Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 714)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" 17 воҳид муқаррар карда шавад ().
2. Пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба номгӯи муассисаҳои Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" ворид намудани Пажӯҳишгоҳи рушди маориф бо 70 корманд, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо 133 корманд ва Осорхонаи "Маориф" бо 9 корманд маъқул дониста шавад ().
3. Барои Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" 5 ҷойи холии узви пайваста (академик) ва 7 ҷойи узви вобаста муқаррар карда шавад ().
Дар соли 2002 2 ҷой (1 узви пайваста ва 1 узви вобаста) ва ҷойҳои боқимонда давра ба давра дар давоми 3 соли минбаъда амалӣ карда шаванд.
4. Барои Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори як воҳид муқаррар карда шавад ().
5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои маблағгузории Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон"-ро дар доираи маблағҳое, ки барои Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Осорхонаи "Маориф"-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таъмин гардонад ();
дар муддати як моҳ масъалаҳои тасдиқи Оиинома, сохтори дастгоҳи Академия, Раёсати он ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки ба таъсис ва фаъолияти Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" ва муассисаҳои ба сохтори он воридгашта вобастаанд, ҳаллу фасл намояд ().
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 декабри соли 2002, № 482
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 воҳид муқаррар карда шавад.
2. Пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба номгӯи муассисаҳои Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ бо 70 корманд, Донишкадаи марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф бо 133 корманд ва Осорхонаи "Маориф" бо 9 корманд маъқул дониста шавад.
3. Барои Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҷойи холии узви пайваста (академик) ва 7 ҷойи узви вобаста муқаррар карда шавад.
Дар соли 2002 2 ҷой (1 узви пайваста ва 1 узви вобаста) ва ҷойҳои боқимонда давра ба давра дар давоми 3 соли минбаъда амалӣ карда шаванд.
4. Барои Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори як воҳид муқаррар карда шавад.
5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистои маблағгузории Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи маблағҳое, ки барои Пажуҳишгоҳи илмҳои педагогӣ, Донишкадаи марказии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва Осорхонаи "Маориф"-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таъмин гардонад;
дар муддати як моҳ масъалаҳои тасдиқи Оиинома, сохтори дастгоҳи Академия, Раёсати он ва дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки ба таъсис ва фаъолияти Академияи илмҳои педагогӣ ва муассисаҳои ба сохтори он воридгашта вобастаанд, ҳаллу фасл намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 декабри соли 2002, № 482
ш. Душанбе