ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 № 1625
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 № 1625 "Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 ноябри соли 2005 андозаҳои амалкунандаи стипендияҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 100 (сад) фоиз зиёд карда шаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2005 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти сохтори дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, 612000 (шашсаду дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доранд, дар мувофиқа бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастуруламал оид ба тартиби пардохти стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро дар доираи маблағҳои дар буҷети давлати пешбинишуда, бо дарназардошти дастгирии донишҷӯёни бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат таҳия ва тасдиқ намоянд.
4. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- бандҳои 1 ва 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1998 № 488 "Дар бораи зиёд кардани стипендияҳо бинобар зиёд шудани маоши ҳадди ақал ва музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ";
- банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 481 "Дар бораи чораҳои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2000 № 431 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, ставкаҳои тарифӣ ва маоши кормандони гурӯҳҳои алоҳидаи соҳаи буҷетӣ ва тадбирҳо ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2005 № 466
ш. Душанбе