Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи квотаҳои воридоти машрубот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998
Мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Квотаҳои воридоти машрубот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 дар ҳаҷми мувофиқи замима муқаррар карда шаванд.
2. Гурӯҳи экспертию кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот квотаҳоеро, ки дар қарори мазкур пешбинӣ шудаанд байни муассисаҳою корхонаҳои мушаххас тақсим намояд.
3. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи воситаҳои ахбори умум дар хусуси манъ шудани воридоти машрубот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияте, ки квотаҳои дахлдор надоранд иттилоот диҳад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 26 июни соли 1998 № 215
ш. Душанбе