ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Дастуруламали тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо
Мутобиқи моддаи 99 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастуруламали замимашудаи тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо тасдиқ карда шавад.
2. Комиссияи байниидоравии аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаро дар бораи комиссиями байниидоравии аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо тасдиқ намоянд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2002 № 249 "Дар бораи тасдиқи Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо" аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Ҳамин қарор аз 1 декабри соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2005 № 473
ш. Душанбе