Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2005, № 470
тасдиқ шудааст.
Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра
(қарор аз 02.07.2008с. № 318, аз 2.09.2010с. № 446)
1. Ҳамин Дастурамал шароити шаклҳои сафари дастаҷамъии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба ҳаҷ ва умра муайян намуда, масъулияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) дар ташкил ва гузаронидани сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра муқаррар менамояд.
2. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ҳаҷ намуданро доранд, тибқи квотаи барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳури муқарраршуда дар давоми сол ва на дертар аз як моҳ то оғози маросими ҳаҷ ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи номгӯи аз тарафи Кумита тасдиқшуда пешниҳод менамоянд. Талаб кардани ҳуҷҷатҳое, ки дар номгӯи нишон дода нашудаанд, манъ аст.
3. Шаҳрванде, ки ҳаҷ кардааст, метавонад бо гузашти 5-сол баъди сафари қабли такроран ҳаҷ намояд. Синну соли ҳаҷраванда бояд аз 18-сола боло бошад.
4. Ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурии хоҳишманди сафари ҳаҷ баъди барасмиятдарори бояд дар мӯҳлати 3 рӯз дар нуқтаҳои муайянкардаи Кумита ба қайд гирифта шуда, аз ин ҷой ба Кумита фиристода шаванд. Қарори Кумита оид ба ҳал намудани сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд барраси карда шавад.
5. Танзими ташкил ва гузаронидани умра дар давоми сол тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумита баъди мукаммалшавии гурӯҳҳои дахлдори шаҳрвандони озими умра анҷом дода мешавад.
6. Кумита вазифаҳои зеринро амали менамояд:
- дар ҳолатҳои зарури барои сафар кардан дар ҳайати гурӯҳи кори ва ё ба дигар сифате, ки барои ташкил ва гузаронидани ҳаҷ зарур аст, бо экспортҳо дар асоси пулаки шартнома мебандад;
- барои сафари муташаккилонаи шаҳрвандон ҳангоми ба ҷо овардани ҳаҷи фарзи тавассути нақлиёти ҳавои корҳои тадорукотиро ба анҷом расонида, инчунин оид ба таъмини хизматрасонии тибби ва танзими сафари ҳоҷиён чораҳои заруриро меандешад;
- ариза ва ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонеро, ки хоҳиши ҳаҷро доранд, барраси менамояд ва оид ба қонеъ гардонидан ва ё рад кардани онҳо барраси менамояд ва оид ба қонеъ гардонидан ва ё рад кардани онҳо қарор қабул мекунад;
- як моҳ қабл аз мавсими ҳаҷ қабули ҳуҷҷатҳоро қатъ мекунад ва барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷатҳои заруриро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани раводид, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарури барои муташаккилона гузаронидани ҳаҷ ва фиристодани гурӯҳҳои кори ба Шоҳигарии Арабистони Сауди пешниҳодҳо манзур менамояд;
- бо Корхонаи воҳидии давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва дигар ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ барои ташкили сафари ҳоҷиён ба Шоҳигарии Арабистони Сауди ва оид ба хизматрасони ба онҳо дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар ҳолатҳои зарури - барои ҷалби нақлиёти ҳавои аз хориҷ шартнома мебандад
- фаъолияти гурӯҳҳои кориро барои иҷрои талабот ва тартиби муайянкардаи Созишнома бо Вазорати ҳаҷи Шоҳигарии Арабистони Сауди ташкил ва таъмин намуда, роҳбарии диниро ба ҳоҷиён барои иҷрои маносики ҳаҷ амали мегардонад.
7. Хидматҳои Кумита дар мавриди гузаронидани сафари дастаҷамъи ба ҳаҷ, масрафҳо барои таъмини роҳбаладии гурӯҳҳои ҳоҷиён, хизматрасонии аввалияи тибби ба онҳо аз ҷониби шаҳрвандоне, ки ҳаҷ карда истодаанд, дар асоси қарордод пардохт мешавад.
Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2005 № 470
тасдиқ шудааст
Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра
1. Ҳамин Дастурамал шароити шаклҳои сафари дастаҷамъии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба ҳаҷ ва умра муайян намуда, масъулияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) дар ташкил ва гузаронидани сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра муқаррар менамояд.
2. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ҳаҷ намуданро доранд, тибқи квотаи барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳури муқарраршуда дар давоми сол ва на дертар аз як моҳ то оғози маросими ҳаҷ ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи номгӯи аз тарафи Кумита тасдиқшуда пешниҳод менамоянд. Талаб кардани ҳуҷҷатҳое, ки дар номгӯи нишон дода нашудаанд, манъ аст.
3. Шаҳрванде, ки ҳаҷ кардааст, метавонад бо гузашти 5-сол баъди сафари қабли такроран ҳаҷ намояд. Синну соли ҳаҷраванда бояд аз 18-сола боло бошад.
4. Ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурии хоҳишманди сафари ҳаҷ баъди барасмиятдарори бояд дар мӯҳлати 3 рӯз дар нуқтаҳои муайянкардаи Кумита ба қайд гирифта шуда, аз ин ҷой ба Кумита фиристода шаванд. Қарори Кумита оид ба ҳал намудани сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд барраси карда шавад.
5. Танзими ташкил ва гузаронидани умра дар давоми сол тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумита баъди мукаммалшавии гурӯҳҳои дахлдори шаҳрвандони озими умра анҷом дода мешавад.
6. Кумита вазифаҳои зеринро амали менамояд:
- дар ҳолатҳои зарури барои сафар кардан дар ҳайати гурӯҳи кори ва ё ба дигар сифате, ки барои ташкил ва гузаронидани ҳаҷ зарур аст, бо экспортҳо дар асоси пулаки шартнома мебандад;
- барои сафари муташаккилонаи шаҳрвандон ҳангоми ба ҷо овардани ҳаҷи фарзи тавассути нақлиёти ҳавои корҳои тадорукотиро ба анҷом расонида, инчунин оид ба таъмини хизматрасонии тибби ва танзими сафари ҳоҷиён чораҳои заруриро меандешад;
- ариза ва ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонеро, ки хоҳиши ҳаҷро доранд, барраси менамояд ва оид ба қонеъ гардонидан ва ё рад кардани онҳо барраси менамояд ва оид ба қонеъ гардонидан ва ё рад кардани онҳо қарор қабул мекунад;
- як моҳ қабл аз мавсими ҳаҷ қабули ҳуҷҷатҳоро қатъ мекунад ва барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷатҳои заруриро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани раводид, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарури барои муташаккилона гузаронидани ҳаҷ ва фиристодани гурӯҳҳои кори ба Шоҳигарии Арабистони Сауди пешниҳодҳо манзур менамояд;
- бо Корхонаи воҳидии давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" барои ташкили сафари ҳоҷиён ба Шоҳигарии Арабистони Сауди ва оид ба хизматрасони ба онҳо дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар ҳолатҳои зарури - барои ҷалби нақлиёти ҳавои аз хориҷ шартнома мебандад;