ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи пешгирии паҳншавии нашъаманди ва такмили ёрии наркологи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2010
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пешгирии паҳншавии нашъаманди ва такмили ёрии наркологи, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи пешгирии паҳншавии нашъаманди ва такмили ёрии наркологи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2010 тасдиқ карда шавад.
2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва идораҳо иҷрои чорабиниҳои дар Барнома пешбинишударо таъмин намуда, ҳар нимсола натиҷаи иҷрои онро дар ҷаласаҳои ҷамъбастии дахлдор мавриди барраси қарор диҳанд ва ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрокунандагон расонидани Барномаи мазкурро таъмин намояд ва аз рафти иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намояд.
4. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ Нақшаи татбиқи "Барномаи пешгирии паҳншавии нашъаманди ва такмили ёрии наркологи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2010"-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 апрели соли 2005 № 113
ш. Душанбе