Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2005 №116 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1998, № 23-24, моддаи 342) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар матни Кодекс калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" ва калимаҳои "Идораи авиатсияи гражданӣ (Департаменти авиатсияи гражданӣ)" ба калимаҳои "мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 2 калимаи "иқтисодиёт," ба калимаҳои "иқтисодиёт ба" иваз карда шаванд.

3. Моддаи 25 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Назорати давлатиро ба фаъолият дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, амали мегардонад.

Низомномаи мақоми махсуси ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".

4. Дар сархати 3 қисми дуюми моддаи 99 калимаи "дусоларо" ба калимаи "панҷсоларо" иваз карда, дар давоми матн калимаи "дусола" ба калимаи "панҷсола" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

26 декабри соли 2005 № 116