Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 аз 31 октябри соли 2005, № 421

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2005 № 421

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010

Зарурати қабул ва татбиқи Барнома

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили кишварҳоест, ки дар як давраи начандон зиёди баъди ба даст овардани истиқлолияти комил дар арсаи байналмилали обрӯву эьтибор пайдо карда, мавқеи хешро муайян намудааст.

Дар шароити имрӯзаи зиндаги назди мо вазифаҳое истодаанд, ки иҷро намудани онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти калонеро доро мебошанд. Бо ибораи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Шарифович Раҳмонов "Пеш аз ҳама бояд дар сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷори намудани низоми нави ҷаҳондори, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву дини ва иҷтимои дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яьне Ватан ва истиқлолияти милли муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем".

Бешубҳа, асоси тафаккури нави сиёси ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии милли, ҳисси ватандӯстиву ватанпарасти, таьмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзи ва манфиатҳои умумимилли ташкил медиҳанд.

Арзишҳои умумимилли ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои он бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёси, мазҳаби ва гурӯҳи боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад.

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 барномаеро қабул кард, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарасти ва эҳтиром ба рамзҳои давлати буд.

Бо назардошти тақвият бахшидан дар ин ҷода ва бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти идораи давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, № 29 "Дар бораи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005" қабул гардид, ки бо иҷрои он як қатор корҳои судманд дар ҷумҳури амали гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон дар мулоқот бо ҷавонони ҷумҳури 21 май соли 2005 иброз намуданд, ки "Ба андешаи ман, одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо дар давоми даҳ-дувоздаҳ соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиноси ва нангу номуси милли дар байни онҳо торафт густариш ёфта истодааст, ки ин боиси қаноатмандист. Мо бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат ва умедворкунанда арзёби кунем ва ба тавсеаи он мусоидат намоем".

Тазаккур бояд дод, ки воқеан ҳам аз ҷониби мақомоти роҳбарии ҷумҳури дар ин самт тадбирҳои муҳиму саривақти андешида мешавад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таьсис додани Шӯрои ҷумҳуриявии байнисоҳавии ҳамоҳангсоз оид ба тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон ва таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамьияти дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон мисоли ин гуфтаҳост.

Ҷараёни татбиқи барномаҳои вусъатдори давлати оид ба ватанпарасти собит месозад, ки бояд дар ин ҷода усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амали карда шаванд. Барои он ки дар ниҳоди насли ҷавони кишвар эҳсоси ватандӯстиву ватанпарасти ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таьрих ва фарҳанги пурғановату арзишмандамон огоҳии бештаре дошта бошанд.

Самти фаъолият дар масъалаи мазкур дар паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли Э.Ш. Раҳмонов ба таври васеҳу равшан баён гардиданд. Тавре ки сарвари давлат таъкид намуданд: "Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрванди ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёси ва арзишҳое бархӯрдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд".

Қабули Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" (минбаъд Барнома) талаботи марҳилаи кунуни буда, амали намудани он то андозае метавонад бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлати бештар гардонад.

Воситақои амалӣ гардонидани Барнома

Кумитаи кор ба ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози давлатии амали намудани Барнома буда, барои иҷрои самараноки он вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар маҳалҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҷалб менамояд. Баҳри иҷрои бандҳои алоҳида ва номгӯи чорабиниҳои Барнома Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд, ки мақомоти давлати ва ташкилотҳои ғайридавлати ҳуқуқ доранд дар озмун ширкат намоянд. Uолибони озмун бо муаррифии Барнома ё лоиҳаҳо даъват карда мешаванд. Бо муассиса ва ё ташкилотҳои ҷамъиятии дар озмун ғолибгардида оид ба амалисозии лоиҳа Созишнома баста мешавад, ки дар он ӯҳдадории тарафҳо ва тариқи маблағгузории барномаву лоиҳаҳо дарҷ мегарданд.

Ба инобат гирифта шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дар асоси ин Барнома барномаҳои комплексиву мақсадноки мушаххасро вобаста ба шароит ва имконияти маҳал таҳия ва тасдиқ намуда, баҳри татбиқи босамари он чораҳои зарури андешанд.

Сохтори Барнома

1. Ташаккули фазои меъёрии ҳуқуқии тарбияи ҳарбию ватанпарастии ҷавонон

2. Чорабиниҳои ташкилию оммави

3. Чорабиниҳои ҳарбию варзиши дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон

4. Ташаккули асосҳои илмию назарияви ва методии тарбияи ватанпарастии ҷавонон

5. Фаъолияти байнисоҳавию ҳамоҳангсози тарбияи ватанпарастии ҷавонон