Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 113 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2007с. № 108 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 9, 11 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомнома дар бораи тартиби коркард, истеҳсол, лоиҳакашӣ, сохтмон (насбкунӣ), харидорӣ, истифодабарӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз хориҷа ворид намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1994 № 371 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар сархати якуми банди 8 ва дар сархатҳои якум ва дуюми банди 12 пас аз калимаҳои "мақомоти Бозрасии давлатии алоқаи" калимаҳои "ва Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

дар банди 14 пас аз калимаҳои "мақомоти Бозрасии давлатии алоқа" калимаҳои "ва Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва пас аз калимаҳои "дар ин ҳолат" калимаи "онҳо" илова карда шуда, калимаҳои "мақомоти Бозрасии давлатии алоқа" хориҷ карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004 № 331 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар сархати 3 банди 3 пас аз калимаҳои "Сардори Бозрасии давлатии алоқа дар назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ",Директори Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"5. Корҳои таъҷили ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи мавод барои фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагони Бозрасии давлатии алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2006 № 113

ш. Душанбе