Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2001-2003
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон", фароҳам сохтани шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои ташаккули иҷтимоии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 2001- 2003 тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" муайян карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташаккули буҷети давлатӣ барои солҳои 2002-2003 ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои лозимаро ҷиҳати татбиқи Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" пешбинӣ намояд.
4. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои дахлдор, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) барои амалӣ намудани Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" бо Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва мусоидат намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2000 № 518
ш. Душанбе