ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЬИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 3, мод. 130) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 5 моддаи 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"5. Барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёри дохил мешаванд, мӯҳлати хизмати ҳарбияшон барои таъин намудани нафақа ва пардохти иловапулӣ барои собиқаи хизмат аз ҳисоби ду соли собиқаи умумии меҳнатии онҳо дар вазифаҳои ғайринизоми баробар ба як соли хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад, ба шарте, ки мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо на кам аз 10 соли тақвимиро ташкил диҳад.".
2. Дар моддаи 11:
- дар қисми 1 калимаҳои "пардохтҳои моҳонаю дигар пардохтҳои иловагиро (минбаъд - пардохтҳои иловагӣ)" ба калимаҳои "иловапулиҳо барои собиқаи хизматӣ" иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"2. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.";
аз қисми 4 калимаҳои "барои категорияҳои мувофиқи хизматчиёни ҳарбии давлате, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ таҳсил мекунанд" хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 12:
- қисмҳои 1, 2, 5, 6 хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 12 калимаҳои "Инчунин Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) метавонанд дар доираи маблағе, ки ба Вазорати мудофиа (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи Қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) иловапулӣ ва пардохтҳо муқаррар намоянд" хориҷ карда шаванд;
- қисмҳои 3, 4, 7, 8, 9, 10, 11, 12 ва 13 мутаносибан қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ҳисобида шаванд.
4. Сархати чоруми қисми 1 моддаи 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"пардохти ҷубронпулӣ бар ивази озуқаи (хӯроки) муқарраршуда ба андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои соли молиявии дахлдор ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд, ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба хизмати ҳарбӣ ба вазифаи афсари ва прапоршики даъват шудаанд ва ба курсантҳо бошад, танҳо дар вақти истифодабарии рухсатӣ;".
5. Ҷумлаи сеюми қисми 4 моддаи 15 хориҷ карда шавад.
6. Сархати сеюми қисми 2 моддаи 18 хориҷ карда шавад.
7. Ба банди якуми қисми 3 моддаи 21 баъди калимаҳои "ҳангоми доштани мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии зерин" калимаҳои "бо ҳисоби тақвимӣ" илова карда шуда, зербандҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашуми банди мазкур дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"- то 5 сол ба андозаи 2 маоши таъминоти пулӣ;
- аз 5 то 10 сол ба андозаи 5 маоши таъминоти пулӣ;
- аз 10 то 15 сол ба андозаи 6 маоши таъминоти пулӣ:
- аз 15 то 20 сол ба андозаи 7 маоши таъминоти пулӣ;
- аз 20 то 25 сол ба андозаи 8 маоши таъмиоти пулӣ;
- аз 25 то 30 сол ба андозаи 9 маоши таъминоти пулӣ;
- зиёда аз 30 сол ба андозаи 10 маоши таъминоти пулӣ.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
3 марти соли 2006 № 155