ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"
Моддаи 1. Қисми якуми моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 352) дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Таъминоти пулии кормандони милитсия аз маоши моҳонаи вазифавӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии кормандони милитсияро ташкил медиҳанд ва аз иловапулӣ барои собиқаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони милитсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Презеденти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
3 марти соли 2006 № 153