Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои хизматрасонии қарзи давлатии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади сари вақт иҷро кардани ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кишварҳои ИДМ ва кишварҳои хориҷаи дур Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба маълумот гирифта шавад, ки:
а/ қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 1994 дар назди давлатҳои ИДМ 234 млн. доллари ШМА -ро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар назди Федерацияи Россия - 127 млн. доллари ШМА, дар назди Ҷумҳурии ӯзбекистон -89,4 млн.доллари ШМА, дар назди Ҷумҳурии Қазоқистон -17,6 млн. доллари ШМА;
б/ қарзҳои ҶДС "Сомониён", Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати савдо ва захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кредити хориҷӣ гирифтаанд, 152,5 млн. доллари ШМА ,ро ташкил медиҳанд, аз ҷумла аз Иттиҳоди Иқтисодии Европа -65 млн. доллари ШМА, Корпарацияи Тиҷоратию Кредитии ШМА -27,5 млн. доллари ШМА, Ҷумҳурии Туркия - 50 млн. доллари ШМА, Ҷумҳурии Халқии Хитой -5 млн. доллари ШМА, Ҷумҳурии Ҳиндустон -5 млн. доллари ШМА. Бо дар назардошти он ки кредитҳои зикргардидаро онҳо дар заминаи ҳамкории тиҷоратӣ гирифтаанд, тамоми масъулияти сари вақт ва пурра баргардонидани ин кредитҳо ба дӯши ҳамин вазорату ташкилотҳо мебошад.
2. Ширкати давлатии "Тоҷикнефтепродукт", концерни "Тоҷикгаз" ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор карда шаванд, ки қарзеро, ки дар натиҷаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии ӯзбекистон расондани маҳсулоти нефт, газ ва хизматрасонии алоқа ба миён омада, ба ҳисоби қарзи хориҷии давлат гузаронда он таъмин намуда, маблағи қарзро ба ҳисобномае, ки Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, гузаронанд.
3. Аз Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, то Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор кунанд, ки: фавран корхона ва ташкилоту иттиҳодияҳои ба воситаҳои ҳисобномаҳои корреспондентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонкҳои Миллии /марказии/ кишварҳои ИДМ кредити техникӣ истифода бурдаро, боиси ба миён омадани қарзи давлатӣ ба маблағи 172 млн. доллари ШМА гардидааст, муайян кунад ва бе чуну чаро маблағи мазкурро бо дарназардошти қурби доллари ШМА дар лаҳзаи ситонидан аз онҳо ситонанд.
Маблағҳои ситондашуда барои адои қарзи мазкур пурра ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд;
минбаъд маблағҳои ҳисобномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонкҳои Миллии /марказии/ кишварҳои ИДМ танҳо иҷозати Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сурати бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи дахлдор доштани гирандаи кредит дода шаванд.
4. Муқарраркарда шавад, ки Созишномаҳои кредитӣ бо давлатҳои хориҷӣ танҳо баъди экспертизаи иқтисодии самаранокии ҷалб, истифода ва баргардонидани кредидҳо гузарондани Вазорати иқтисоду ояндабинии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста /имзо/ мешаванд.
5. Муқаррар карда шавад, ки минбаъд кредитҳои хориҷие, ки корхонаҳо, ташкилоту иттиҳодияҳо, сарфи назар аз шакли моликият, мехонанд таҳти кафолати Ҳӯкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд, бояд бо Созишномаҳои дахлдор бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти Ҳукумат ваколатдорнамуда барои масъулияти хизматрасонии пурра ва баргардонидани ин кредитҳо ба расмият дароварда шаванд.
6. Вазорати иқтисоду ояндабинии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки захираҳои содиротиеро, ки барои барномаҳои мушаххас ҷудо карда мешаванд, таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, дар айни замон иҷрокунандагонро ӯҳдадор кунанд, ки пешакӣ созишномаҳое банданд, ки дар онҳо масъулияти гирандагони ин захираҳо барои истифодаи ғайримақсадноки онҳо муайн карда мешавад.
7. Назорати рафти иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Муовини аввали Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафуров Р. Ғ. гузошта шавад.
...