ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДАНИ КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ХОҶАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1.
Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи расман чоп шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
Моддаи 2.
Парвандаҳое, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон расида, барраси нашуда мондаанд, мувофиқи Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси карда мешаванд.
Моддаи 3.
Эътирозҳое, ки ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи санҷиш ба тариқи назорати, қонуни ва асоснок будани ҳалномаҳои эътибори қонун пайдокарда ва баррасинашудаи судҳои иқтисоди баён карда шудаанд, бояд мувофиқи ин Кодекс барраси карда шаванд.
Аз рӯи парвандаҳое, ки то мавриди амал қарор дода шудани Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати яксолаи қаблан амалкунандаи баёни эътироз гузаштааст, эътироз дар сурате баён карда мешавад, ки ариза дар бораи баёни эътироз дар вақташ дода шуда, вале бинобар ҳолатҳое, ки онҳо аз шахси бо ариза муроҷиаткарда вобаста набуданд, эътироз баён карда нашудааст.
Моддаи 4.
Тартиби пешазсудии яктарафа кардани баҳсҳо, ки бо қонуни дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаи ИҶШС муқаррар карда шуда буд, то қабул шудани қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Моддаи 5.
То вақти дохил намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1993 № 567 ,Дар бораи меъёрҳои андози давлати, барои аризаҳои шикояти ба андозае, ки барои шикоятҳои касатсиони муқаррар карда шудааст, боҷи давлати пардохта мешавад.
Моддаи 6.
Аз рӯзи эътибор пайдо кардани Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо аз эътибор соқит дониста шаванд:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳал намудани баҳсҳои хоҷаги аз тарафи судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки 10 марти соли 1992 № 557 қабул шудааст (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 8, моддаи 121);
Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳал намудани баҳсҳои хоҷаги аз тарафи судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 10 марти соли 1992, № 558 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 № 8, моддаи 122).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
4 ноябри соли 1995 № 213