Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1994, № 445 "Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани барномаи фаъолияти инвеститсионии Ҷамъияти саҳомии "Маъданҳои Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи фаъолияти инвеститсионии Ҷамъияти саҳомии "Маъданҳои Тоҷикистон"

Бо мақсади амалӣ намудани инвестициякунонӣ, таҷдид ва сахтмони як қатор объектҳои саноати истихроҷи маъдан Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи фаъолияти инвестиционии Ҷамъияти саҳомии "Маъданҳои Тоҷикистон" дар соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки сахт ва инкишофи саноат маъқул дониста шавад.

Вазорати иқтисоду ояндабинии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати оид ба корҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Ҷамъияти саҳомии "Маъдонҳои Тоҷикистон" дар ҳалли тамоми масъалаҳои марбут бо амалӣ намудани барномаи мазкур мусоидат намоянд. Оид ба таҳқиқ ва таҳлили пешниҳодоти тиҷоратӣ ва инвестиционии соҳибкорони хориҷӣ, бо мақсади барои ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии "Маъданҳои Тоҷикистон" дар соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ҷалб намудани онҳо, тадбирҳо андешида шавад.

2. Ба Ҷамъияти саҳомии "Маъданҳои Тоҷикистон" иҷозат дода шавад, ки дар фаъолияти иқтисодии хориҷии марбут бе истехроҷ, коркард ва фурӯши канданиҳои фоиданок иштирок намояд.

3. Ба бонкҳои тиҷоратӣ тавсия дода шавад, ки барои амалӣ намудани Барномаи Ҷамъияти саҳомии "Маъданҳои Тоҷикистон", ки бо қарори мазкур маъқул дониста шудааст, захираҳои кредитӣ диҳанд. (Барнома ба забони русӣ оварда шудааст)

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       А.Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Р. Мирзоев

аз 2 сентябри соли 1994 № 445

ш. Душанбе