ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОНКҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 10, мод. 143; с. 2002, № 11, мод 669) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми нӯҳуми моддаи 19 хориҷ карда шавад.
2. Моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 23. Талаботи иловагӣ барои таъсис ва фаъолияти бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ
Бонк ӯҳдадор аст, ки барои зиёд намудани сармояи оинномавии худ аз ҳисоби воситаҳои ғайрирезидентҳо ва барои додани (аз ҷумла фурӯши) саҳмияҳои худ ба фоидаи ғайрирезидентҳо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад. Аҳдҳои мазкур дар хусуси ба фоидаи ғайрирезидентҳо додани саҳмияҳо, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, беэътибор мебошанд.
Ариза дар бораи аз ҳисоби воситаҳои ғайрирезидентҳо зиёд намудани сармояи оинномавии бонк ва дар бораи додани саҳмияҳо ба фоидаи ғайрирезидентҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ аз рӯзи ворид гардидани он барраси гардида, дар бораи додани розиги барои бастани аҳдҳои дар ариза зикргардида ё радкунии далелнок қарор қабул карда мешавад. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ дар бораи қарори қабулкардааш ба аризадиҳанда дар шакли хаттӣ хабар надиҳад, ин ҳолат гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон барои бастани аҳдҳои мазкур ҳисобида мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба иҷрои амалиёти бонкӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбати бонкҳо бо иштироки сармояи Тоҷикистон ва филиалҳои бонкҳои Тоҷикистон маҳдудиятҳо дар таъсис додан ва фаъолияти бонкҳо татбиқ карда шаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" муқарраршуда нисбати бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба меъёрҳои ҳатмӣ, тартиби пешниҳод кардани ҳисобот, тасдиқи ҳайати роҳбарият ва феҳристи (реестри) амалиёти иҷрокардашавандаи бонкӣ, инчунин андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавии бонкҳои аз нав бақайдгирифташаванда бо сармояи хориҷӣ ва андозаи ҳадди ақали сармояи филиалҳои аз нав бақайдгирифташавандаи бонкҳои хориҷӣ талаботи иловагӣ муқаррар намояд".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 декабри соли 2005 № 133