Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил қарор мекунад:
1. Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе ба як кӯча ва як мактаби шаҳри Душанбе номи Раҳим Ҷалилро бидиҳанд.
2. Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод масъалаи ба яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд додани номи Раҳим Ҷалилро баррасӣ намояд ва якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси осорхонаи Раҳим Ҷалил дар шаҳри Хуҷанд ба Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ таклифҳо пешниҳод кунад.
3. Вазорати матбуоту ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи осори мунтахаби Раҳим Ҷалилро ба нақша гирад.
4. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба хотираи Раҳим Ҷалил силсилаи барномаҳо ташкил намоянд.
Муовини аввали
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Ғафуров
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 19 августи соли 1994 № 409
ш. Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об увековечении памяти народного писателя Таджикистана Рахима Джалила
В целях увековечения памяти народного писателя Таджикистана Рахима Джалила Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Душанбинскому горисполкому присвоить имя Рахима Джалила одной из улиц и школ города Душанбе.
2. Ленинабадскому облисполкому рассмотреть вопрос о присвоении имени Рахима Дзалила одной из школ города Худжанда и совместно с Академией наук Республики Таджикистан в двухмесячный срок представить предложение Совету Министров Республики Таджикистан о создании Домамузея Рахима Джалила в городе Худжанде.
3. Министерству печати и информации Республики Таджикистан включить в план издания избранные произведения Рахима Джалила.
4. Союзу писателей Таджикистана совместно с Государственным комитетом Республики Таджикистан по телевидению и радиовещанию организовать цикл передач, посвященных памяти Рахима Джалила.
Первый зам. Председателя
Совета Министров Республики Таджикистан Р.Гафуров
Управляющий делами
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев
от 19 августа 1994 года № 409
г. Душанбе