ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 244, аз 1.07.2011 № 338)
Мутобиқи моддаи 12-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пешгирии таҳдиди паҳншавии бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), силу табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгири ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Ҳайат ва Низомномаи ин Кумита тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
3. Ҳайат ва Низомномаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгири ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинси, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000 № 516 "Дар бораи Барномаи миллии пешгири ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007" тасдиқ карда шудааст, ҳайат ва Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсози оид ба пешгири, ошкор ва табобат кардани бемории сил, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 524 "Дар бораи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" тасдиқ карда шудааст, беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 октябри соли 2005 № 381
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 2011, № 338
Ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 338)
1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи миллӣ;
2. Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Кумитаи миллӣ;
Аъзои Кумитаи миллӣ:
3. Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикисгон;
5. Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
7. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Мудири Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Директори минтақавии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
12. Намоянда/Роҳбари минтақавии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
13. Директори минтақавии ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
14. Шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
15. Ташкилоти ғайридавлатии "Субҳи тандурустӣ" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
16. Ташкилоти ғайридавлатии "Некрой" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
17. Ташкилоти ғайридавлатии "Набзи солим" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
18. Ташкилоти ғайридавлатии "Волонтёр" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
19. Ташкилоти ғайридавлатии "СПИН-Плюс" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
20. Ташкилоти ғайридавлатии "Даво" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
21. Ташкилоти ғайридавлатии "Голос" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
22. Лоиҳаи ХОУП (аз рӯи натиҷаи интихобот).
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пешгирии таҳдиди паҳншавии бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), силу табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгири ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Ҳайат ва Низомномаи ин Кумита тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
3. Ҳайат ва Низомномаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгири ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинси, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000 № 516 "Дар бораи Барномаи миллии пешгири ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007" тасдиқ карда шудааст, ҳайат ва Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсози оид ба пешгири, ошкор ва табобат кардани бемории сил, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 524 "Дар бораи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003 - 2010" тасдиқ карда шудааст, беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 октябри соли 2005 № 381
ш. Душанбе
Замима
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2010 № 244
Ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 244)
1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Кумитаи миллӣ;
2. Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Кумитаи миллӣ;
Аъзои Кумитаи миллӣ:
3. Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ;
7. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Мудири Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Директори минтақавии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
12. Намоянда/Роҳбари Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
13. Директори минтақавии ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
14. Шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);
15. Ташкилоти ғайридавлатии "Субҳи тандурустӣ" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
16. Ташкилоти ғайридавлатии "Некрой" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
17. Ташкилоти ғайридавлатии "Набзи солим" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
18. Ташкилоти ғайридавлатии "Волонтер" (аз рӯи натиҷаи интихобот);
19. Ташкилоти ғайридавлатии "СПИН-Плюс" (аз рӯи натиҷаи интихобот).