Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Точикистон
ҚАРОР
Дар бораи чораҳои роҳ надодан ба захира ва коркарди ғаллаи бо тухми гелиотроп, триходосмаи сафед ва дигар алафҳои бегонаи заҳрнок омехта барои мақсадҳои озуқа ва хӯроки чорво
Бо мақсади роҳ надодан ба кори захира ва коркарди ғаллаи бо тухми гелиотроп, триходесмаи сафед ва дигар алафҳои бегонаи захрнок омехта барои мақсадҳои озуқа ва хӯроки чорво Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вилояти Хатлон минтақаи ногувори паҳншавии растаниҳои бегонаи заҳрноки гелиотроп, триходесмаи сафед эълон карда шавад,
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳо масъулияти роҳбарони колхозҳо, хоҷагиҳои деҳқони, иҷоракорону дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро нисбати сифати зироати ғаллагии тайёршаванда, алалхусус гандум, роҳ надодан дар онҳо омехташавии тухми растаниҳои заҳрнок баланд бардоранд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, роҳбарони колхозу совхозҳо, хоҷагиҳои деҳкони иҷрокорону дигар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ:
ҷиҳати риояи технологияи истеҳсолот, ба истеъмолкунанда пешкаш намудани маҳсулоти хушсифат, баҳисобгирии майдонҳои бо алафҳои бегонаи гелиатроп, триходесмаи сафед ва дигар растаниҳои заҳрнок чораҳо андешанд, ба воқеаҳои аз зери комбайн рабудани гандум роҳ надиҳанд, тозакунии ҳатмии гандумро аз омехтаҳои зараровар гузаронда, партовҳои аз тозакунии ҳосилшударо ба роҳи сӯзондани онҳо нобуд созанд;
дар хоҷагиҳои аз ҷиҳати алафҳои бегонаи заҳрнок ногувор ба аҳоли фурӯхтану ба хориҷи ноҳия кашондани ғалларо се тафтиши он мувофиқи сифате, ки ГОСТ ,и 935-3-85 "гандум" ва дигар санадҳои меъёрии ҷумҳурӣ тақозо мекунанд, роҳ надиҳанд.
4. Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оиди таъмини аҳоли бо гандуму орди хушсифат чораҳои таъхирнопазир андешанд, масъулияти соҳибони осиёбҳои хусусиро дар қабул ва коркарди ғаллаи дорои омехтаҳои зараровар, то ҳадди қатъ намудани фаъолияти онҳо, баланд бардоранд.
5. То мақсади сари вақт маълум намудани омехтаи тухмиҳои алафҳои бегонаи заҳрноки гелиотропи ва триходесмаи сафед Инспекцияи давлатии карантини растаниҳои назди Вазирони кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, нисбати идораҳои вилоятию ноҳиявии кишоварзӣ, колхозу совхозҳо, корхонаю муассисаҳо, иҷоракорон ва шаҳрвандон талаботро аз болои иҷрои гузарондани тадқиқоти санҷишии киштзорҳои ғалладона, ҷои нигоҳдори, тоза кардан ва коркарди ғалла пурзӯр кунад ва дар ҳолати ошкор намудани тухми растаниҳои дорои алафҳои заҳрноки зикршуда чораҳои мувофиқ андешад.
6. Кумитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воҳидҳои сохтори тобеи онҳо тарғиби васеи маърифатиро дар байни аҳоли таъмин кунанд, дар маҳалҳо оиди талаботи ба сифати гандуми озуқави мавҷуда, оиди қоидаҳои таиёр намудани орд, дар бораи кори хоҷагиҳои осиёбӣ, оиди растаниҳои заҳрноки гелиотропӣи, триходесмасмаи сафед, тухми онҳо, дигар алафҳои бегонаи заҳрнок, оқибатҳои дар орд, хӯрока пайдо шудани онҳо корҳои фаҳмондиҳӣ баранд.
Муовини аввали
Раиси Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Ғафуров
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 15 августи соли 1994 № 396
ш. Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О мерах по недопущению заготовок и переработки для пищевых, кормовых целей зерна с примесью семян гелиотропа, триходесмы седой и других ядовитых сорняков
В целях недопущения заготовок и переработки для пищевых и кормовых целей зерновых культур с примесью семян гелиотропа, триходесмы седой и других ядовитых сорняков Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Объявить Хатлонскую область неблагополучной по распространенности сорных ядовитых растений гелиотропа, триходесмы седой.
2. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, исполнительному комитету Хатлонского областного, Кулябского городского и районных Советов народных депутатов повысить ответственность руководителей колхозов, совхозов, дехканских хозяйств, арендаторов, других производителей сельскохозяйственной продукции за качество заготовляемых зерновых культур, особенно пшеницы, недопущению в них вредных примесейсемян ядовитых растений.
3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, исполнительным комитетам областных, городских, районных Советов народных депутатов, руководителям колхозов, совхозов, дехканским хозяйствам, арендаторам, всем производителям сельскохозяйственной продукции:
принять меры по соблюдения технологии производства, доведению до потребителя качественной продукции, проводить учет полей на засоренность сорняками гелиотропа, триходесмы седой и других ядовитых растений, не допускать факты уноса пшеницы из под комбайна, проводить обязательную очистку пшеницы от вредных примесей, уничтожать путем сжигания отходы, получаемые от очистки зерновых;
в хозяйствах, неблагополучных по ядовитым сорнякам не допускать отпуск населению, вывоз за пределы районов зерна без его проверки на соответствие качества согласно требованиям ГОСТа 935-3-85 "Пшеница" и другим республиканским нормативным документам.
4. Исполнительным комитетам областных, городских и районных Советов народных депутатов принять неотложные меры по обеспечению населения качественной пшеницей, мукой, повысить ответственность владельцев частных мельниц за приёмку на переработку зерна, засоренного вредными примесями, вплоть до запрета их деятельности.
5. С целью своевременного выявления примеси семян сорняковых ядовитых растений гелиотропа и триходесмы седой обязать Государственную инспекцию по карантину растений при Министерстве сельского хозяйства Республики Таджикистан ужесточить требовательность за выполнением облрайуправлениями сельского хозяйства, колхозами, совхозами, предприятиями, учреждениями, арендаторами и гражданами проведения контрольных обследований посевов зерновых культур, мест хранения, очистки и переработки зерна и в случае обнаружения семян вышеназванных сорняковых ядовитых растений принимать соответствующие меры.
6. Государственному комитету Республики Таджикистан по телевидению и радиовещанию, редакциям республиканских и местных средств массовой информации, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, Министерству образования Республики Таджикистан, их подведомственным структурным подразделениям обеспечить широкую пропаганду знаний среди населения, проводить разъяснительную работу на местах о требованиях, предъявляемых к качеству пищевой пшеницы, о правилах изготовления муки, о работе мельничных хозяйств, о ядовитых растениях гелиотропа, триходесмы седой, их семенах, других ядовитых сорняках, последствиях попадания их в муку, корма.
Первый зам. Председателя
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Гафуров
Управляющий делами
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев
от 15 августа 1994 года № 396
г. Душанбе