ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 12, қисми 1, моддаи 689):
1. Дар моддаи 2:
- ба қисми 11 банди 15 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;";
- дар қисми 11 банди 15 банди 16 ҳисобида шавад.
2. Дар моддаи 6:
- ба қисми 1 банди 15 ба мазмуни зайл илова карда шавад:

- дар қисми 1 банди 15 банди 16 ҳисобида шавад.
3. Қисми дуюми моддаи 91 дар таҳрири зайл навишта шавад:
"Ҳамзамон аз рӯи маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобкардашуда пардохтани ӯҳдадориҳои андоз ба тарзи пайдарҳамии зерин амали карда мешавад:
а) дар навбати аввал ӯҳдадориҳои андози соли ҷори пардохта мешаванд (агар онҳо мавҷуд бошанд);
б) маблағи боқимонда барои пардохт кардани ӯҳдадориҳои андози солҳои гузашта, аз қарзҳои андози нисбатан дертар (қарзҳои андози ба соли ҷори хеле наздик) сар карда, то қарзҳои андози барвақттар (қарзҳои андози аз соли ҷори хеле дур) гузаронда мешавад.";
4. Дар моддаи 111 бандҳои 7 ва 8 дар таҳрири зайл навишта шаванд:
"7) тибқи тартиби муқарраргардида ба кормандони мақомоти андоз рутбаҳои дараҷави ва ба кормандони полиси андоз рутбаҳои махсус медиҳад;
8) тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба ҳайати олии афсарони полиси андоз додани рутбаҳои махсус ва ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои дараҷави тавсиянома пешниҳод менамояд;".
5. Дар қисми 3 моддаи 113:
а) калимаҳои "низомнома оид ба тартиби додани онҳо, ҳаҷми иловапули барои рутбаҳои дараҷави" хориҷ карда шаванд;
б) ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷави ба кормандони мақомоти андоз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
6. Дар қисми 2 моддаи 130 пас аз ҷумлаи якум ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Рутбаҳои махсуси кормандони полиси андоз аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд".
7. Дар моддаи 141 дар банди 16 пас аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои ", ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст. Бурдҳо аз вомбаргҳо ва лотереяҳо дар мавриди ифодаи арзиши ҳаҷми бурд на зиёда аз 50 сомони ба як вомбарг ё лотерея" илова карда шаванд.
8. Дар қисми 1 моддаи 202 ва қисми 1 моддаи 205 рақами "48" ба рақами "200" иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 211:
а) дар қисми 3:
- калимаҳои ", пахтаи коркарднашуда" хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои нав бо таҳрири зайл илова карда шаванд:
"Таҳвили пахтаи коркарднашуда, ба истиснои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Содироти пахтаи коркарднашуда бо андоз аз арзиши иловашуда андозбанди карда мешавад.
Таҳвили тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) ба Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин таҳвили тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табий (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.";
б) банди 5 қисми 4 дар таҳрири зайл навишта шавад:
"воридоти техникаи кишоварзи, дорувории тибби, таҷҳизоти тибби, фармасевти ва асбобҳои тибби мувофиқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
10. Ба қисми 1 моддаи 214 пас аз калимаи "аввалия" калимаҳои "металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қисми 3 моддаи 211 ҳамин Кодекс" илова карда шаванд.
11. Ба қисми 1 моддаи 215 банди 4 бо сархатҳои нави дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"4) ҳуҷҷатҳои маблағсупори ва навиштаҷоти бонк (нусхаи навиштаҷот), ки воридоти воқеии даромади арзиро аз таҳвили молҳо ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамоянд.
Дар ҳолате, ки агар шартнома (қарордод) ҳисобу китобро бо маблағҳои нақдии пули пешбини карда бошад, андозсупоранда навиштаҷоти бонкро (нусхаи навиштаҷотро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани маблағҳои ба дастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷи - харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.
Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷи доир ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) (амалиёти бартери) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳо, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.".
12. Моддаи 216 хориҷ карда шавад.
13. Дар банди 1 қисми 1 моддаи 227 калимаҳои "барои мақсадҳои ғайрисоҳибкори" ба калимаҳои "на ба мақсадҳои муомилоти андозбандишаванда" иваз карда шаванд.
14. Моддаи 237 дар таҳрири зайл навишта шавад:
"Моддаи 237. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд.
1. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳое (иҷрои корҳое, хизматрасониҳое), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудааст, дар асоси аризаи (мактуби) грантгиранда (кредитгиранда) ё шахси бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи ваколатдоркардаи он ба суроғаи (ба номи) молрасон, иҷрокунандаи корҳо ё хизматрасони сурат мегирад, дар ҳолате, ки агар дар як вақт шартҳои зерин риоя гарданд:
1) грант, кредит (қарз), ки аз ҳисоби маблағи он молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) расонидашуда пардохта мешаванд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои хориҷи, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷи, ташкилотҳои байналмилали дода шуда бошад;
2) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) танҳо бо мақсадҳое, ки барои татбиқи онҳо грант, кредит (қарз) дода шудааст, харида мешаванд;
3) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо мутобиқи шартнома (қарордод), ки бевосита бо грантгиранда, кредитгиранда ё бевосита бо иҷрокунандаи (шахси) барои иҷро намудани мақсадҳои грант, кредит (қарз) таъиннамудаи грантгиранда, кредитгиранда баста шудаанд, амали мегардад.
2. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудааст, бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Тибқи ҳар гранте, кредите (қарзе), ки талаботи қисми 1 ҳамин моддаро қонеъ мегардонад, барои мушаххас амали гардидани талаботи тартиби мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муқарраргардида қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар акси ҳол озодкуни аз андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, сурат намегирад.".
15. Дар моддаи 248:
а) дар қисми 1 калимаҳои "дертар аз рӯзи 10-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи" ба калимаҳои "дертар:
- аз рӯзи 13 моҳ - барои даҳрӯзаи аввали моҳ;
- аз рӯзи 23 моҳ - барои даҳрӯзаи дуюми моҳ;
- аз рӯзи 3 моҳи минбаъда - барои қисми боқимондаи моҳи ҳисоботи" иваз карда шаванд;
б) қисми 2 дар таҳрири зайл навишта шавад:
"2. Давраҳои ҳисобот оид ба аксиз давраҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба ҳисоб мераванд.".
16. Дар қисми 3 моддаи 260 калимаҳои "даромади андозбандишаванда аз фаъолияти соҳибкори мебошад, ки мутобиқи фасли IV ва VI ҳамин Кодекс муайян карда мешавад" ба калимаҳои зерин иваз карда шаванд: "даромад аз фаъолияти соҳибкори мебошад, ки аз ҷониби онҳо ҳар моҳ бо мақсадҳои суғуртаи иҷтимои (бо мақсадҳои муайян намудани ҳаҷми андози иҷтимои) ба таври ихтиёри декларатсия (эълон) карда мешавад, вале на камтар аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози гузашта қарор дошт. Муайян намудани музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози гузашта қарор дошт, аз ҷониби Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад ва ин ахбор ҳар сол то 1 апрел ба мақоми ваколатдори давлати ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.".
17. Қисми 4 моддаи 263 дар таҳрири зайл навишта шавад:
"4. Андозсупурандагоне, ки дар қисми 3 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикр ёфтаанд, ҳар моҳ андози иҷтимоиро то рӯзи 10-уми моҳи минбаъдаи моҳи ҳисоботи месупоранд. Ҳамзамон пардохтҳои андози иҷтимои барои давраи аз апрели соли ҷори то марти соли оянда на камтар аз ҳаҷми ҳисобшуда бо дарназардошти музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон дар соли андози гузашта супорида мешаванд. Декларатсия дар бораи андози иҷтимоии пардохтнамудаи андозсупоранда барои соли андози ҳисоботи то 1 апрели соли минбаъдаи ҳисоботи ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирии супорандаи андози иҷтимои пешниҳод карда мешавад.".
18. Дар моддаи 270:
а) бандҳои 1 ва 2 қисми 1 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"1) доир ба заминҳои дар моддаи 266 ҳамин Кодекс зикршуда на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷори бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона;
2) доир ба заминҳои дар моддаи 267 ҳамин Кодекс зикршуда на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷори бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 15 фоиз, 35 фоиз, 60 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона.";
б) сархати аввали қисми 2 пас аз калимаҳои "дар мӯҳлатҳои" дар таҳрири зерин баён карда шавад: "на дертар аз 15 июн, 15 август ва 15 ноябри соли ҷори бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 33 фоиз, 66 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона.".
19. Дар қисми 3 моддаи 287 рақами "20" ба рақами "15" иваз карда шавад.
20. Дар моддаи 296 калимаҳои "супорандагони ААИ-" хориҷ карда шаванд.
21. Матни моддаи 297 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Объекти андозбанди таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо эътироф карда мешаванд.".
22. Матни моддаи 300 дар таҳрири зерин навишта шавад:
"Манбаи андоз арзиши (аз арзиши) молҳои таҳвилдодашуда, корҳои иҷрогардида ва хизматрасониҳоро бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана дар бар мегирад (иборат аст).".
23. Дар моддаи 303:
а) дар қисми 1:
- аз ҷумлаи якум калимаҳои ", ки он ба маблағи тарҳшавандаи пешбининамудаи ҳамин Кодекс кам карда шудааст, ба истиснои маблағҳои тарҳшаванда, ки мутобиқи моддаи 136 ҳамин Кодекс музди меҳнат шуморида мешаванд (даромади софи умуми)" хориҷ карда шаванд;
- дар ҷумлаи сеюм калимаҳои "ва тарҳҳо", "ва хароҷоте" хориҷ карда шаванд;
б) дар қисми 2 пас аз калимаҳои "даромади корхонаҳо" калимаҳои ", инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард" илова карда шаванд.
24. Дар моддаи 304 рақами "12" ба рақами "4" иваз карда шавад.
25. Дар қисми 1 моддаи 306 сархати дуюм хориҷ карда шавад.
26. Дар моддаи 308:
- қисми 1 дар таҳрири зайл навишта шавад:
"1. Меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзи дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда шаванд:
а) доир ба заминҳои кишти оби ва дарахтзорҳои бисёрсолаи оби дар ҳаҷми чоркаратаи меъёри андози замин, ки моддаи 267 ҳамин Кодекс пешбини намудааст;
б) доир ба заминҳои дигар дар ҳаҷми меъёри андози замин, ки моддаи 267 ҳамин Кодекс пешбини намудааст.";
- дар қисми 2 калимаҳои "Доир ба заминҳое" ба калимаҳои "Доир ба заминҳои кишти оби" иваз карда шаванд.
27. Матни моддаи 310 дар таҳрири зайл навишта шавад:
"Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзи барои соли андози ҷори на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷори бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 10 фоиз, 25 фоиз, 45 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона супорида мешавад.".
28. Дар қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи 315 калимаҳои "фурӯшандагон" ва "фурӯшанда" мутаносибан ба калимаҳои "супорандагон" ва "супоранда" иваз карда шаванд.
29. Матни моддаи 319 дар таҳрири зайл навишта шавад:
"Объекти андозбанди ин даромади умуми (ба истиснои ААИ, андоз аз фурӯши чакана ва дар мавриди таҳвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ба истиснои маблағи ҳисобкардашудаи андоз аз фурӯш) мебошад, ки барои давраи ҳисоботи гирифта шудааст (бояд гирифта шавад).".
30. Дар моддаи 330:
а) дар сархати дуюми қисми 1 пас аз калимаҳои "ҳисоби дар боло зикршударо" калимаҳои "то 1 феврали соли ҷори" илова карда шуда, калимаҳои "то 1 апрели соли ҷори" ба калимаҳои "на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷори бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона" иваз карда шаванд;
б) ба модда қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7. Шахсони воқеи пардохти ҷории андоз аз амволи ғайриманқулро на дертар аз 1 феврал, 1 май ва 1 августи соли ҷори бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз ва 75 фоизи маблағи андоз аз амволи ғайриманқули ҳисобшуда барои соли гузашта ва на дертар аз 1 октябри соли ҷори ба маблағи баробари фарқи байни маблағи андоз аз амволи ғайриманқули ҳисобшуда барои соли андози ҷори ва маблағи андоз аз амволи ғайриманқули барои давраи гузаштаи соли ҷори пардохташуда анҷом медиҳанд.".
31. Фасли ХVIII, бобҳои 49, 50, 51 ва моддаҳои 343, 344, 345, 346, 347, 348, 349 ва 350 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Фасли ХVIII. Низомҳои махсуси андоз
Боби 49. Андозбандии сохтмони нерӯгоҳҳои барқи оби
Моддаи 343. Андозбандии сохтмони нерӯгоҳи барқи оби
1. Дар давраи сохтмони нерӯгоҳи барқи оби (минбаъд - "сохтмон") дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармоишгари сохтмон ва Пудратчии генералии сохтмон аз пардохти андозҳои зерин (аз лаҳзаи фарорасидани мӯҳлати пардохт), ки бевосита ба сохтмон алоқаманд мебошанд, озод карда мешаванд:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқи;
- андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;
- андози замин;
- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- андоз аз амволи ғайриманқул;
- андози иҷтимои нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерӯгоҳи барқи оби банд ҳастанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд;
- боҷи давлати барои ба қайдгирии лоиҳаҳои эмиссияҳои қоғазҳои қиматноки ғайридавлати, ки бинобар сохтмони нерӯгоҳи барқи оби амали шудаанд.
2. Воридоти молҳо барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи оби, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд, бояд аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумруки бо тартиби муқаррарнамудаи банди 7 қисми 4 моддаи 211 ҳамин Кодекс ва банди 7 моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шаванд.
3. Дар давраи сохтмони нерӯгоҳи барқи оби аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки бояд бевосита нисбати сохтмони (вобаста ба сохтмони) нерӯгоҳи барқи оби ҳисоб карда шаванд, инчунин аз пардохти андози иҷтимои нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерӯгоҳи барқи оби банд ҳастанд ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, таҳвилгарон ва пудратчиёни сохтмони дар боло зикргардида озод карда мешаванд. Ҳамзамон ба сифати таҳвилгарон ва паймонкорони сохтмони нерӯгоҳи барқи оби шахсони ҳуқуқие, ки бевосита ба Фармоишгари сохтмони нерӯгоҳи барқи оби ё Пудратчии генералии сохтмони нерӯгоҳи барқи оби бо қарордодҳое (шартномаҳое, созишномаҳое), ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳои ба сохтмони (дар сохтмони) нерӯгоҳи барқи оби пешбини мекунанд, алоқаманд мебошанд, барраси мегарданд.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
- Фармоишгари сохтмони нерӯгоҳи барқи оби ва Пудратчии генералии сохтмони нерӯгоҳи барқи оби бо пешниҳоди Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;
- давраи сохтмони нерӯгоҳи барқи оби бо дархости Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар якҷояги бо Фармоишгари сохтмони нерӯгоҳи барқи оби ва Пудратчии генералии сохтмони нерӯгоҳи барқи оби таҳия шудааст ва мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- муомилоти (амалиёти, қарордоди, шартномаи, созишномаи) ба сохтмони нерӯгоҳи барқи оби алоқаманд муомилоте (амалиёте, қарордоде, шартномае, созишномае) эътироф карда мешавад, ки аз ҷониби Фармоишгари сохтмони нерӯгоҳи барқи оби тасдиқ шудааст;
- озодкуни аз пардохти андозҳо аз рӯи муомилотҳои (амалиётҳои, қарордодҳои, шартномаҳои, созишномаҳои) ба сохтмони нерӯгоҳи барқи оби алоқаманд, ки дар давраи сохтмони нерӯгоҳи барқи оби баста шуда ва бояд то анҷоми давраи сохтмони нерӯгоҳи барқи оби анҷом ёбанд, пешниҳод карда мешавад.
Боби 50. Хусусияти андозбандии корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳои (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандаги) банд мебошанд.
Моддаи 344. Хусусияти андозбандии корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳои (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандаги) банд мебошанд.
1. Воридоти молҳо бевосита барои зарурати худи корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳои (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандаги) банд мебошанд (минбаъд - ,корхонаҳои азнавтаъсисёфта,), аз боҷи гумруки ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.
Дар ҳолати аз ҷониби корхонаҳои азнавтаъсисёфта таҳвил додани молҳои воридшуда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиётҳо бо боҷи гумруки, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбанди карда мешаванд.
2. Содироти молҳое, ки корхонаҳои азнавтаъсисёфта истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
3. Корхонаҳои азнавтаъсисёфта аз андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқи, андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо, андоз аз амволи ғайриманқул ва андози замин озод мешаванд.
4. Дар мавриди дар корхонаҳои азнавтаъсисёфта ба миён омадани ӯҳдадориҳои андоз аз рӯи дигар андозҳо чунин ӯҳдадориҳои андоз бояд мутобиқи Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд.
5. Имтиёзҳои андози дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда пешбинигардида бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 12 сол аз 1 январи соли ба қайди давлати гирифтани корхонаҳои азнавтаъсисёфта дода мешавад.
6. Агар корхонаи азнавтаъсисёфта дар давоми 24 моҳи пурраи тақвими пас аз ба кор даровардани силсилаи пештараи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳои ба таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурӯъ накарда бошад, имтиёзҳои андози ҳамин модда пешбининамуда амали худро қатъ менамоянд ва маблағи имтиёзҳои андози корхонаҳои азнавтаъсисёфта аз лаҳзаи ба қайди давлати гирифта шуданаш то лаҳзаи қатъ гардидани ин имтиёзҳо бояд аз рӯи меъёрҳое, ки дар давраи гирифтани имтиёзҳои андоз амал мекарданд ҳисоб карда шавад ва ба ҳисоби буҷет рӯёнида шавад. Ҳамзамон таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард бояд дар мӯҳлати бо ҳисобҳои техникию иқтисоди ва таҷрибаи байналмилали асоснокшуда амали карда шавад. Дар хусуси оғози кор тибқи ҳар силсила ва ба кор андохтани ҳар як силсилаи коркард корхонаи азнавтаъсисёфта барои баҳисобгирии махсус (алоҳида) бо мақсади гирифтани имтиёзҳои ҳамин модда муқаррарнамуда ба мақоми ваколатдори давлати ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хатти ахборот медиҳад.
7. Барои гирифтани имтиёзҳои дар ҳамин модда пешбинигардида корхонаҳои азнавтаъсисёфта баъд аз бақайдгирии давлати тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори дар мақомоти адлия бояд дар мақоми ваколатдори давлати ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи ин мақомоти давлати ба қайди махсус (алоҳида) гирифта шаванд.
8. Агар ҳамин модда муқаррароти дигар пешбини накарда бошад, нисбати корхонаҳои азнавтаъсисёфта ҳамаи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Боби 51. Андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумруки ворид карда мешаванд (андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо).
Моддаи 345. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумруки ворид карда мешаванд, шахсоне мебошанд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти коркардро мебароранд.
Моддаи 346. Объекти андозбанди
Объекти андозбанди арзиши маҳсулоти коркард мебошад.
Моддаи 347. Манбаи андоз
1. Барои муайян кардани манбаи андоз арзиши бозории маҳсулоти коркарди баровардашаванда, ки дар асоси нархҳои дар санаи баровардани маҳсулоти коркард ҳисоб карда шудааст, қабул карда мешавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи маҳсулоти коркардро, ки бояд бо андози мазкур андозбанди шаванд, инчунин номгӯи маҳсулоти коркардро, ки нархҳои онҳо барои ҳисоб кардани манбаи андоз дар биржаи дахлдори байналмилали (минтақави) муқаррар карда мешаванд, муайян менамояд.
Моддаи 348. Меъёрҳои андоз
Меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркард аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фоиз аз арзиши маҳсулоти коркард ё бо маблағи устувор барои воҳид (бо ифодаи асли) муайян карда мешавад.
Моддаи 349. Тартиби ҳисобкуни ва мӯҳлати пардохти андоз
1. Маблағи андози аз маҳсулоти коркард пардохтшавандаро андозсупорандагон мустақилона дар асоси арзиши маҳсулоти коркард дар санаи баровардани маҳсулоти коркард аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин меъёри андоз ҳисоб менамоянд.
2. Шахсоне, ки коркарди маҳсулоти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумруки воридшавандаро анҷом медиҳанд, ба сифати агенти андоз дар бобати сари вақт ва пурра ҳисобкуни ва пардохти андоз аз маҳсулоти коркард амал менамоянд.
3. Андоз то баровардани маҳсулоти коркард аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
4. Мақомоти гумрук дар асоси тасдиқномаи мақомоти дахлдори андоз барасмиятдарории гумрукии баровардани маҳсулоти коркардро аз ҳудуди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
5. Ҳангоми дар рӯзи баровардани маҳсулоти коркард дар андозсупоранда мавҷуд набудани нархи биржави андоз дар асоси маълумоти мавҷуда оид ба нархи биржавии маҳсулоти коркард дар санаи наздиктарини рӯзи баровардан ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи биржавии маҳсулоти коркард дар санаи баровардан аниқ карда мешавад.
6. Давраи ҳисоботи оид ба пардохти андоз аз маҳсулоти коркард моҳи тақвими мебошад. Эъломия оид ба маблағи пардохтшудаи андоз аз маҳсулоти коркард ба мақомоти дахлдори андоз то санаи 15-уми моҳи баъди давраи ҳисоботи пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 350. Назорати пардохти андоз
Назорати сари вақт ва пурра ба буҷет воридшавии маблағи андоз аз маҳсулоти коркардро мақомоти андоз анҷом медиҳад.".
Моддаи 2. Ин Қонун, ба истиснои Боби 49 дар қисми 31 моддаи 1 аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода мешавад.
Боби 49 дар қисми 31 моддаи 1 ҳамин Қонун аз 1 апрели соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
Қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун нисбати шахсоне, ки ба ҳадди барои мақсадҳои бақайдгири аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба 1 январи соли 2006 ва пас аз ин сана расидаанд, татбиқ карда мешавад.
Нисбати шахсони ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда то 1 январи соли 2006 ба қайд гирифташуда, вале дар лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин Қонун ба ҳадди дар қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун муқарраргардида нарасидаанд, бақайдгири барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми соли 2006 бекор карда намешавад. Ҳамзамон бояд ба ҳисоб гирифт, ки бақайдгирии охирин барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда барои чунин шахсон аз 1 декабри соли 2004 эътибор пайдо кардааст.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
26 декабри соли 2005 № 114