Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010 аз 4 октябри соли 2005, № 362

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2005 № 362

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010

I. Мақсади Барнома

Кино чун рукни фарҳанги муҳимтарин воситаи таблиғ, оммави намудану густариши идеологияи давлати ва милли ба ҳисоб меравад, ки ягон навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад.

Кинои милли ҳамчун волотарин санъати ақлони вазифадор аст, ки дастовардҳои сиёсиву иқтисоди, таърихию фарҳангии мамлакатро дар фазои иттилоотии олам паҳн ва муаррифи намояд.

Истеҳсолу нигаҳдори, паҳнкуни, харидори, фурӯш, бақайдгири ва индекскунонии киноро киностудияи "Тоҷикфилм" ва Муассисаи давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" ба ӯҳда доранд.

Мутаассифона, солҳои охир бар асари нобасомониҳои марҳилаи гузариш, кино ба бӯҳрон ворид шуд ва ин соҳаи муҳими идеологияи давлати ба проблемаҳои калон дучор гашт.

Ин холигии пайдошуда майдони фаъолияти фарҳангҳои бегона гардида, зери таъсири парастиши зӯровариву бадахлоқи афтод.

Барномаи рушди кино дар Тоҷикистон барои таъмини рушди кинематографи мамлакат, муттаҳид сохтани нерӯҳои эҷодии киносозони Тоҷикистон равона шудааст.

Истиқлолияти кинои милли бе дастгири ва сарпарастии хамаҷонибаи давлат имконнопазир аст.

Кино истеҳсолоти сермасраф мебошад. Аммо он ҳамчун омили фарҳангиву зеҳнии давлат беҳамтост. Аз тарафи дигар, кино ҳамчун тиҷорат метавонад даромадҳои зиёд орад.

Барнома ба қисму давраҳои мушаххас тақсим карда шуда ва ба ҳаёт татбиқ намудани он аз дастгирии ҳаматарафаи молиявию моддии давлат вобаста аст. Шарт ва тартиби маблағгузории давлатии кино аз ҷониби мақомоти ваколатдор муайян гардида, бо бастани шартномаҳои байни он ва продюсерон, кирокунандагон, намоишдиҳандагони филмҳои милли амали кунонида мешавад.

II. Ҳолати кунунӣ ва самтҳои асосии рушди соҳа

а) Дар бахши Муассисаи давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино"

Ихтирои техника ва технологияи нав дар кинематограф, таҷҳизоти филмбардориву васлкуни, истифодаи дизайну усулҳои пешқадами истеҳсоли филм дар ҷаҳони муосир ба кинематограф имконият медиҳад, ки байни санъатҳо аз ҳама оммави бошад.

Ҳоло дар ҷумҳури дар роҳи рушди кино проблемаҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳалли таъхирнопазирро талаб менамоянд. Як қатор омилҳои объективие мавҷуданд, ки ба барқароркунии соҳа монеъ мешаванд. Инҳо пеш аз ҳама менеҷмент ва продюсерии заиф дар соҳаи кино ва соҳаҳои вобаста ба он мебошанд.

Рушди шабакаи ҷумҳуриявии киною видео, барқарор ва фаъолияти бино, таҷҳизот, толорҳои намоиши киною видео ва ҷойҳои нигоҳдории ҳамин лаҳза мавҷудаву таъмирталаб, таъмири филмофонд (ташкилотҳои кирояи кино) муҳимтарин масъалаи Муассисаи давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" мебошад.

Ба вазифаҳои Муассисаи давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино", ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи соҳа дохил мешаванд:

назорати намоиш, киро, фурӯши ҳамаи маҳсулоти аудиовизуали, риоя ва иҷрои ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурияви ва байналмилали ва ҳуҷҷатҳои марбут ба тарбияи маънавиву фарҳангии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маблағгузории соҳаи кино яке аз масъалаҳои муҳимтарин буда, барои ҳалли он маҷмӯи тадбирҳои зеринро амали намудан зарур аст:

- таъмини сатҳи мувофиқи менеҷменти давлати ва хусуси, продюсерии фаъол, ҳамчунин ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳокимияти маркази ва маҳаллии давлати;

- муҳайё намудани шароити мусоид ба ташаббусҳои хусуси ва гурӯҳи;

- тартиб додани системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти кинематографии тоҷик ба бозорҳои кинои дохиливу хориҷи;

- қабули санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқи оид ба масъалаҳои сармоягузори ва андозбанди;

- такмили минбаъдаи ҳамкориҳои судманди мутақобилаи эҷодии кинематографистони тоҷик ва хориҷи;

- ташаккули фазои иттилоотии мусоид дар соҳа кинематография.

б) Дар бахши киностудияи "Тоҷикфилм"

Киностудияи "Тоҷикфилм" ягона корхона оид ба истеҳсоли кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо дарназардошти ҳолати воқеи, дар назди он вазифаҳои зерин истодаанд:

- инкишоф, бозсозии сохтори эҷоди;

- такмил ва навсозии базаи техники ва модди;

- истифодаи минбаъдаи таҷҳизотҳои мавҷуда ва дар рафти фаъолияти истеҳсоли тадриҷан ҷори намудани техника ва технологияи замонави ва пешрафта;

- бо сифати баланд офаридани видеофилмҳо (ҳунарии пурраметраж, силсилафилмҳо (сериалҳо), хроникавию ҳуҷҷати);

- гузаштан ба офаридани филмҳо дар лентаи кино;

- пуррасозии гурӯҳҳои эҷоди ва техники аз ҳисоби мутахассисони ҷавону боистеъдод;

- такмили тахассусҳо барои офаридани филмҳо, таълим ва тарбияи кадрҳои болаёқат дар дохили мамлакат ва хориҷи он.

Қисми муҳими рушди соҳаи кино дар Тоҷикистон ин рушди кинои иҷтимои, аз ҷумла кинои бачагона ва наврасон мебошад. Таҳқиқи омори нишон медиҳад, ки дар давоми 20 соли охир бозори филмҳои бачагона ва наврасон ба касоди рӯ оварда, ҷои онро филмҳои хориҷии инъикоскунандаи ваҳшонияту зӯровари ва порнографии ба суннатҳои халқи мо бегона гирифтанд. Қудрати интеллектуали, этники, фарҳанги ва таърихи бояд сифати маҳсулоти аудиовизуалии (кинематографии) миллиро муайян кунанд. Танҳо маҳсулоти дорои чунин сифат дар бозори ҷаҳонии кино метавонад ҳаводорону мутахассисони кинои хориҷиро ба маҳсулоти кинои тоҷик ҷалб кунад.

Филмҳои таърихи, хроникалию маърифати этники, илмию оммави маҳсулоти афзалиятноки кино ба ҳисоб мераванд.

Таҳлили ҷараёни воридшавии маҳсулоти гуногуни аудиовизуали (аз он ҷумла кино) зарурият ба вуҷуд меоварад, ки дар ҷумҳури ҳар гуна конференсия, симпозиум, кинофестивалҳо баргузор ёбанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино" Барномаи давлатии рушди кино барои солҳои 2006-2010 барои ташкил ва фаъолияти самараноки инфраструктураи кинематографисти, истеҳсоли кино, кинонамоишдиҳи, тарғиби он ва ҷалби диққати сармоягузорони ватаниву хориҷи шароити воқеиро ба вуҷуд меоранд.

III. Роҳҳои инкишоф ва рушди кинои миллӣ

- эҷоди системаи усулҳои нави танзими давлати дар соҳаи кино, ки ба мақсад, принсип ва вазифаҳои татбиқи фаъолияти соҳаи кино, ҷалби васеи бахши хусуси ҷавобгӯ бошад;

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии рушди соҳаи кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми танзими давлатии он;

- андешидани тадбирҳо оид ба таъминоти кадри, илмию методи, рекламавию иттилоотии соҳаи кино;

- рушди инфраструктураи соҳаи кино, қабули маҷмӯи тадбирҳо оид ба барқарор сохтани заминаи моддии соҳаи кино, суръат бахшидан ба сохтмони иншоотҳои нави замонави;

- пешниҳоди маҳсулоти кино ба бозори ҷаҳонии кино, хизматрасониҳои гуногуни кино;

- таъмини рушди соҳибкории хурд, ҷалби хадамотҳои шуғли аҳоли ба соҳаи кино ва васоити аудиовизуали;

- фароҳам овардани шароит барои сармоягузори ва шаклҳои дигари маблағгузори, қарздиҳи ба субъектҳои соҳа;

- ташкили шароит барои кушодани намояндагии ширкатҳои хориҷи ё худ муассисаҳои муштарак дар соҳаи кинематография ва кинонамоишдиҳи.

Ғайр аз ин татбиқи сари вақтии тадбирҳоро оид ба барқарор намудан ва рушди Муассисаи давлатии кино ва видиои "Тоҷиккино" таъмин кардан зарур аст (замимаи 1)

б) дар бахши киностудияи "Тоҷикфилм"

Киностудияи "Тоҷикфилм" чун воситаи пурқудрати идеологиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти давлати буда, зери ҳимояи Қонун қарор дорад. Аз ин рӯ маблағгузории давлати ва қарзҳои бонкии имтиёзнок барои лоиҳаҳои барномаҳои махсусан муҳим дар соҳаи кино, ки онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино" (боби 3, моддаи 7) пешбини намудааст, ба дастгирии воқеи имкон медиҳад.

Барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу эҷоди иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои эҷодии зеринро созмон додан зарур аст:

- иттиҳодияи эҷодии филмҳои ҳунари;

- иттиҳодияи эҷодии филмҳои мустанад ва киномаҷаллаи "Тоҷикистон";

- гурӯҳи эҷодии маҷаллаи ҳаҷвии ,Калтак, ва маҷаллаи ҳаҷвии бачагона;

- иттиҳодияи эҷодии филмҳои тасвири;

- иттиҳодияи эҷодии тарҷумаи филмҳо;

- иттиҳодияи эҷодии кинематографистони ҷавон "Дебют";

- иттиҳодияи эҷодии силсилафилмҳо.

Инчунин маблағгузории ҳарсолаи истеҳсоли филмҳоро сари вақт таъмин намудан зарур аст.