ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи байторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, № 12, мод.701) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми дуюми моддаи 6 калимаҳои "ё бекор намудани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) барои фаъолият" хориҷ карда шаванд.
2. Моддаи 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии байтори
Фаъолияти хусусии байтори дар асоси иҷозатнома (литсензия) амали карда мешавад.
Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии байтори бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.".
3. Сархати ҳафтуми қисми дуюми моддаи 11 хориҷ карда шавад.
4. Матни моддаи 24 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба куштани ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, ашёи хоми ҳайвонот машғуланд, фаъолияти худро дар асоси аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсоли амалӣ мекунанд.
Тартиби гузаронидани аттестатсияи байторию санитарӣ ва гирифтани иҷозати байторию санитарӣ ба содироти гӯшт ва махсулоти гуштӣ, ашёи хоми ҳайвонот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридоти чунин махсулотро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
5. Қисми сеюми моддаи 39 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
26 декабри соли 2005 № 117