ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, № 4, қ 1, моддаи 308) тағйироти зайл ворид карда шавад:
Қисми чоруми моддаи 15 хориҷ карда шавад.
Моддаи 19 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 19. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият оид ба имзои электронии рақамӣ
Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасони вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" анҷом дода мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
26 декабри соли 2005 № 122