ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 № 477
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 № 477 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал доир ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон" банди 5 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"5. Истеҳсоли моддаҳои вайронкунандаи озон, маҳсулоти нигоҳдорандаи онҳо, воридоту реэкспорти моддаҳои вайронкунандаи озон, ки дар замимаи № 1 Низомномаи тартиби воридоти моддаҳои вайронкунандаи озон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рӯйхати А ва В феҳристи моддаҳои вайронкунандаи озон нишон дода шудааст ва воридоти онҳо мавриди танзими давлати қарор доранд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад".
Банди 5 мутобиқан банди 6 ҳисобида шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2005 № 517
ш. Душанбе