Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005 № 141 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, моддаи 340; соли 2000, № 11, моддаи 533, моддаи 552; соли 2004, № 2, моддаи 37, моддаи 53; соли 2005, № 3, моддаи 118, №7, моддаи 408) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.".

2. Ба моддаи 1 қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад .".

3. Дар қисми якуми моддаи 2:

сархати чорум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;"

дар сархати панҷум калимаи "кардан" хориҷ карда, калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.

4. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".

5. Дар ном ва матни моддаи 4 калимаи "сохтмон" ба калимаи "ташкил" иваз карда шавад.

6. Аз қисми сеюми моддаи 5 калимаҳои "Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.

7. Дар моддаи 6:

дар қисми якум калимаҳои "ҳарбии хатмӣ" ба калимаи "ҳарбӣ" иваз карда шаванд.

дар қисми сеюм калимаи "Мувофиқатномаҳои" ба калимаи "Шартномаҳои (қарордодҳои)" иваз карда шавад.

8. Моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 8. Идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми асосии идоракунии амалии қӯшунҳо Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки:

- нақшаи истифодабарии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои сафарбарӣ ва нақшаи ба таври фаври таҷҳизонидани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати мудофиаи мамлакат таҳия менамояд;

- оид ба доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор, ҳайат ва ҷойгиршавии қӯшунҳо, таъмини онҳо бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад;

- идоракунии амалии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;

- фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад;

- тайёрии сафарбарӣ ва ҷойгиркунонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

- тайёрии зарурии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;

- омодагии амалии ситодҳо ва қӯшунҳоро ташкил менамояд;

- тадқиқоти илмию ҳарбии дорои хусусияти амалии стратегиро ба роҳ мемонад;

- нигоҳдории сирри давлатиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи низомномаи дахлдор иҷро мекунад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

28 декабри соли 2005 № 141