ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАБЪУ НАШР"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи табъу нашр" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 1, мод. 28; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, мод. 48; соли 1997, № 9, мод. 117; соли 1999, № 12, мод. 329; соли 2002, № 11, мод. 726; соли 2004, № 5, мод. 338) тағйироти зайл ворид карда шаванд:
1. Моддаи 15 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 15. Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмӣ
Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии маҳсулоти чопие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ мерасанд ё аз ҷониби ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа нашр ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз ҳисоби ташкилотҳои табъу нашр баъди нашр ва пеш аз паҳн намудан тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ фиристонида мешаванд.
Номгӯйи мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатиро, ки нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмиро мегиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Барои вайрон кардани тартиби ирсоли нусхаҳои назоратии ройгон ва ҳатмии маҳсулоти чопи шахсони масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.".
2. Моддаи 16 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 16. Бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои табъу нашр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ" амалӣ карда мешавад.
Баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Тартиби баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
3. Моддаи 24 хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 декабри соли 2005 № 144