Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2005, № 362 "Дар бораи Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино" бо мақсади дастгирии давлатии кинои миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010 ҳаматарафа мусоидат намоянд.

3. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

якҷоя бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои амалӣ гардидани Барномаи мазкур ва фаъолияти самарабахши кинотеатрҳо дар қаламравашон чораҳои зарурӣ андешанд;

ҳангоми таҳияи нишондиҳандаҳои дурнамои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 хароҷоти Барномаи мазкурро сари вақт пешниҳод карда, тибқи он татбиқи Барномаро таъмин намояд;

дар мӯҳлати ду моҳ лоиҳаҳои "Тартиби нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо", "Низомномаи регистри давлатии кино ва тартиби гирифтани маълумот аз он", "Ҳайат ва Низомномаи Комиссия оид ба индекскунонии филмҳо"-ро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 4 октябри соли 2005 № 362

ш. Душанбе