Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 156 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 7, мод. 398) тағйироти зайл ворид карда шавад:

Дар моддаи 56:

қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Музди меҳнати кормандони мақомоти прокуратура аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ (дараҷавӣ) ва собиқаи хизмат иборат аст. Иловапулӣ барои собиқаи хизмат ҳамчунин ба он кормандони мақомоти прокуратура дода мешавад, ки рутбаи тахассусӣ (дараҷавӣ) надоранд. Маоши вазифавӣ, андоза ва тартиби додани иловапулиҳои кормандони мақомоти прокуратураро барои рутбаҳои тахассусӣ (дараҷавӣ) ва собиқаи хизмат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.";

қисмҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум хориҷ карда шаванд;

қисми ёздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ба прокурорҳо ва муфаттишон ҳангоми ба нафақа баромадан, дар сурати доштани на камтар аз 10 соли собиқаи хизмат дар мақомоти прокуратура ё ҳангоми маъюбӣ дар ҳаҷми музди меҳнатӣ даҳмоҳа кӯмакпулии якдафъаина дода мешавад.";

қисми сенздаҳум хориҷ карда шавад;

қисмҳои 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 14, 15, 16, 17, 18, 19, 20, 21 ва 22 мутаносибан қисмҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16 ва 17 ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

3 марти соли 2006 № 156