ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумруӣ барои хизматрасонии гумрукӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.07.2006с. № 319, аз 02.12.2008с. № 613, аз 3.03.2011с. № 137, аз 20.04.2021 № 176, аз 30.03.2024 № 205)
Мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Андозаи хироҷҳои гумруки замимагардида барои хизматрасонии гумрукӣ тасдиқ, карда шаванд.
2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2005 № 472
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" марти соли 2011 № 137
Андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ
+------------------------------------------------+-------------------+
| Номгӯи хизматрасонии гумрукӣ |Андозаи хироҷҳои |
| | гумрукӣ |

|1. Хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории |10 доллари ИМА |
|гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёте, ки арзиши |20 доллари ИМА |
|гумрукиаш чунин микдорро ташкил медиҳад: |70 доллари ИМА |
|-аз 101 то 5001 долл. ИМА (қарор аз 30.03.2024 |150 доллари ИМА |
|№ 205) | |
|-аз 5001 то 10001 долл. ИМА |450 доллари ИМА |
|-аз 10001 то 50001 долл. ИМА | |
|-аз 50001 то 100001 долл. ИМА | |
|-аз 100001 доллари ИМА ва зиёда аз он | |
+------------------------------------------------+-------------------+
|2. Хироҷ барои мушоияти гумрукии мол барои як ё |2 доллари ИМА |
|якчанд воситаҳои нақлиётии ибората аз як | |
|колонна (барои 10 км). | |

|3. Хироҷ барои нигаҳдории мол дар анборҳои | |
|мақомоти гумрук: | |
|- воситаҳои нақлиёт, барои як воҳид дар як |0,5 доллари ИМА |
|шабонарӯз | |
|-молҳо, барои 50 кг дар як шабонарӯз |0,01 доллари ИМА |

|4. Хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи |50 доллари ШМА |
| тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи | |
| гумрукӣ | |

Эзоҳ: Маблағи хироҷҳои гумрукии бо доллари ИМА ҳисобшаванда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули эъломияи бори гумрукӣ ё иҷозати мол аз тарафи мақомоти гумрукӣ супорида мешавад. Андозаи хироҷҳои гумрукие, ки дар банди 1 дарҷ шудааст, нисбати молу воситаҳои нақлиёти таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ ҷойгирбуда татбиқ намегардад
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумруӣ барои хизматрасонии гумрукӣ
Мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Андозаи хироҷҳои гумруки замимагардида барои хизматрасонии гумруки тасдиқ, карда шаванд.
2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2005 № 472
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" марти соли 2011 № 137
Андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ
+------------------------------------------------+-------------------+
| Номгӯи хизматрасонии гумрукӣ |Андозаи хироҷҳои |
| | гумрукӣ |
+------------------------------------------------+-------------------+
|1. Хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории |10 доллари ИМА |
|гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёте, ки арзиши |20 доллари ИМА |
|гумрукиаш чунин микдорро ташкил медиҳад: |70 доллари ИМА |
|-то 5001-долл. ИМА |150 доллари ИМА |
|-аз 5001 то 10001 долл. ИМА |450 доллари ИМА |
|-аз 10001 то 50001 долл. ИМА | |
|-аз 50001 то 100001 долл. ИМА | |
|-аз 100001 доллари ИМА ва зиёда аз он | |
+------------------------------------------------+-------------------+
|2. Хироҷ барои мушоияти гумрукии мол барои як ё |2 доллари ИМА |
|якчанд воситаҳои нақлиётии ибората аз як | |
|колонна (барои 10 км). | |
+------------------------------------------------+-------------------+
|3. Хироҷ барои нигаҳдории мол дар анборҳои | |
|мақомоти гумрук: | |
|- воситаҳои нақлиёт, барои як воҳид дар як |0,5 доллари ИМА |
|шабонарӯз | |
|-молҳо, барои 50 кг дар як шабонарӯз |0,01 доллари ИМА |
+------------------------------------------------+-------------------+
|4. Хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи |50 доллари ШМА |
| тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи | |
| гумрукӣ | |
+------------------------------------------------+-------------------+
Эзоҳ: Маблағи хироҷҳои гумрукии бо доллари ИМА ҳисобшаванда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи барасмиятдарории ордери хазинавии гумрукӣ, қабули эъломияи бори гумрукӣ ё иҷозати мол аз тарафи мақомоти гумрукӣ супорида мешавад.