ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ба зинаи сифатан нав бардоштани рушди фарҳанг, таъмини фаъолияти самараноки кулли муассисаҳо ва самтҳои фарҳанг, инчунин сохторҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, эҳё ва истифодаи мероси фарҳангӣ ва мувофиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти давлатии дахлдор ҷиҳати татбиқи Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсус таҳия сохта, оид ба рафти иҷрои он ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории татбиқи Консепсияи мазкурро дар доираи ҳаҷми маблағҳое, ки ҳар сол барои дастгирии давлатии соҳаи фарҳанг ҷудо карда мешаванд, инчунин бо ҷалб намудани грантҳо ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ анҷом диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2005 № 501
ш. Душанбе