Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2005 № 115 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 2, мод. 51) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Моддаи 4. Андозаи боҷи давлати

Оид ба парвандаҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси менамояд, боҷи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) аз дархости шахсони воқеи - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

2) аз пешниҳоди мақомоти давлати, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқи - ба андозаи даҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат.

Оид ба парвандаҳое, ки дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси мешаванд, боҷи давлати ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулки аз рӯи нархи даъво:

то 50 ҳадди ақали музди меҳнат - 3% аз нархи даъво;

зиёда аз 50 то 100 ҳадди ақали музди меҳнат - 2% аз нархи даъво;

зиёда аз 100 то 500 ҳадди ақали музди меҳнат - 0,7% аз нархи даъво;

зиёда аз 500 ҳадди ақали музди меҳнат - 0,5 % аз нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти ғайримолумулки, ки предмети онҳо нархгузори карда намешаванд:

барои шахсони воқеи - 5% аз ҳадди ақали музди меҳнат;

барои шахсони ҳуқуқи - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

3) аз аризаҳои даъвоги дар бораи озод намудани амвол аз ҳабс боҷ аз рӯи нархи даъво мутобиқи банди 1 ҳамин қисм муайян карда мешавад;

4) аз аризаҳои даъвоги оид ба баҳсҳои пеш аз шартномави - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат.

Аз аризаҳои даъвоги, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлати ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулки - 2 % аз нархи даъво;

2) аз аризаҳои даъвоги оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо - андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

3) аз аризаҳои даъвоги дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлати:

барои шахсони воқеи - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои шахсони ҳуқуқи - ба андозаи даҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

4) аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулки надоранд, аз ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли асл - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

5) аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди:

барои соҳибкорони инфироди - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

6) аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки аҳамияти ҳуқуқи доранд - ба андозаи секаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

7) аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамоянд, ки мутобиқи андозаи боҷи давлати, ки барои аризаи даъвогии дорои хусусияти ғайримолумулки пешбини шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулки - тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки аз андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад;

8) аз шикоятҳои апеллятсиони, кассатсиони ва назорати нисбати ҳалнома ва карорҳои суди иқтисоди ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе барраси мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои суди, рад кардан ва додани варақаи иҷро - 50 % аз андозаи боҷи давлати, ки ҳангоми додани аризаи даъвоги ситонида мешавад.

Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумулки ва ғайримолумулки мебошад, дар як вақт боҷи давлати барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулки ва ғайримолумулки муқарраргардида ситонида мешавад.

Барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он:

1) барои бақайдгирии шахсони ҳуқуқи:

барои ташкилотҳои тиҷорати новобаста аз шакли моликияташон - ба андозаи понздаҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои ташкилотҳои тиҷорати бо иштироки сармоягузорони хориҷи - ба андозаи панҷоҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои ташкилотҳои ғайритиҷорати новобаста аз шакли моликият - ба андозаи панҷкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои ташкилотҳои ғайритиҷорати новобаста аз шакли моликият бо иштироки субъектҳои хориҷи - ба андозаи бисткаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

2) барои қайди баҳисобгирии намояндаги ва филиалҳо новобаста аз шакли моликияти шахсони ҳуқуқи ва додани иқтибос аз феҳрист - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

3) барои додани шаҳодатнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилотҳо ва азнавбақайдгирии шахсони ҳуқуқи новобаста аз шакли моликияташон - 50% аз маблағи боҷи давлатие, ки барои бақайдгирии ташкилотҳо ситонида мешавад;

4) барои додани шаҳодатнома дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳо10% аз маблағи боҷи давлатие, ки барои бақайдгирии ташкилотҳо ситонида мешавад;

5) барои додани нусха (дубликат)-и шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқи ва шаҳодатнома дар бораи азнавбақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқи - 50% аз ҳадди ақали музди меҳнат;

6) барои бақайдгирии шартномаи гарав ва додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

7) барои додани иқтибос аз феҳристи амволи ба гарав мондашуда50% аз ҳадди ақали музди меҳнат;

8) барои хабарномаи гарави (шартномаи гарави амволи манқул) - 5% аз ҳадди ақали музди меҳнат;

9) барои додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессиони - ба андозаи панҷкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

10) барои бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъияти, ҳизбҳои сиёси ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилали:

аз иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳалли - ба андозаи панҷкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

аз иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳурияви - ба андозаи даҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

аз ҳизбҳои сиёси - ба андозаи панҷоҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

аз иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилали - ба андозаи садкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат.

Барои анҷом додани амалиётҳои нотариали боҷи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:

1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳиби соқит кардани (хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз ва ғайра) амволи ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқомати, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва амволи дигари ғайриманқул ё қисми онҳо):

барои фарзандон, аз ҷумла писархонд (духтархонд), ҳамсар, падару модар - 0,2 % аз маблағи шартнома, вале на камтар аз 50 % ҳадди ақали музди меҳнат;

барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, биби - 0,5 % аз маблағи шартнома, вале на камтар аз андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи - 1,5 % аз маблағи шартнома, вале на камтар аз андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат.

2) барои тасдиқи шартномаҳои тӯҳфаи воситаҳои нақлиёт:

барои фарзандон, аз ҷумла писархонд (духтархонд), ҳамсар, падару модар - 0,5 % аз маблағи шартнома, вале на камтар аз 50% андозаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, биби - 1 % аз маблағи шартнома, вале на камтар аз андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

барои дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи - 1,5 % аз маблағи шартнома, вале на камтар аз андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

3) барои тасдиқи шартномаҳои гарав - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

4) барои тасдиқи шартномаҳои дигар, ки предмети он нархгузори мешавад - 1,5 % аз маблағи шартнома, вале на камтар аз андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

5) барои тасдиқи шартномаҳои замонат - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

6) барои тасдиқи шартномаҳое, ки предмети онҳо нархгузори намешавад - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

7) барои тасдиқи васиятномаҳо - 20 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

8) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

9) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос:

ба меросхӯрони навбати аввал - 0,5 % аз маблағи мерос;

ба меросхӯрони навбати дуюм - 1 % аз маблағи мерос;

ба меросхӯрони навбати сеюм - 1,5 % аз маблағи мерос;

ба меросхӯрони дигар - 2 % аз маблағи мерос;

10) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати амволи дар хориҷа буда, ҳангоми муайян намудани арзиши ниҳоии амволи мерос, ки пардохти он бояд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад:

барои меросхӯрони навбати аввал - 1 % аз маблағи мерос;

барои меросхӯрони навбати дуюм - 1,5 % аз маблағи мерос;

барои меросхӯрони навбати сеюм - 2 % аз маблағи мерос;

барои меросхӯрони дигар - 3 % аз маблағи мерос;

11) барои ҷорабиниҳо оид ба ҳифзи амволи мероси - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

12) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории амвол (ба истиснои банди 13 ҳамин қисм):

барои фарзандон, аз ҷумла барои писархонд (духтархонд), ҳамсар, падару модар - 25 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, биби - 50 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

барои дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

13) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобили:

14) барои тасдиқи ваколатномаҳои дигар - 20 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

15) барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар - 3 % аз ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар як саҳифаи ҳуҷҷати тарҷумашуда;

16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, ғайриаксепт будани он, набудани санаи аксепт ва барои тасдиқи напардохтани чек - 1 % аз маблағи пардохтнагардида;

17) барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо - 5 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

18) барои дурустии тасдиқи нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки дар парвандаҳои идораҳои нотариалии давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли, муассисаҳои консули нигоҳ дошта мешаванд ва ҳамчунин иқтибоси ҳуҷҷатҳо - 2 % аз ҳадди ақали музди меҳнат барои нусхабардории ҳар саҳифаи ҳуҷҷат ё иқтибос аз онҳо;

19) барои дурустии тасдиқи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дигар ва барои тасдиқи иқтибоси ҳуҷҷатҳо (ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 18 ҳамин қисм нишондодашуда) - 2 % аз ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар як саҳифа;

20) барои тасдиқи асли имзо:

дар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо (ба истиснои варақаҳои бонки) - 3 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

дар варақаҳои бонки (барои ҳар як имзо ба ҳар як варақа) - 3 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

21) барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми амвол, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношӯи ҷамъ кардаанд, аз ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон - 10 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

22) барои додани нусхаи такрории ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи нотариалии давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли, муассисаҳои консули нигоҳ дошта мешавад - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

23) барои тасдиқ кардани шартномаи аз соҳиби соқиткунии амволи ғайриманқул ва дигар амволи бақайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурӯхта мешавад - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

24) барои ба ҷо овардани номаҳои иҷро - 3% аз ҳадди ақали музди меҳнат;

25) барои ба ҷо овардани эътирози баҳри - ба андозаи секаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

26) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҳаёт будани шахс (шаҳрванд) - 20 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

27) барои додани шаҳодатнома дар бораи дар ҷойи муайян будани шахс (шаҳрванд) - 20 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

28) барои додани шаҳодатнома дар бораи айнияти шахс (шаҳрванд) бо шахси (шаҳрванди) дар сурати фотографи аксёфта - 20 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

29) барои тасдиқи вақти додани ҳуҷҷатҳо - 10 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

30) барои расонидани муроҷиати шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба дигар шахсони воқеи ва ҳуқуқи - 10 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

31) барои қабули маблағ ва қоғази қиматнок ба амонат (депозит)10 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

32) барои таъмини далелҳо - 50 % аз ҳадди ақали музди меҳнат.

Барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариали ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлати ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин хароҷоти воқеи, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариали вобаста аст, пардохта мешавад.

Боҷи давлати барои шартномаҳои мубодила аз моликияте, ки арзишаш зиёд аст, ситонида мешавад.

Барои ҳисоб намудани андозаи боҷи давлати, ки барои тасдиқи аҳдҳои воситаҳои нақлиёт ва ҳамчунин барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи мерос ба воситаҳои нақлиёт ситонида мешавад, арзиши воситаҳои нақлиётиро муассисаҳои судию экспертии мақомоти адлия, ташкилотҳои махсуси хизматрасонии техники ва фурӯши воситаҳои нақлиёт муайян мекунанд.

Арзиши ҳавлии истиқомати, хона, бӯстонсарой, гараж, дигар сохтмонҳо, биною иншоотро тарафҳои аҳдкунанда муайян мекунанд, вале бо мақсади ситонидани боҷи давлати арзиши онҳо набояд аз арзиши инвентаризатсионие, ки мақомоти инвентаризатсияи техники муайян мекунанд, камтар бошад.

Дар ҳолати бастани шартнома, ки предмети он аз соҳиби соқит кардани (хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз ва ғ.) маблағи амволе, ки маблағи он аз маблағи дар ҳуҷҷати нархгузори нишондода камтар аст, боҷи давлати бо назардошти маблағи дар ҳуҷҷати нархгузори нишондодашуда ҳисоб карда мешавад.

Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷи ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки асъори хориҷи предмети мерос мебошад, андозаи боҷи давлати аз асъори милли бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи пардохти боҷи давлати амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.

Барои анҷом додани амалиётҳои вобастаи барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрванди боҷи давлати ба андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) барои сабти ақди никоҳе, ки агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷи ё шахси бешаҳрванд бошад - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

2) барои сабт ва додани шаҳодатнома дар бораи бекор кардани никоҳ:

бо розигии зану шавҳар, ки фарзандони ноболиғ надоранд - ба андозаи якунимкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

бо қарори суд дар бораи бекор кардани никоҳ - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

ба шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида бедарак ё дар натиҷаи касалии рӯҳи ва ё камақли ғайриқобили амал эътирофшуда, ё ба шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят ба муддати на камтар аз се сол маҳкум шудаанд - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

3) барои таҳияи хулоса ва барои додани шаҳодатномаҳо вобаста ба тағйир додан, илова намудан ва барқарор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрванди дар бораи таваллуд, бастани ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ ва дар бораи вафот - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

4) барои додани шаҳодатномаи такрори дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрванди - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

5) барои додани шаҳодатномаи дигар кардани ном, номи падар ва насаб (фамилия) - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат.

Барои барраси ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлати ба андозаҳои зерин ситонида мешаванд:

1) барои додани шиносномаи хориҷи (умумишаҳрванди) ё дароз намудани мӯҳлати эътибори он - ба андозаи якунимкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

2) барои додани раводид ба шаҳрванди хориҷи ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими зиндаги мекунад, ҷиҳати рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

3) барои ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - 25 % аз ҳадди ақали музди меҳнат;

4) барои додан ва дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид бо шиносномаи хориҷи ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда ба шаҳрванди хориҷи ё шахси бешаҳрванд, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, барои:

рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

5) барои додани раводидҳои чандинкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

6) барои додани ҳуҷҷат оид ба даъвати шахсон аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар як даъватшаванда;

7) барои ворид намудани тағйиротҳо (ба истиснои дароз намудани мӯҳлати эътибори раводид) ба ҳуҷҷати қаблан додашуда барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

8) барои додан ё дароз намудани мӯҳлати иҷозати зисти шаҳрванди хориҷи ё шахси бешаҳрванд - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

9) барои бақайдгири ё дароз намудани мӯҳлати амали бақайдгирии шиносномаи хориҷи ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

10) барои ба ивази шиносномаи хориҷии гумшуда ё вайронгардида, раводид, ҳуҷҷати даъват ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозати зист ё шаҳодатнома барои сафар ба хориҷа додани ҳамин гуна ҳуҷҷат - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

11) аз ариза ва дархости ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудан, аз нав қабул кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо аризаҳо оид ба муайян намудани мансубияти шаҳрванди - ба андозаи дукаратаи ҳадди ақали музди меҳнат.

Барои барасмиятдарории дигар амалиётҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи боҷи давлати бо андозаҳои зерин ситонида мешавад:

1) барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи шикор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба андозаи даҳкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

2) барои додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии соҳибкоре, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқи фаъолият мекунад - ба андозаи яккаратаи ҳадди ақали музди меҳнат;

3) барои амалиёте, ки дар биржаҳои тиҷорати, ашёи хом, асъор ва биржаҳои дигар анҷом меёбанд:

аз ҳаҷми аҳди то 500 ҳазор сомони - 0,5 % аз маблағи аҳд;

аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 500 ҳазор сомони то 1млн. сомони - 0,2 % аз маблағи аҳд;

аз ҳаҷми аҳди зиёда аз 1 млн. сомони - 0,1 % аз маблағи аҳд;

4) барои фурӯхтани ҷойи брокер - 0,5 % аз маблағи воқеии аҳди басташуда;

5) барои муомилоти қоғазҳои қиматнок:

барои бақайдгирии тарҳи эмиссионии қоғазҳои қиматноки ғайридавлати - 0,1 % аз нархи номиналии эмиссия;

барои бастани аҳд - 1 сомони аз ҳар 1 ҳазор сомонии аҳди басташуда;

6) барои гузаронидани музояда - 0,2 % аз нархи ибтидоии умумии ҳаҷми моле, ки ба фурӯш гузошта шудааст;

7) барои аҳдҳое, ки дар музояда анҷом меёбанд - 0,1 % аз нархи аҳди басташуда;

8) барои харидани амволи корхонаҳои давлати мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - 0,5 % аз маблағи амволи харидашаванда;

9) барои гузаронидани санҷиши бадеии сарватҳои фарҳанги - ба андозаи панҷкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат.".

2. Дар моддаи 5:

- ба қисми якум банди нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"19) маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда - аз рӯи даъвоҳои барқароркунии ҳуқуқҳояшон.";

- ба қисми сеюм банди нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6) меросхӯроне, ки то рӯзи кушода шудани мерос дар ҳавлии истиқомати ва квартираи мероси бо меросгузор зиндаги мекарданд ва дар давоми шаш моҳ то рӯзи вафот қайди истиқомат доранд".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

26 декабри соли 2005 № 115