Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 475 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 605 бе эътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 232 Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 4 фасли 11 аз Номгӯи корхонаҳои давлати, муассисаҳо ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки фаъолиятро дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.

2. Ба Номгӯйи корхонаҳои давлати ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, банди 30 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"30. Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Трансформатор".

3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ, қабул ва супоридани Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Трансформатор"-ро таъмин намуда, бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи роҳбарии фаврии саҳмияҳои мутааллиқи давлатбудаи ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Трансформатор"-ро ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2005 № 475

ш. Душанбе