Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 472 "Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумруӣ барои хизматрасонии гумрукӣ"

Санаи амалкуни: 30.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумруӣ барои хизматрасонии гумрукӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.07.2006с. № 319, аз 02.12.2008с. № 613, аз 3.03.2011с. № 137, аз 20.04.2021 № 176, аз 30.03.2024 № 205)

 

Мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Андозаи хироҷҳои гумруки замимагардида барои хизматрасонии гумрукӣ тасдиқ, карда шаванд.

2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2005 № 472

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" марти соли 2011 № 137

Андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ

(қарор аз 3.03.2011с. № 137)

+------------------------------------------------+-------------------+
|  Номгӯи хизматрасонии гумрукӣ                  |Андозаи хироҷҳои   |
|                                                |     гумрукӣ       |
+------------------------------------------------+-------------------+
|1. Хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории        |10 доллари ИМА     |
|гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёте, ки арзиши   |20 доллари ИМА     |
|гумрукиаш чунин микдорро ташкил медиҳад:        |70 доллари ИМА     |
|-аз 101 то 5001 долл. ИМА (қарор аз 30.03.2024  |150 доллари ИМА    |
|№ 205)                                          |                   |
|-аз 5001 то 10001 долл. ИМА                     |450 доллари ИМА    |
|-аз 10001 то 50001 долл. ИМА                    |                   |
|-аз 50001 то 100001 долл. ИМА                   |                   |
|-аз 100001 доллари ИМА ва зиёда аз он           |                   |
+------------------------------------------------+-------------------+
|2. Хироҷ барои мушоияти гумрукии мол барои як ё |2 доллари ИМА      |
|якчанд  воситаҳои  нақлиётии ибората аз як      |                   |
|колонна (барои 10 км).                          |                   |
+------------------------------------------------+-------------------+
|3. Хироҷ барои нигаҳдории мол дар анборҳои      |                   |
|мақомоти гумрук:                                |                   |
|- воситаҳои нақлиёт, барои як воҳид дар як      |0,5 доллари ИМА    |
|шабонарӯз                                       |                   |
|-молҳо, барои 50 кг дар як шабонарӯз            |0,01 доллари ИМА   |
+------------------------------------------------+-------------------+
|4. Хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи     |50 доллари ШМА     |
|   тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи   |                   |
|   гумрукӣ                                      |                   |
+------------------------------------------------+-------------------+

Эзоҳ: Маблағи хироҷҳои гумрукии бо доллари ИМА ҳисобшаванда бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули эъломияи бори гумрукӣ ё иҷозати мол аз тарафи мақомоти гумрукӣ супорида мешавад. Андозаи хироҷҳои гумрукие, ки дар банди 1 дарҷ шудааст, нисбати молу воситаҳои нақлиёти таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ ҷойгирбуда татбиқ намегардад(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.04.2021 № 176аз 30.03.2024 № 205).

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи андозаи хироҷҳои гумрукӣ барои хизматрасонии гумрукӣ

Мутобиқи моддаи 348 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Андозаи хироҷҳои гумрукӣ замимагардида барои хизматрасонии гумрукӣ тасдиқ, карда шаванд.

2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2005 № 472

ш. Душанбе