Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи нависандаи халқи Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ қарор мекунад:
1. Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе ба як мактаб ва як кӯчаи шаҳри Душанбе номи Ҷалол Икромиро бидиҳад ва ҳамчунин масъалаҳои насб намудани лавҳаи ёдгорӣ дар хонае, ки ӯ зиндагӣ мекард ва гузаштани тахтасанги ёдгорӣ дар бораи оромгоҳи нависанда, ободу эъмор кардани оромгоҳи ӯ ва минтақаи атрофии онро баррасӣ намояд.
2. Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон масъалаи ба яке аз мактабҳои колхози ба номи М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ додани номи Ҷалол Икромиро баррасӣ намояд.
3. Вазорати матбуоту ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи осори мунтахаби Ҷалол Икромиро ба нақша гирад.
4. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатӣ оид ба телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба хотираи Ҷалол Икромӣ силсилаи барномаҳо ташкил намоянд.
Муовини аввали
Раиси Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Ғафуров
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 19 августи соли 1994 № 410
ш. Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об увековечении памяти народного писателя Таджикистана Джалола Икрами
В целях увековечения памяти народного писателя Таджикистана Джалола Икрами Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Душанбинскому горисполкому присвоить имя Джалола Икрами одной из улиц и школ города Душанбе, а также рассмотреть вопросы установления мемориальной доска на доме, где он проживал, и сооружения памятного надгробия на месте его захоронения, благоустроив могилу писателя и прилегающую к ней территорию.
2.Хатлонскому облисполкому рассмотреть вопрос о присвоении имени Джалола Икрами одной из школ колхоза имени М. Махмадалиева Воссейского района.
3. Министерству печати и информации Республики Таджикистан включать в план издания избранные произведения Джалола Икрами.
4. Союзу писателей Таджикистана совместно с Государственным комитетом Республики Таджикистан по телевидению и радиовещанию организовать цикл передач, посвященных памяти Джалола Икрами
Первый зам. Председателя
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Гафуров
Управляющий делами
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев
от 19 августа 1994 года №410
г. Душанбе