Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 470 "Дар барои ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра"

Санаи амалкуни: 02.09.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар барои ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра

(қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226, аз 2.09.2010с. № 446)

Бо мақсади ба тартиб даровардан ва беҳтар намудани сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ташкил, гузаронидан ва танзими сафари дастаҷамъии ҳаҷ ва умра ба зиммаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226).

Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226):

- ҳар сол гурӯҳи кориро ба Шоҳигарии Арабистони Сауди барои бастани шартнома оид ба ташкил ва гузаронидани ҳаҷ фиристонад;

- ҳиссаи ҳаҷравандагонро мутобиқи миқдори аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ҳаҷми квотаи муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Сауди муайян намуда, ба маълумоти Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо расонад.

3. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шароиту тартиби адои маносики ҳаҷ корҳои маърифатиро тавассути воситаҳои ахбори умум ба роҳ монанд (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226).

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро барои муташаккилона гузаронидани ҳаҷ таъмин намуда, ба сафари гурӯҳҳои кори ба Шоҳигарии Арабистони Сауди мусоидат намояд.

5. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва дигар ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ сафари ҳоҷиёнро ба Шоҳигарии Арабистони Сауди таъмин намоянд. Мӯҳлат ва шароити сафари ҳоҷиён аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226, аз 2.09.2010с. № 446).

6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои сафари ҳоҷиёнро ҳамчун мусофирати дастаҷамъи ба хориҷа бе таъхир ба расмият дарорад.

7. Ҳамаи хароҷоти оид ба ташкил ва гузаронидани ҳаҷ аз ҷониби шаҳрвандоне, ки хоҳиши ҳаҷ карданро доранд, аз ҳисоби онҳо ба воситаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

8. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои саривақтии ин қарорро таъмин намояд (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226).

9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 457 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2005 № 470

ш. Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра

(қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226)

Бо мақсади ба тартиб даровардан ва беҳтар намудани сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ташкил, гузаронидан ва танзими сафари дастаҷамъии ҳаҷ ва умра ба зиммаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226).

Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226):

- ҳар сол гурӯҳи кориро ба Шоҳигарии Арабистони Сауди барои бастани шартнома оид ба ташкил ва гузаронидани ҳаҷ фиристонад;

- ҳиссаи ҳаҷравандагонро мутобиқи миқдори аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ҳаҷми квотаи муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Сауди муайян намуда, ба маълумоти Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо расонад.

3. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шароиту тартиби адои маносики ҳаҷ корҳои маърифатиро тавассути воситаҳои ахбори умум ба роҳ монанд (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226).

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро барои муташаккилона гузаронидани ҳаҷ таъмин намуда, ба сафари гурӯҳҳои кори ба Шоҳигарии Арабистони Сауди мусоидат намояд.

5. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" сафари ҳоҷиёнро ба Шоҳигарии Арабистони Сауди таъмин намоянд. Мӯҳлат ва шароити сафари ҳоҷиён аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (қарор аз 2.07.2008с. № 318, аз 3.05.2010с. № 226) .