Замимаи 10
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2005 № 209
Қоидаҳои хизматрасонии маишии аҳолӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 674)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" тартиб додашуда, муносибати байни истеъмолкунандаю иҷрокунандаро дар соҳаҳои хизмати маиши танзим менамояд.
Истеъмолкунанда - шахсони воқеи ё ҳуқуқие мебошанд, ки хоҳиши дархост намудан ё талаб кардан ва истифода бурдани молҳо (кор, хизматрасони) барои эҳтиёҷоти бевоситаи шахси, оилави, манзили ва ғайраро дорад, ки ба фаъолияти соҳибкори алоқаманди надорад.
Иҷрокунанда - ташкилоти новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқи, инчунин соҳибкори инфиродие, ки ба истеъмолкунанда тибқи шартномаи пардохташаванда ва пардохтанашаванда хизмат мерасонад.
Қоидаҳои мазкур ба муносибатҳое дахл доранд, ки аз шартномаи пудрати маиши ва шартномаи хизматрасониҳои пардохташавандаи маиши бармеоянд.
II. Маълумот дар бораи хизматрасониҳо (корҳо), тартиби қабул ва бақайдгирии фармоишоти хизматрасониҳо (корҳо)
2. Иҷрокунанда вазифадор аст, ки ба маълумоти истеъмолкунанда, ном (унвон)-и фирмавии корхона, мавқеи ҷойгиршавии он, нишонаи ҳуқуқи ва тартиби кори худро расонад.
Маълумоти мазкур дар лавҳа ҷойгир карда мешавад.
Иҷрокунанда - соҳибкори инфироди вазифадор аст, ки ба истеъмолкунанда дар бораи бақайдгирии давлати бо зикри мақоми ӯ ба корхонаи бақайдгирифта маълумот пешниҳод намояд.
Дар ҳолати муваққатан қатъ гардидани фаъолияти ташкилот барои гузаронидани корҳои санитари, таъмири ва дигар чорабиниҳо иҷрокунанда вазифадор аст ба истеъмолкунанда дар бораи таърихи боздоштан ва мӯҳлате, ки дар давоми он ташкилот фаъолият намекунад, маълумот диҳад.
Агар намуди фаъолияти аз тарафи иҷрокунанда татбиқшаванда ҳатман литсензия кунонида шавад, ба истеъмолкунанда бояд рақами литсензия, мӯҳлати амали он, инчунин мақомоти лптсензиядода маълумот пешниҳод намояд.
3. Иҷрокунанда вазифадор аст, саривақт ба истеъмолкунанда дар бораи хизматрасониҳо (корҳо)-е, ки ҳатман дорои мазмуни зайл ҳастанд, маълумоти боэътимоду зарури пешниҳод кунад:
- номгӯи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда (корҳои иҷрошаванда) ва шакли пешниҳоди онҳо;
- нишон додани стандартҳое, ки бояд хизматрасониҳо (корҳо) ба талаботи ҳатмии онҳо мувофиқат кунанд;
- мӯҳлати хизматрасони (иҷрои корҳо);
- маълумот дар бораи шахси мушаххасе, ки хизмат мерасонад (корро иҷро менамояд), агар ин маълумотҳо муҳим бошанд, бо назардошти хусусияти хизматрасониҳо (корҳо);
- мӯҳлати кафолат, агар онҳо мувофиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳо муқаррар шуда бошанд, ё худ тибқи анъанаи соҳибкори пешниҳод шуда бошанд;
- нархҳои расонидани хизматҳо (иҷрои корҳо) инчунин нархи мавод, қисмҳои эҳтиёти ва фурнитураи истифодашудаи иҷрокунанда (дар намунаҳои онҳо таъиншуда) ва маълумот дар бораи тартиб ва шакли пардохт;
- маълумот дар бораи тасдиқи мутобиқати хизматрасониҳо (корҳо) бо талаботи муқарраршуда (рақами сертификати мутобиқат, мӯҳлати амали он, мақомоте, ки онро додааст ё рақами бақайдгирии эъломияи мутобиқат, мӯҳлати амали он, номи иҷрокунандаи эъломияро қабулкарда ва мақомоти ба қайдгирифтаи он).
Иҷрокунанда вазифадор аст ба истеъмолкунанда барои шиносои пешниҳод намояд:
- қоидаҳои мазкур;
- суроға ва рақами телефони муассиса оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мақоми худидораи маҳалли, агар чунии муассиса вуҷуд дошта бошад;
- нусхаи шартномаҳо (квитансияҳо, дигар ҳуҷҷатҳо) оид ба хизматрасониҳо (иҷрои корҳо);
- намунаи (модел) маснуоти истеҳсолшаванда, албомҳо ва маҷалла бо моделҳои маснуот ва ғайраҳо;
- номгӯи гурӯҳҳои истеъмолкунандагоне, ки ҳуқуқи гирифтани имтиёз доранд, инчунин номгӯи имтиёзҳое, ки дар вақти хизматрасони (иҷрои коро) мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;
- маълумот бояд дар ҷои намоён ва мувофиқ ҷойгир карда шавад. Иҷрокунанда вазифадор аст, ки ба истеъмолкунанда дар бораи ташкилоти худ ва дар бораи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда (корҳои иҷрошаванда) ба тарзи аёни ва фаҳмо саривақт маълумот пешниҳод намояд, инчунин дар ҳолатҳое, ки хизматрасони дар маҳалли доимии ташкилот сурат мегирад, яъне дар утоқҳои муваққати, нуқтаҳои қабули сайёр, бригадаҳои саиёр ва ғайра.
Маълумот бо забони давлати ва аз рӯи интихоби (хоҳиши) иҷрокунанда ба забони руси ва дигар забонҳои муоширати байналхалқи ба истеъмолкунанда расонида мешавад.
Иҷрокунанда вазифадор аст китоби арзу шикоят ва пешниҳодҳо дошта бошад, ки он бо дархости истеъмолкунанда ба ӯ пешниҳод мегардад.
4. Шартнома дар бораи хизматрасониҳо (иҷрои корҳо) ба таври хатти (квитансия, ҳуҷҷатҳои дигар) тартиб дода мешавад ва бояд маълумотҳои зеринро доро бошад:
- номи фирмави (унвон) ва мавқеи ҷойгиршави (суроғаи ҳуқуқи)-и ташкилоти иҷрокунанда (барои соҳибкори инфироди - номи хонаводаги, ному насаб, маълумот дар бораи бақайдгирии давлати);
- намуди хизматрасониҳо (корҳо);
- нархи хизматрасониҳо (корҳо);
- номи аниқ, тавсиф ва нархи маҳсулот (амвол), агар хизматрасони (кор) аз маҳсулоти иҷрокунанда, ё аз маҳсулоти истеъмолкунанда иҷро шавад;
- қайд оид ба пардохти нархи пурраи хизматрасониҳо (корҳо) аз тарафи истеъмолкунанда, ё худ пешпардохт ҳангоми бақайдгирии шартнома, агар чунин пардохт сурат гирифта бошад;
- таърихи қабул ва иҷрои фармоиш;
- мӯҳлати кафолат ба хулосаи корҳо, агар аз тарафи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома муқаррар шуда бошаид ё аз рӯи анъанаи муомилоти сохнбкори пешбини гардида бошанд;
- дигар маълумотҳои зарури, вобаста ба махсусиятҳои хизматрасониҳои пешниҳодшаванда (иҷрои корҳо);
- вазифаи шахсе, ки фармоишро қабул кардааст, имзои ӯ, инчунин имзои истеъмолкунандае, ки фармоиш додааст.
Як нусхаи шартнома аз тарафи иҷрокунанда ба истеъмолкунанда дода мешавад.
Шартнома оид ба расонидани хизмат (иҷрои корҳо), ки дар ҳузури истеъмолкунанда иҷро мешавад, инчунин тариқи пешниҳоди чеки хазинави, чипта ва ғайраҳо ба қайд гирифта мешавад.
Барои иҷрои корҳое (хизматрасони), ки дар шартнома дар назар дошта шудааст, оид ба иҷрои он сметаи қатъи ё тахмини, ё ин ки калкулятсия тартиб додан мумкин аст.
5. Маҳсулоти дар ҳуҷҷат нишондодашуда, ки баста шудани шартномаи хизматрасониҳо (иҷрои корҳо)-ро дар сурати гум шудани ин ҳуҷҷат дар асоси аризаи хаттии истеъмолкунанда бо пешниҳоди шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсияти истеъмолкунандаро тасдиқ мекунад дода мешавад.
III. Тартиби пардохти хизматрасониҳо (корҳо)
6. Истеъмолкунанда вазифадор аст дар мӯҳлати муайяншуда ва дар асоси тартиби дар шартнома нишон додашуда хизматрасониҳои аз тарафи иҷрокунанда пешниҳодшударо пардохт намояд.
Истеъмолкунанда вазифадор аст, ки баъди пурра ба итмом расонидани корҳо аз тарафи иҷрокунанда ҳаққи корро пардохт намояд.
Бо розигии истеъмолкунанда кор мумкин аст дар вақти бастани шартнома пурра ё бо тариқи пешпардохт пардохта шавад.
Нархи хизматрасониҳо (корҳо) дар шартнома бо воситаи созишномаи дутарафа муайян карда мешавад. Дар баробари ни нархи хизматрасониҳо (корҳо) назар ба нархҳои аз ҷониби мақомоти дахлдори давлати муқарраргардида ё танзимшаванда набояд баланд бошад. Иҷрокунанда ҳуқуқ надорад, ки бе розигии истеъмолкунанда хизматрасониҳо (корҳо)-и иловагиро иҷро намояд. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ки аз пардохти ҳаққи ин гуна корҳо (хизматрасониҳо) даст кашад, вале агар онҳо пардохт шуда бошанд, аз иҷрокунанда баргардонидани маблағҳои пардохташударо талаб намояд.
7. Маводи (ашё) иҷрокунанда ҳангоми бастани шартнома аз ҷониби истеъмолкунанда пурра ё қисман пардохта мешавад, чи хеле, ки дар шартнома нишон дода шудааст, ҳисобу китоби ниҳои ҳангоми аз тарафи истеъмолкунанда гирифтани корҳои иҷрошуда пардохта мешавад.
Мувофиқи шартнома мавод (ашё) аз тарафи иҷрокунанда ба тариқи қарз низ метавонад пешниҳод шавад, аз ҷумла ба шарти дар мӯҳлатҳои ҷудогона пардохтани ҳаққи маҳсулот аз ҷониби истеъмолкунанда.
71. Маблағи хизматрасониҳо (корҳо)-и тибқи Қоидаҳои мазкур пешниҳодшаванда тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (№ 674).
IV. Тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо (иҷрои корҳо)
8. Иҷрокунанда вазифадор аст, хизматро (иҷрои корро) босифат ба иҷро расонад, ки он ба шартнома мутобиқ бошад. Ҳангоми набудани шартҳо оид ба сифатнокии хизматрасониҳо (корҳо) дар шартнома иҷрокунанда вазифадор аст, ки хизматро (иҷрои корро) ҳамон тавр анҷом диҳад, ки онҳо барои мақсадҳои одатан барои чунин хизматҳо (корҳо) истифодашаванда мувофиқ бошанд.
Агар иҷрокунанда дар вақти бастани шартнома аз ҷониби истеъмолкунанда аз мақсади мушаххаси хизматрасони (иҷрои кор) огоҳ шуда бошад, пас иҷрокунанда вазифадор аст, ки хизматрасониро (иҷрои кор) ҳамон тавре анҷом диҳад, ки он ба мақсади гузошташуда мувофиқ бошад.
Агар бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси қонун ба сифати хизматрасони (корҳо) қабул шуда ва талаботҳои ҳатми пешбини шуда бошанд, иҷрокунанда вазифадор аст, ки хизматро (иҷрои кор) мувофиқи ин талаботҳо анҷом диҳад.
9. Иҷрокунанда вазифадор аст хизматрасониро (иҷроиши кор) дар мӯҳлати муайяншуда, ки дар шартнома нишондода шудааст иҷро намояд.
Дар шартнома оид ба таърихи воқеии расонидани хизматҳо (иҷрои корҳо) қайд карда мешавад.
Дар вақти расонидани хизмат (иҷрои кор) дар манзили истеъмолкунанда ё дар ҷое, ки истеъмолкунанда нишон додааст, иҷрокунанда ҳозир шудани коргарони худро дар вақти бо истеъмолкунанда мувофиқашуда таъмин менамояд, истеъмолкунанда бошад вазифадор аст, ки барои расонидани хизматҳо (иҷрои корҳо) шароити мусоид муҳайё намояд.
10. Иҷрокунанда вазифадор аст барои иҷрои фармоиш маҳсулотеро истифода барад, мутобиқате, ки он ба талаботи муқарраршуда бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шуда бошад (сертификат, эъломияи мутобиқат), агар ин мутобиқати вай мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бояд ҳатман тасдиқ карда шавад.
11. Иҷрокунанда ҳангоми ошкор сохтани камбудиҳо вазифадор аст зуд истеъмолкунандаро огоҳ намояд ва то аз ӯ гирифтани супоришҳо иҷрои кор (расонидани хизмат)-ро қатъ намояд:
- корношоям ё бесифат будани маҳсулот, таҷҳизот, ҳуҷҷатҳои техники аз тарафи истеъмолкунанда додашуда ё чизу чораи барои коркард (аз нав кор карда барои) додашуда;
- оқибатҳои барои истеъмолкунанда ногувори иҷрои супоришҳои вай оид ба тарзи иҷрои корҳо (расонидани хизматҳо);
- ҳолатҳои дигари аз иҷрокунанда вобаста набуда, ки онҳо ба дурустию мустаҳкамии натиҷаи корҳои иҷрошаванда таҳдид мекунанд ё худ имкон намедиҳанд, ки онҳо дар мӯҳлаташон анҷом дода шаванд.
Иҷрокунандае, ки истеъмолкунандаро дар бораи ҳолатҳои мазкур огоҳ накардааст, ё ба мӯҳлати дар шартнома ҳангоми дар шартнома набудани мӯҳлат ба муддати мувофиқ барои ҷавоб ба огоҳиаш нигоҳ накарда иҷрои корро (хизматрасониро) идома додааст, ё худ сарфи назар аз супориши саривақтии истеъмолкунанда дар бораи қатъи корҳо (хизматрасониҳо) ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод шудани талаботи дахлдор ба вай онҳо ҳуқуқ надоранд, ки ба ҳолатҳои мазкур такя кунанд.
Агар истеъмолкунанда новобаста аз огоҳии саривақти ва асосноки иҷрокунанда маҳсулот, таҷҳизот, ҳуҷҷатҳои техникии корношоям ё бадсифат ё ашёҳои иҷрокунанда додашударо дар мӯҳлати мувофиқ иваз накунад, супоришҳои дар бораи тарзи иҷрои корҳоро (расонидани хизматҳо) тағйир надиҳад ё худ барои бартараф кардани ҳолатҳои ба коршоями таҳдидкунанда дигар тадбирҳои зарури наандешад, иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаро оид ба иҷрои корҳо (расонидани хизматҳо) қатъ гардонад ва ҷуброни зарари ба ӯ расидаро талаб кунад.
12. Агар кор пурра ё қисман аз маводи (ашё) истеъмолкунанда иҷро карда шавад, иҷрокунанда барои беосеб нигоҳдории ин маводҳо (ашёҳо) ва истифодаи дурусти онҳо ҷавобгар аст.
Баъди ба итмом расонидани кор иҷрокунанда вазифадор аст, ки ба истеъмолкунанда дар бораи сарфи маҳсулотҳо ҳисобот дода, боқимондаи онҳоро баргардонад ё худ бо розигии истеъмолкунанда арзиши корро бо назардошти маводи истифоданамудаи дар назди иҷрокунанда боқимонда кам кунад.
Дар ҳолати пурра ё қисман нобуд (осеб дидан) шудани маводи (ашё) аз истеъмолкунанда қабулкарда иҷрокунанда вазифадор аст, ки дар мӯҳлати се рӯз онро бо мавод (ашё)-и монанди сифатан мувофиқ иваз намояд ва бо хоҳиши истеъмолкунанда маснуотро аз мавод (ашё)-и монанд дар мӯҳлати мувофиқ тайёр кунад, дар сурати мавҷуд набудани мавод (ашё)-и монанди сифатан мувофиқ бошад, ба истеъмолкунанда нархи дукаратаи мавод (ашё)-и нобудшуда (осебдида), инчунин хароҷоти истеъмолкунандаро ҷуброн кунад.
Агар истеъмолкунанда аз ҷониби иҷрокунанда оид ба хусусиятҳои махсуси мавод (ашё)-е, ки метавонанд боиси пурра ё қисман нобуд шудан (осеб дидан) гардад, огоҳ шуда бошад, пас иҷрокунанда аз масъулияти пурра ё қисман нобуд шудан (осеб дидан)-и мавод (ашё)-и аз истеъмолкунанда қабулгардида озод мешавад.
Надонистани хусусиятҳои махсуси мавод (ашё) иҷрокунандаро аз ҷавобгари озод намекунад.
13. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар ҳар вақт то ба вай супоридани кор аз иҷрои шартнома дар бораи иҷрои корҳо бо пардохти қисми нархи муқарраршуда баробари қисми корҳои иҷрошуда ба иҷрокунанда то расидани огоҳи оид ба рад намудани иҷрои шартнома даст кашад.
Истеъмолкунанда инчунин вазифадор аст, ки ба иҷрокунанда хароҷоти то ин лаҳза бо мақсади иҷрои шартнома кардаашро ҷуброн намояд, агар онҳо ба қисми мазкури нархи кори иҷрошуда дохил нашаванд.
Истеъмолкунанда ҳақ дорад, ки ба шарти ба иҷрокунанда пардохтани хароҷоти воқеан кардааш аз иҷрои шартнома оид ба хизматрасони даст кашад.
14. Истеъмолкунанда вазифадор аст, ки дар мӯҳлату тартиби дар шартнома пешбинишуда бо иштироки иҷрокунанда корҳои иҷрошударо (натиҷаи онро) аз назар гузаронад ва қабул кунад. Дар сурати ошкор гардидани аз доираи шартҳои шартнома берун баромадан, ки натиҷаи корро бад мекунад ё дигар камбудиҳоро маълум мекунад, истеъмолкунанда бояд дар ин бора ҳатман ба иҷрокунанда арз кунад.
Камбудиҳои мазкур бояд дар санад (акт) ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунанда қабул ва қайд карда шаванд.
Истеъмолкунанда баъди қабул кардани кор дар он вайрон карда шудани шартнома ё дигар камбудиҳоеро ошкор созад, ки онҳо ҳангоми усули оддии қабул (пинҳон кардани камбудиҳо) муқаррар шуда наметавонистанд, аз ҷумла чунин камбудиҳое, ки аз ҷониби иҷрокунанда дидаю дониста пинҳон карда шудаанд, ҳангоми ошкор шудани онҳо вазифадор аст, дар ин бора иҷрокунандаро дар мӯҳлати мувофиқ огоҳ созад.
15. Дар сурати ҳозир нашудани истеъмолкунанда барои гирифтани натиҷаи корҳои иҷрошуда ё саркашиҳои дигари истеъмолкунанда аз қабули он иҷрокунанда ҳуқуқ дорад, ки истеъмолкунандаро ба таври хатти огоҳ карда, баъди гузаштани ду моҳ аз рӯзи чунин огоҳи натиҷаи корро бо нархи мувофиқ фурӯшад, маблағи бадастомадаро бошад, ба ҳисоби ҳамаи пардохтҳои ба иҷрокунанда дахлдошта мувофиқи тартиби дар моддаи 352 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба депозит дохил намояд.
V. Махсусиятҳои пешниҳоди намудҳои ҷудогонаи хизматрасониҳо (иҷрои корҳо)
16. Дӯхтани пойафзол аз рӯи эскизҳои истеъмолкунанда, моделҳо аз албомҳо, маҷаллаҳо ва намунаҳо сурат мегирад. Аз рӯи хоҳиши истеъмолкунанда ба иваз намудани намуд, пошна, фурнитура, омезиши рангҳо ва маводҳо иҷозат дода мешавад, дар ин бора бояд ҳатман дар шартнома (квитансия, ҳуҷҷати дигар) қайди дахлдор карда шавад.
Интихоби мавод ҳангоми дӯхтани пойафзол аз маводи истеъмолкунанда аз ҷониби истеъмолкунанда аз рӯи намунаҳои дар назди иҷрокунанда мавҷудбуда сурат мегирад.
17. Таъмир ва дӯхтани маснуотҳои дӯзандаги, пашмин ва чармин, каллапӯшҳо ва маснуоти галантереяи нассоҷи, таъмир, дӯхт ва бофтани маснуоти нассоҷи аз рӯи маҷаллаҳои мӯд ё намунаҳо, инчунин аз рӯи нақшаҳои (эскизҳо) истеъмолкунандагон анҷом дода мешавад. Бо хоҳиши истеъмолкунандагон метавон аз маҷаллаҳои мӯд, намунаҳо ва технологияи омодасози инҳироф сурат гирад, агар он ба ҳаёт ва саломатии истеъмолкунанда зарар ворид насозад.
Ҳангоми ба расмият даровардани шартнома дар бораи иҷрои корҳо оид ба таъмиру дӯхтани маснуот аз пашми табий маводи истеъмолкунанда, инчунин аз маводи иҷрокунанда маснуоти нимтайёри пашмин ва порчаҳои пӯст бояд дар иштироки ҳарду тараф нишонагузори шаванд.
18. Ҳангоми қабули маснуот дар хушкашӯи дар шартнома (квитансия, ҳуҷҷати дигар) номгӯи маснуот, ранги он, таркиби ашёи, комилии он, фурнитура (масолеҳ), нуқсонҳои мавҷуда, доғҳои ҳангоми хушкашӯи тозанашаванда, музди иловагии хизматҳои бо мувофиқати истеъмолкунанда расонидашаванда (ампретирсози, дезодоратсия, коркарди зиддистати ва ғайра) зикр мегарданд.
Иҷрокунанда навъи коркардро мутобиқи рамзҳои мувозибати дар тасмачаи (лентаи) нишонагузории маснуот зикргардида ва дар сурати вуҷуд надоштани он бо ризоияти истеъмолкунанда муайян мекунад.
Дар сурати зарурат иҷрокунанда вазифадор аст масолеҳ (фурнитура)-ро, ки метавонад ҳангоми хушкашӯи осеб бинад канда гирифта, ба маснуот ҷузъҳои ивазшаванда дӯзад.
Ҳангоми қабули маснуот аз хушкашӯи истеъмолкунанда вазифадор аст, ки ҳифзи шаклу намуди пешина, пурраги, андоза, ранг, нақшу нигор ва намуди зоҳирии онро тафтиш намояд.
19. Ҳангоми додани дастгоҳи радиоэлектронии маиши, мошину асбобҳои рӯзгори таъмиршуда, иҷрокунанда вазифадор аст, ки онҳоро тафтиш кунад ва корашонро намоиш диҳад.
Ба кор даровардан, хомӯш кардан ё иваз кардани канали дастгоҳи радиоэлектронии маиши, мошин ва асбобҳои рӯзгор бояд бо осони, муназзам, бе таваққуф ва ҳаракати такрори сурат гирад.
Асбобҳое, ки аз шабакаи барқи қувва мегиранд бояд аз рӯи андозаи муқовимати изолятсияи электронии барояшон зарури тафтиш карда шаванд.
20. Ҳангоми ба расмият даровардани шартнома дар бораи иҷрои корҳо оид ба таъмир ва тайёр кардани мебел истеъмолкунанда, ҳақ дорад нақшаи (эскизи) маснуоти худро пешниҳод кунад, инчунин аз намунаҳои таҳиянамудаи иҷрокунанда истифода барад.
Ҳангоми қабули кор оид ба таъмир ва тайёр кардани мебел истеъмолкунанда вазифадор аст мутобиқати конструкция, андоза, намуди зоҳири, рӯйкаш ва коркарди маснуотро аз рӯи нақша (эскиз, намуна), ки ҳангоми ба расмият даровардани шартнома мувофиқат шудааст тафтиш намояд.
21. Ҳангоми хизматрасони дар сартарошхона, шахси хизматрасонанда вазифадор аст, ки пеш аз кор бо ҳар як истеъмолкунандаи нав дасташро бо собун шӯяд.
Хизматрасони бояд бо асбобҳои дезинфексияшуда сурат гирад.
Барои хизматрасони ба ҳар як мизоҷ бояд рӯйпуш ва сачоқи тоза истифода шавад.
Ҳангоми истифодаи маводи кимёи (химияви) ва рангубори мӯй, шахси хизматрасонанда бояд дар мавриди таъсири биологии мавод оид ба ҳассосияти истеъмолкунанда санҷиш гузаронад.
22. Дар шартнома (квитансня, ҳуҷҷати дигар) оид ба иҷрои корҳои таъмир ва тайёркунии маснуоти металҳои қимматбаҳо ва сангҳои нодир рӯйхати корҳо (бо замимаи нақша ва имзои истеъмолкунанда), инчунин сангҳои қимматбаҳо бо зикри шакл, андоза, вазн, ранг, нуқсонҳояшон тартиб дода мешавад.
Дар сурати қабули маснуоти заргари барои таъмир ё тайер карданашон аз металҳои қимматбаҳои ба истеъмолкунанда тааллуқдошта, иҷрокунанда бояд санҷишҳои муайянсозии сифату маҳакашонро ба воситаи сангҳои санҷиши ва ёрдами реактивҳои аз ҷониби бозрасии давлати тайершуда анҷом гиранд.
Дар маснуоти заргарии аз металҳои қимматбаҳо тайершуда, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи маҳак (проба) гузошта шавад, яъне аз ҷониби Нозироти давлати (Госпробнадзор) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида аз рӯи намунаи тамғаи нозироти тамғагузори сурат гирад.
Ҳангоми тайёр кардани маснуоти заргари аз металҳои қимматбаҳо иҷрокунанда вазифадор аст, ки намунаи нақшҳоеро, ки дар маснуоти тайёргардида гузошта мешаванд, дошта бошанд.
VI. Масъулияти иҷрокунанда
23. Барои иҷро накардан ё ба таври зарури иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо аз рӯи шартнома дар мавриди хизматрасони (иҷрои корҳо) иҷрокунанда мутобиқи муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартнома ҷавобгар аст.
24. Дар сурати ошкор сохтани камбудиҳои хизмати расонидашуда (корҳои иҷрогардида) истеъмолкунанда ҳақ дорад аз рӯи интихоби худ чунин талаботро ба миён гузорад;
- ба таври ройгон бартараф намудани камбудиҳои хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида);
- ба таври мувофиқ кам кардани нархи хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида);
- ба таври ройгои тайёр кардани чизи дигари аз метали якхелаи дорои чунин сифат ё иҷрои дубораи кор. Дар ин ҳолат истеъмолкунанда вазифадор аст, ки ашёи қаблан додаи иҷрокунандаро баргардонад;
- ҷубронн хароҷотҳои он дар мавриди бартараф кардани камбудиҳои хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида) бо қувваи худ ё ба воситаи шахси сеюм.
Истеъмолкунанда ҳақ дорад шартномаи хизматрасони (иҷрои кор)-ро бекор кунад ва ҷуброни пурраи зарарро талаб намояд, ба шарте, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома камбудиҳои хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида) аз тарафи иҷрокунанда бартараф карда шавад. Истеъмолкунанда инчунин ҳақ дорад шартномаи хизматрасони (иҷрои кор)-ро бекор созад, агар вай камбудиҳои назарраси хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида) ё дигар инҳирофҳои назаррасро дар шартнома ошкор созад.
Истеъмолкунанда инчунин, ҳақ дорад ҷуброни пурраи зарари ба вай бинобар камбудиҳои хизматрасони (иҷрои кор) воридшударо талаб намояд. Зарар дар мӯҳлати муқарраргардида ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи дахлдори истеъмолкунанда ҷуброн карда мешавад.
25. Талаботҳо нисбати камбудиҳои хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида) метавонанд ё дар ҷараёни хизматрасони ё ҳангоми қабули хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида), ё ин ки агар ҳангоми қабули хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида) камбудиҳо ошкор нагарданд дар давоми мӯҳлатҳое, ки бо банди мазкур муқаррар гардидаанд, ба миён гузошта шавад.
Истеъмолкунанда ҳақ дорад талаботеро, ки ба камбудиҳои хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида) вобастаанд, дар мӯҳлати кафолатнок, агар чунин мӯҳлат вуҷуд надошта бошад, дар мӯҳлати қобили қабул, дар ҳудуди ду сол аз рӯзи қабули хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида) ё панҷ сол, агар камбудиҳо дар сохтмон ва ашёи дигари ғайриманқул ошкор шуда бошанд ба миён гузорад.
Иҷрокунанда барои камбудиҳои хизматрасони (корҳо), ки барояшон мӯҳлати кафолатнок таъин нашудааст ҷавобгар аст, агар истеъмолкунанда исбот кунад, ки онҳо то қабули он ба вуҷуд омадаанд ё бо сабабҳое, ки то ин лаҳза рӯй додаанд.
Нисбати хизматрасони (корҳо), ки ба онҳо мӯҳлати кафолатнок таъин шудааст, иҷрокунанда барои камбудиҳояш ҷавоб медиҳад, агар исбот карда натавонад, ки онҳо пас аз қабули хизматрасониҳо (корҳо) аз ҷониби истеъмолкунанда бинобар вайрон кардани қоидаҳои истифодаи хизматрасони (корҳо), амали шахси сеюм ва ё ҳолатҳои бартарафнашаванда ба вуҷуд омадаанд.
Дар ҳолате, ки мӯҳлати кафолатноки пешбининамудаи шартнома камтар аз ду солро ташкил диҳад (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) ва камбудиҳои хизматрасони (корҳо) аз ҷониби истеъмолкунанда пас аз хатми мӯҳлати кафолатнок вале дар ҳудуди ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) ошкор гардида бошад, истеъмолкунанда ҳақ дорад дархостеро, ки бо банди 24 Қоидаи мазкур пешбини шудааст талаб намояд, дар сурате исбот карда тавонад, ки чунин камбудиҳо то қабули натиҷаҳои хизматрасони (корҳо) аз ҷониби вай ва ё бо сабабҳои то ин лаҳза бавуҷудомада ба амал омадаанд.
26. Агар иҷрокунанда мӯҳлати оғоз, хатм ва мӯҳлати миёнаи хизматрасони (иҷрои кор)-ро вайрон кунад ё ҳангоми хизматрасони (иҷрои кор) шоҳиди он бошад, ки он хизмат дар мӯҳлаташ расонида (иҷро карда) намешавад истеъмолкунанда аз рӯи интихоби ҳақ дорад:
- ба иҷрокунанда мӯҳлати нав таъин кунад;
- расонидани хизмат (иҷрои кор) - ро ба шахси сеюм бо нархи қобили қабул супорад ё онро бо қувваи худ иҷро карда, аз иҷрокунанда ҷуброни хароҷоти ба амаломадаро талаб намояд;
- кам кардани нархи хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида)-ро талаб кунад;
- шартномаи хизматрасони (иҷрои кор)-ро бекор кунад.
Истеъмолкунанда ҳақ дорад ҷуброни пурраи зарареро талаб кунад, ки ба вай бинобар риоя накардани мӯҳлати хизматрасони (иҷрои кор) расонида шудааст.
Дар асоси банди мазкур аз ҷониби истеъмолкунанда таъин гардидани мӯҳлатҳои нав иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар як рӯзи (соати, агар мӯҳлат бо соат муайян шуда бошад) таъхир ҳаққи ноустувори (пеня)-ро дар ҳаҷми се фоизи нархи хизматрасони (иҷрои кор) мепардозад, агар нархи расонидани хизмат (иҷрои кор) аз рӯи шартномаи хизматрасони (иҷрои кор) муайян нашуда бошад аз нархи умумии фармоиш пардохта мешавад. Мувофиқи шартномаи хизматрасони (иҷрои кор) байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда метавонад андозаҳои баландтари ҳаққи ноустувори (пеня) муқаррар гардад.
Ҳаққи ноустувори (пеня) барои вайрон кардани оғози хизматрасони (иҷрои кор) ва ё иҷрои марҳила барои ҳар як рӯзи (соати, агар мӯҳлат бо соат муайян шуда бошад) таъхир пешаки то ҳатми хизматрасони (иҷрои кор) ва ё иҷрои марҳилаи он ё талаботи пешниҳоднамудаи истеъмолкунанда, ки банди мазкур пешбини намудааст, рӯёнида мешавад.
Ҳаққи ноустувори (пеня) барои вайрон кардани мӯҳлати хатми хизматрасони (иҷрои кор) ва ё иҷрои марҳилаи он барои ҳар як рӯзи (соати, агар мӯҳлат бо соат муайян шуда бошад) таъхир пешаки то хатми хизматрасони (иҷрои кор) ва ё иҷрои марҳилаи он ё талаботи пешниҳод намудаи истеъмолкунанда, ки аз тарафи банди мазкур пешбни шудааст, рӯёнида мешавад.
Андозаи ҳаққи (музди) ноустувори (пеня)-и рӯёнидашуда наметавонад аз нархи намуди алоҳидаи хизматрасони (кор) ё нархи умумии фармоиш бештар бошад, агар нархи иҷрои намудҳои алоҳидаи хизматрасони (корҳо) мувофиқи шартномаи хизматрасони (иҷрои кор) муайян нашуда бошад.
Андозаи ҳаққи ноустувори (пеня) бо назардошти нархи хизматрасони (иҷрои кор), агар ин нарх нишон дода нашуда бошад бо назардошти нархи умумии фармоиш дар ҳамон ҷое (маҳалле) ҳисоб карда мешавад, ки бояд талаботи истеъмолкунанда аз ҷониби иҷрокунанда дар рӯзи қонеъсозии ихтиёрии он ё рӯзи таъминнамудаи қарори суд қонеъ гардад дар сурате, ки талаботи истеъмолкунанда ихтиёри қонеъ нагардида бошад.
Дар сурати беэътибор донистани шартномаи хизматрасони (иҷрои кор) иҷрокунанда ҳақ надорад, ҷуброни хароҷотҳояшро, ки дар ҷараёни хизматрасони (иҷрои корҳо) сарф намудааст, инчунин ҳаққи хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида)-ро талаб намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истеъмолкунанда хизмати расонидашуда (кори иҷрогардида)-ро қабул карда бошад.
Дархостҳои истеъмолкунанда, ки бо банди мазкур муқаррар гардидаанд дар сурате қонеъ карда намешаванд, ки мӯҳлатҳои хизматрасони (иҷрои кор) бинобар ҳолатҳои бартарафнашаванда ё бо айби истеъмолкунанда риоя нашуда бошад.
27. Иҷрокунандае, ки барои хизматрасони (иҷрои кор) мавод пешниҳод мекунад, барои сифати он мувофиқи қоидаҳои масъулияти фурӯшанда барои молҳои бадсифат мутобиқи қонунгузории шаҳрванди ҷавоб медиҳад.
28. Тартиб ва мӯҳлатҳои аз ҷониби иҷрокунанда қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда, инчунин масъулияти риоя нагардидани ин мӯҳлатҳо аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.