, № 2, мод. 43) тағйироти зайл ворид карда шаванд:
1. Моддаи 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 13. Дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои кормандони Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба Раис, муовини ӯ ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусӣ ва ба кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиони рутбаҳо дода мешаванд.
Дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионӣ ва рутбаҳои кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиониро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои кормандони Дастгоҳи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.".
2. Дар моддаи 59:
аз қисми якум калимаҳои "унвони илмӣ, мукофотпулӣ" хориҷ карда шаванд;
қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Маоши вазифавӣ, андоза ва тартиби додани иловапулиҳои судяҳои Суди конститутсионӣ ва кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиониро барои дараҷаҳои тахассусӣ (рутбаҳо) ва собиқаи хизмат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.";
қисми сеюм хориҷ карда шавад;
дар қисми шашум баъди калимаи "Қонуни" калимаи "конститутсионии" илова карда шуда, калимаҳои "статуси судяҳо дар" ба калимаи "судҳои" иваз карда шавад;
қисмҳои 4, 5 ва 6 мутаносибан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисоб карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикисгон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
3 марти соли 2006 № 159